Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 03 Декабр соли 2010 - 09:46

Ёде аз Аъзам Сидқӣ, нависандаи "Пайроҳаи қисмат"

Аъзам Сидқӣ

Расми сӯгвории Аъзам Сидқӣ чандон бозтобе дар расонаҳои маҳаллӣ надоштааст

Аъзам Сидқӣ, нависанда, шоъир ва дромнависи тоҷик, ки бо офаридани асарҳои ҷолибе шӯҳрат дошт, рӯзи 6 ноябр дар синни 83-солагӣ дар зодгоҳаш, шаҳри Хуҷанд, даргузашт.

Ҷанозаи вай бо анҷоми маросиме расмӣ, вале ба таври сокит, дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд. Хабари даргузашти вай дар расонаҳои маҳаллӣ бозтоби чандон густардае надоштааст.

"Фаромӯшшуда"

Муҳиддини Хоҷазод, нависандаи маҳаллӣ, бо ибрози таассуф дар ин бора гуфт, ки агар як эҷодкор умри дароз бинад, аз як ҷиҳат, хуб аст, вале аз ҷониби дигар, вай аз иҷтимоъ дур ва фаромӯш мешудааст.

Оқои Хоҷазод афзуд: "Хусусан, агар фарди эҷодкор бемор шавад, аз ҷабҳаи зиндагӣ берун шуда ва қариб, ки дар зиндагияш ба фаромӯшӣ супурда мешудааст. Ин нуктаро ман ба ҳангоми фавти ҳамкорам Аъзам Сидқӣ мушоҳида кардам."

Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси Иттиҳодияи нависандагони вилояти Суғд, гуфт, ки Аъзам Сидқӣ як инсони дарёдил ва бисёр нависандаи заҳматкаше буд, ки ба майдони адабиёт бо асарҳои мустанад ворид шудааст ва бештари асарҳояш мустанад ҳастанд.

Вай ҳамчунин гуфт: "Дар адабиёти пас аз солҳои 60-ум очеркҳои Аъзам Сидқӣ дар бораи Ҳодӣ Кенҷаев, Раҳимбой Раҳматов, қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ, шӯҳрат доштанд. Пас аз ин, очерки "Ҷӯра-саркор", ки дар замони Шӯравӣ машҳур буд, аз сӯйи адибони рус ва дигар миллатҳо баҳои хеле бузург гирифта буд. Аз рӯйи ин асар филме ҳам бо номи "Ҷӯраи деринаи ман" ба навор гирифта шуда буд."

Филми "Пайроҳаи қисмат"

Ба гуфтаи нависанда Хоҷазод, Аъзам Сидқӣ ҳар бегоҳ ва субҳ аз муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳатман дидан мекард ва дар атрофи он гаштугузор менамуд.

Муҳиддини Хоҷазод

Оқои Хоҷазод аз он ибрози таассуф кард, ки нависандаи пир Аъзам Сидқӣ аз ёдҳо фаромӯш шуда буд

Оқои Раҳматзод низ дар тақвияти суханони вай гуфт орзуи аксари адибони маҳаллӣ дар Суғд ин будааст, ки роҷеъ ба зиндагиномаи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ асаре офаранд.

Вай афзуд: "Хушбахтии устод Аъзам Сидқӣ ҳам ин буд, ки ба ин мавзӯъ даст зада ва комёб ҳам шуд."

Аъзам Сидқӣ румоне аз рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ бо номи "Пайроҳаи қисмат" навиштааст. Бар пояи ин румон дар соли 1995 ширкати "Тоҷикфилм" бо раҳбарии Тоҳир Собиров, коргардони маъруф, филме ба навор гирифта буд.

Ин филм аз чаҳор қисмат иборат буд ва баъди вафоти Тоҳир Собиров наворбардории қисматҳои поёнии ин филм мутафаққиф шуд. Вале як сол қабл, ширкати "Тоҷикфилм" бо мусоъидати мақомоти вилояти Суғд қисмати панҷуми онро наворбардорӣ кард.

Аз Муҳиддини Хоҷазод пурсидам бо як ҷумла шарҳ диҳад, ки Аъзам Сидқӣ дарвоқеъ ки буд ва дар адабиёти тоҷик чи ҷойгоҳе дошт. Вай гуфт, ки Аъзам Сидқӣ аз намояндагони насли сонии удабои шӯравии тоҷик буд, ки баъд аз насли аввал ба арсаи адабиёт қадам ниҳодаанд.

Вай афзуд: "Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар ва дигарон дар солҳои 30-юм то 40-ум фарҳанги тоҷикро рушд дода буданд."

"Баъдан пешбурди адабиёт ба дӯши удабои насли сонӣ гузашт, ки намояндагони он Абдумалик Баҳорӣ, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Аъзам Сидқӣ ва як зумраи дигар буданд."

Шарҳи ҳоли адиб

Аъзам Сидқӣ (Аъзам Тавобович Мадаминов) дар моҳи апрели соли 1927 дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омад. Ӯ баъди фориғ шудан аз мактаби миёнаи маҳаллӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуд ва тамоми ҳаёти худро ба кори эҷодӣ бахшид.

Вай дар оғоз, то авоили солҳои 60-уми қарни 20 дар рӯзномаҳои "Пионери Тоҷикистон", "Комсомоли Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Хорпуштак" фаъолият дошт. Баъдан вай дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла раҳбарии теотрҳои давлатии ба номи Садриддин Айнӣ ва Маҳмудҷон Воҳидов кор кардааст.

Аҳмадҷони Раҳматзод мегӯяд, ки Аъзам Сидқӣ дар авоили солҳои 80-ум ва 90-ум қарни гузашта дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ ва эҷод мекард ва мавзӯъҳои осори бузургҳаҷми вай аз ин маҳал маншаъ мегиранд.

Дар соли 1995 вай сардабири маҷаллаи адабии "Хуҷанд" (ҳоло "Паёми Суғд") шуд ва то соли 2002 дар ин ҷо фаъолият мекард.

Мероси Сидқӣ

Аъзам Сидқӣ нахустин шеърҳои худро дар солҳои 40-уми қарни 20 ба табъ расондааст. Нахустин маҷмӯъаи шеърҳои ӯ бо номи "Ниҳоли орзу" дар соли 1957 чоп шудааст. Ашъор ва достонҳои дигари ӯ дар маҷмӯъаҳои "Баҳору лолаву ишқ" (1973) ва "Қофилаи умр" (1981) мунташир шудаанд.

Раҳматзод

Оқои Раҳматзод мегӯяд Иттиҳодияи Нависандагон осори Аъзам Сидқиро мунташир хоҳад кард

Румонҳои Аъзам Сидқӣ "Ашк, оташ, ишқ" (румони манзум) дар соли 1977, "Дар олами сарсонӣ" соли 1985 "Пайраҳаи қисмат" дар соли 1997 ва "Ситораи ашк" дар соли 2000 ба табъ расидаанд.

Аксари намоишнома ва дромҳои вай, аз ҷумла "Иродаи зан", "Хонаи умед", "Косаи сабр", "Адои қарз", повести "Оташ дар қабристон", румонҳои "Пайроҳаи қисмат", "Ситораи ашк", "Захми қасос", "Субҳи Деҳмой" дар саҳнаҳои теотр низ ба намоиш гузошта шудаанд.

Аъзам Сидқӣ китобҳое барои бачагон низ навиштааст, ки "Каттача", "Дар сари кӯҳи баланд", "Телпакамро хунуку хӯрд" ва "Олимҷон мактабхон шуд" аз ҷумлаи ин китобҳо ба шумор меоянд.

Бозтоби ҳаёти мардум ва фаъолияти онҳо дар воҳидҳои кишоварзии Шӯравӣ, мавзӯъи озодии занон ва ваҳшатҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аз мавзӯғъоти аслии осори Аъзам Сидқӣ маҳсуб мешаванд.

Вай ба унвони як дромнавис ва румоннавис силсилаи асарҳои манзум ва румону намоишномаҳоеро монанди "Рози дили ошно", "Чакидаҳои сарнавишт" ва сенориёҳои чанд филми ҳунарӣ ва мустанадро офаридааст, ки дар ганҷинаи адабиёту ҳунари тоҷик маҳфузанд.

Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ

Аъзам Сидқӣ аз соли 1957 узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон шудааст. Барои заҳамоташ дар даврони Шӯравӣ медолҳо ва ифтихорномаҳои давлати вақти ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Ҳамчунин, дар соли 1996 вай ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон"-ро дарёфт кардааст.

Аҳмадҷони Раҳматзод мегӯяд, ки Аъзам Сидқӣ бисёр адиби заҳматкаш буд ва то лаҳзаҳои охири умраш машғули корҳои нависандагӣ буд. Охирин қиссаи вай дар бораи мӯътодон ба маводди мухаддир ҳикоят мекунад, ки он дар шӯъбаи Иттиҳодияи нависандагон дар вилоят маҳфуз аст.

Ба гуфтаи вай, шӯъбаи маҳаллии Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд қасд дорад дар оянда мероси адабии Аъзам Сидқиро дар китобҳои алоҳида мунташир кунад.

Нависанда Муҳиддини Хоҷазод мегӯяд: "Ҳарчанд Аъзам Сидқӣ аз байни мо рафтааст, вале осори ӯ дар дили халқ ҷой гирифтааст. Хотираи дурахшони инсони нексиришт, қаламкаши моҳир ва донандаи хуби ҷаҳони маънавии инсонҳо Аъзам Сидқӣ дар дили мардум абадӣ хоҳад монд."

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.