Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 30 Ноябр соли 2010 - 09:24

Федотов: "Мо ҷанг бо маводди мухаддирро набохтаем"

Федотов

Федотов: "Мо ҷанг алайҳи қочоқчиёнро набохтаем, аммо ҳанӯз пирӯз ҳам нашудаем"

Раҳбари Идораи СММ дар умури маводди мухаддир ва ҷароим мегӯяд, ки "мо ҷанг алайҳи қочоқчиёни маводди мухаддирро набохтаем, аммо ҳанӯз пирӯз ҳам нашудем."

Юрий Федотов, раҳбари ин идораи СММ, субҳи рӯзи сешанбеи 30 ноябр ин суханонро пас аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт.

Дар ин мулоқот масоили густариши ҳамкориҳо ва ҳамоҳангии истротежии кишварҳои минтақа ва кишварҳои ҷаҳон дар заминаи ташдиди мубориза бо маводди мухаддир баррасӣ шудааст.

Вай Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистонро, ки дар соли 1999 бо ҳимояти молии СММ таъсис шуда буд, "як дастгоҳи фаъолияташ олӣ" хонд.

Аммо вай афзуд, ки рӯзи сешанбе барои арзёбии раванди тақвияти ҳифозат аз марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ин минтақа сафар мекунад.

Дар посух ба ин савол, ки оё мавзӯъи бозгашти марзбонон рус барои ҳифозат аз марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ин росто матраҳ аст ё хайр, оқои Федотов гуфт, ки ин мавзӯъ ба ҳамкориҳои дутарафаи Тоҷикистону Русия вобаста аст.

Юрий Федотов машғули дидор аз кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ барои арзёбии фаъолияти кишварҳо ва ҳамкории онҳо дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир аст.

Ӯ қабл аз сафараш ба Тоҷикистон аз Покистон, Афғонистон ва Қазоқистон дидан кардааст. Оқои Федотов дар бораи ҳадафи сафараш ба минтақа гуфт: "Ҳеҷ кишвар, новобаста ба қудраташ, наметавонад бо маводди мухаддир батанҳоӣ мубориза кунад."

Вай афзуд: "Мо бояд тавассути талошҳо ва истротежиҳои муштарак дар ҳамаи арсаҳо – мубориза бо кишти хашхош, таъмини кори даромаднок барои кишоварзон, маҳдуд кардани интиқоли прекурсорҳо ё маводди шимиёӣ барои тавлиди ҳеруин, ташдиди ҳифозат аз марзҳо, коҳиш ва беҳбуди ҳамкориҳои минтақавӣ бо маводди мухаддир мубориза кунем."

Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилоъи СММ, даҳ дар сади маводди мухаддире, ки аз Афғонистон ба Осиёи Миёна интиқол меёбад, дар қаламрави ин кишварҳо масраф мешавад.

Масъуди Каримипур, намояндаи Кумисориёи олии Созмони Милали Муттахид дар умури мубориза бо ҷароими созмонёфта ва маводди мухаддир дар Осиёи Миёна, дар сафари ахири худ ба Тоҷикистон гуфта буд, ки яке аз барномаҳои бузурги ниҳоди онҳо ба коҳиши сатҳи масрафи маводди мухаддир дар Афғонистону кишварҳои дигари минтақа марбут аст.

Тибқи иттилоъи СММ, ҳудуди 25 дар сади маводди мухаддире, ки дар Афғонистон кишт ва тавлид мешавад, аз тариқи марзҳои шимолии он кишвар ба хориҷ интиқол меёбад.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.