
Кнфаронси Тағйири Ҳавои СММ дар Мекзик аз 30 ноябр то 10 декабр идома хоҳад ёфт.
Бонки Осиёии Тавсеъа аз ширкаткунандагони нишасти тағйири ҳавои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар Мекзик даъват кардааст, ки таваҷҷуҳро рӯи масъалаи коҳиши фақр матамаркиз кунанд.
Ин ниҳоди байналмилалии молӣ мегӯяд, тағйири ҳаво ба мардуми фақири кишварҳои дар ҳоли рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ хисорати бештар ворид мекунад.
Дар мавриди минтақаи Осиёи Марказӣ ин ниҳод бештар аз обшавии пиряхҳо дар қӯҳистони Тоҷикистон ва Қирғизистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Урсула Шайфер-Преус, муъовини раиси Бонки Осиёии Тавсеъа ин матлабро дар суханрониаш дар нишасте дар Деҳлӣ дар остонаи конфаронси СММ дар бораи Тағйири ҳаво, ки рӯзи сешанбеи 30 ноябр дар Мекзик оғоз ба кор карда ва то 10 декабр идома хоҳад ёфт, гуфт.
Ба гуфтаи Бонки Осиёии Тавсеъа, ки тарҳҳоеро дар заминаи муқобал ва рафъи паёмадҳои ношӣ аз тағйири ҳаво дар минтақа сармоягузорӣ мекунад: Фақр мушкилест, ки ногузир ба муҳити зист вобаста аст, ва тағйири ҳаво ин мушкилро густардатар мекунад.
Ин ниҳод меафзояд: Нисфи ҷамъияти фақири дунё дар Осиё ва Уқёнусия зиндагӣ мекунанд. Зиндагии онҳо вобаста ба арсаҳои ҳассос ба муҳити зист, ба монанди кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳигирӣ аст, ки ҳадафи обхезӣ, хушксолӣ ва боло рафтани сатҳи дарёҳо қарор мегиранд.
Бо дарназардошти ин муъовини раиси Бонки Осиёии Тавсеъа дар остонаи оғози конфаронси СММ дар Мекзик гуфтааст: Музокироти конфаронси Мекзик бояд эътироф кунанд, ки тағйири ҳаво ба бадбахтии фақирон меафзояд ва коҳиши мизони фақрро дар маркази созишномаҳои пас аз Киёту қарор бидиҳанд.
Бонки Осиёии Тавсеъа дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ даҳҳо милиюн дулор барои иҷрои барномаҳои марбут ба муқобала бо ҳаводиси табиъӣ харҷ мекунад ва илова бар он Бонки Осиёии Тавсеъа барои таҳкими ҳашту ним килуметр сад дар имтидоди дарёи Панҷ, ки обҳои пиряхҳо ба он ҷорӣ мешавад, сармоягузорӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури фақиртарин кишвар дар Осиёи Марказӣ соли гузашта дар яке аз нишасти сарони кишварҳои ҷаҳон дар робита ба тайғири ҳавои курраи замин даъват ба амал оварда буд, ки ба иқтисоди зистмуҳитӣ рӯ оваранд.
Вай ҳамчунин гуфта буд, ки аксаран кишварҳои пешрафта бо партоби гозҳои гулхонаӣ ба фазо омили тағйири ҳаво шудаанд, вале паёмадҳои онро бештар кишварҳои дар ҳоли рушд ва фақир мутаҳамил мешаванд.
Ба ин хотир оқои Раҳмон бо ишора ба омори нигаронкунандаи обшавии пиряхҳои Тоҷикистон дар пайи гармшавии ҳаво, ки ба обхезиҳо ва ҳаводиси дигари табиъӣ дар минтақа мунҷар мешавад, пешниҳод карда буд, ки кишварҳои пешрафта ба кишварҳои мутаҳамили ин ҳаводис ҷуброне дар назар бигиранд.
Зимнан, ҳадафи Конфаронси 16-ум дар чорчуби Кунвенсиюни Тағйири Ҳавои СММ дар Канкуми Мекзик идомаи музокираи намояндагони миллатҳои ҷаҳон дар заминаи мувофиқатномаи Тағйири Ҳаво пас аз соли 2012 унвон мешавад.
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.