Ба рӯз шуда:  Шанбе, 04 Декабр соли 2010 - 09:18

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 3-уми декабр

Дуууууууууруууууууууууд ба ҳамагон. Заринаам ва барномаву сафҳаи тафреҳии
ин ҳафтаро бароятон омода кардаам!

Матолиби ин ҳафтаи барнома.

Наққошӣ дар робита ба СПИД

Рӯзи байналмилалии мубориза бо вируси Эйч-ой-вӣ (ВИЧ) ва бемории ЭЙДЗ ё СПИД. Ақидаи ҷавонони вилояти Хатлон дар бораи СПИД ва огоҳии ононро дар бораи ин бемориу вирус мефаҳмем.

Нозия Кароматуллоҳ

Консерти нахустини хусусии Нозияи Кароматуллоҳ. Аз ин консерт аксҳои хубе ҳам дорем.

Алиназар Мавлоназаров

Мушкилоти наққошон дар Тоҷикистон, мусоҳиба бо як наққош аз шаҳри Қӯрғонтеппа.

Ортиқ ва Зарина

Нозия барномаи консертии худро дар рӯзи мавлуди падараш, Кароматуллоҳи Қурбон овозхони фақид ва мумтози тоҷик, баргузор кард. Аммо мо ба муносибати ин рӯз бо Ортиқи Қодир, ҳунарманди тоҷик, ки аз афроди наздик ба Кароматуллоҳ будааст, сӯҳбате анҷом додем.

Аз СПИД бояд бештар огоҳ бошӣ !

Дар маросиме, ки рӯзи чаҳоршанбе ба муносибати рӯзи байналмилалии мубориза бо вируси Эйч-ой-вӣ (ВИЧ) ва бемории ЭЙДЗ (СПИД) дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир шуд, эълом шуд, ки шумори мубталоён ба вируси камбуди масунияти бадан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 нафар бештар шудааст.

Ҷавонон дар Қурғонтеппа

Ҳамкорам Орзуи Карим дар ин ҳамоиш ҳузур дошт ва матлаберо таҳия кард, ки фишурдааш дар ин ҷо дарҷ шуда. Масъулони ин ҳамоиш дар Қӯрғонтеппа ҳушдор доданд, ки теъдоди гирифторон ба ин бемори рӯ ба афзоиш аст.

Даврон Қунғуротов

Даврон Қунғуротов, раиси маркази мубориза бо вируси Эйч-ой-вӣ ва бемории ЭЙДЗ гуфт, теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар вилояти Хатлон 519 нафар буда ва дар миёни ин афрод занону кӯдакон низ ҳастанд.

Орзу бо чанд ҷавони сокини ин вилоят дар бораи огоҳии онҳо дар бораи Эйч-ой-вӣ ва ЭЙДЗ иттилоъ суҳбат кард.

Ҷавонони қурғанӣ

Суҳроби Рустам, яке аз ин ҷавонон гуфт, ӯ дар бораи ин беморӣ то андозае иттилоъ дошта, вале вай бо изҳори таъассуф гуфт, ки дар Тоҷикистон бисёре аз ҷавонон дар ин бора маълумоти кофӣ надоранд.

Ҷавонони қурғанӣ

Аммо Ҷомӣ, як ҷавони дигар мегӯяд, аз хатароти ношӣ аз бемории ЭЙДЗ ба хубӣ огоҳ буда ва медонад кадом тадобирҳоро бояд барои ҷилавгирӣ аз ибтило ба ин беморӣ ва вируси Эйч Ой Вӣ анҷом диҳад.

Вазъи Алишер, як донишҷӯёи ҳамсӯҳбати Орзу хеле бад аст...Вай мегӯяд, ки дар бораи ин беморӣ чизе намедонад !

Падари бузургворам ва ҳунари волои вай ҳамеша роҳнамоӣ ман хоҳад буд.

Ҳафтае ки гузашт дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе, аз бузургтарин толорҳои намоиши кунсерт, нахустин барномаи консертии Нозияи Кароматуллоҳ, духтари Кароматуллоҳи Қурбон овозхони фақид доир шуд. Нозияҷон мегӯяд: “Барномаи ман ба ёдбуди падари бузургворам бахшида шудааст.”

Нозияи Кароматуллоҳ

Ман ҳам дар ин консерт ҳузур доштам ва барои Шумо, дустдорони азизи сафҳаи тафреҳии тоҷикии Би-би-сӣ аз ҳолу фазои он хоҳам гуфт.

Нозияи Кароматуллоҳ

Нозия нахуст бо пироҳани сафед, рӯйи саҳна омад ва Нозия, ки ин консерти худро дар рӯзи таваллуди падараш ва барои ёдбуди вай иҷро кард яке аз таронаҳояшро ба ёди падараш бахшид.

Нозияи Кароматуллоҳ

Нозияи Кароматуллоҳ, ки тайи ду соли ахир дар яке аз мактабҳои ҳунарии Ҳинд омӯзиши рақс ва овозхониро дидааст, бахше аз барномаи ҳунарии худро ба иҷрои таронаҳо ва рақси ҳиндӣ бахшид ва ҳамчунин меҳмонони ҳиндиро, ки дар толор нишаста буданд ба забони ҳиндӣ дуруд гуфт.

Нозияи Кароматуллоҳ

Дар ин барнома Муҳаммадрофеъи Кароматуллоҳ, бародари ӯ, низ таронае иҷро кард ва дар суҳбат бо ман изҳор кард, ки барои кумак ба Нозия омадааст.

Нозия ва Муҳаммадрофеъ

Муҳаммадрофеъ пушти саҳна қарор дошт ва ҳар бор, ки Нозия таронаеро иҷро карда ва ба пушти саҳна мерафт, бародараш ба ӯ машварате медод ва ташвиқаш мекард.

Нозия, Муҳаммадрофеъ ва Садриддин

Таронаи охирини барномаи консертиро Нозия ҳамроҳ бо Муҳаммадрофеъ ва Садриддини Наҷмиддин, яке аз пайравони сабки овозхонии Кароматуллоҳи Қурбон иҷро кард.

Клик Олбуми аксҳо аз консерт ин ҷост

Кароматуллоҳ хеле хоксору ҳалим буд!

Аммо 29-уми моҳи ноябр дӯстони Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони фақид аз 49-умин солгарди рӯзи мавлуди ин ҳунарманди боистеъдод таҷлил карданд.

Кроматуллоҳи Қурбон

Ортиқи Қодир, ҳунарманди теотр ва синамо аз ҷумлаи яке аз дӯстони Кароматуллоҳ буд, ки дар маҳофили зиёде бо Кароматуллоҳ бо ҳам будаанд. Ва Ортиқҷон ин ҳафта меҳмони барномаи мо буд.

Вай мегӯяд, ки бо Кароматуллоҳ аз замоне, ки вай ҳанӯз донишҷӯй буд ошноӣ дошт. Он замон Кароматуллоҳ ҷадидан ба гурӯҳи “Суғдиён” яке аз гурӯҳҳои машҳури вақт дар миёни ҷавонон, пайваста буд.

Ортиқи Қодир

Оқои Қодир аз Кароматуллоҳ ба унони як фарди хоксору ҳалим ёд мекунад. Вай мегӯяд: “Кароматуллоҳ бо вуҷуди он ки дар миёни мардум шӯҳратёр буд, вале худаш ба ҳангоме, ки касе аз вай таъриф мекард хиҷолат мекашид.”

Вай афзуд: “Вале ҳоло бархе аз ҳунармандон як таронаяке иҷро мекунанду ситораро аз осмон мекананд.”

Кароматуллоҳи Қурбон, падари Нозия ва овозхони маъруфи даҳаи 1980, ки сабки овозхониаш бештар аз омезаи мусиқии ҳиндӣ ва тоҷикӣ иборат буд, 18 октябри соли 1992 ба ҳангоми яке аз сафарҳои ҳунариаш ба ноҳияи
Ёвон, дар ҷануби Тоҷикистон, ба таври фаҷеъ аз сӯйи афроди мусаллаҳ кушта шуд.

Ҳунари наққошӣ ва имкони дарёфти суд ин наққошӣ

Ҳамкорам Орзу дар бораи тавсеъаи ҳунари наққошӣ дар вилояти Хатлон бароямон гуфт.

Ҳарчанд, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон наққошони зиёде ба сар мебаранд, вале онҳо аз сӯйи раёсати фарҳанги вилоят чандон ҳимояти молӣ намебинанд.

Алиназар Мавлоназаров

Наққошони ин вилоят солиёни зиёдаст, ки орзу доранд, як намоишгоҳи наққошӣ баргузор кунанд, то осори офаридаи худро ба намоиш гузоранд ва тамошогарон аз он баҳра баранд.

Алиназар Мавлоназаров, дар сӯҳбат бо Орзу гуфтааст, ки дар вилояти Хатлон ҳунари наққошӣ қадрдонӣ намешавад. Ба гуфтаи ӯ “аслан худи сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа нисбати наққошӣ таваҷҷӯҳи камтаре зоҳир мекунанд.”

Алиназар зиёда аз 40 сол наққошӣ мекунад ва мегӯяд, ки аз наққошӣ суди молӣ дарёфт намекунад. Дар наққошиҳои Алиназар бештар табиъати Тоҷикистон мунъакис шудааст, ҳарчанд худи ӯ бештари ин мавзеъҳоро ҳанӯз надидааст.

Наққошии Мавлоназаров

Алиназар дар яке аз наққошиҳояш Кӯли Сарез, воқеъ дар баландкӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистонро тассвир кардааст.

Алиназар Мавлоназаров гуфт, ки қасд дорад то намоишгоҳи наққошиеро барои мардуми шаҳри Қӯрғонтеппа доир кунад ва дар ҷараёни он бархе аз осори офаридаи худро ба фурӯш гузорад.

Сипоси бепоён ба ҳами онҳое, ки ба саҳифаи барномаи мо сар заданд. То ҳафтаи баъдӣ падруууууууд!!!!!!

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

Барномаҳои қаблӣ

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.