Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 26 Ноябр соли 2010 - 12:48

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ: 26 ноябр

Дууууууууруууууууууд ба ҳамаи меҳмонони саҳифаи барномаи тафреҳии тоҷикии ин ҳафта!

Барномаро ман, Зарина, ва Орзу омода кардаем.

Бибинед ки ин ҳафта чи матолиберо пешкаши шумо хоҳем кард:

Гулдӯзӣ

Нахуст, аз гулдӯзӣ ва ҳунармандони боистеъдоди он иттилоъ медиҳем ва меравем ба ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон.

Сипас, меравем ба вилояти Суғд, то бибинем, ки Даврон Алиматов, ҳунарманди овозадори теотри Камоли Хуҷандии шаҳри Хучанд, имрӯзҳо чи фаъолиятҳое дорад.

Китоби "Таърихи уперо ва боллеи Тоҷикистон"

Ва бозмегардем ба шаҳри Душанбе, то бибинем, ки устоди ҳунар, профессор Низоми Нурҷон, чи тавр таърихи беш аз ҳафтодсолаи ҳунари уперо ва боллеи тоҷикро дар як китоб гунҷондааст.

Мардон ва Зарина

Ҳамчунин, аз бозии тими футболи Афғонистон ва Тоҷикистон ба шумо иттилоъ медиҳем.

Матлуба ва Орзу

Ва бахши бештари барномаи моро суҳбат бо Матлубаи Ёвондухт, овозхони равшанзамири гурӯҳии ҳунарии "Фалак"-и Кумитаи родию ва телевизиюни давлати Тоҷикистон, фаро мегирад...

Гул дӯзаму гул дӯзам...

Биёед, ба вилояти Хатлон биравем. Орзуҷон дар бораи маҳбубияти ҳунари гулдӯзӣ дар миёни духтарон ва занони ҳунарманди ин устон мегӯяд:

Гулдузӣ ҳунаре воло ва саршор аз зебоипарастист. Ин намуди ҳунари дастӣ бо сӯзан ва чангакҳои махсус дар рӯйи матоъҳо ва бо ресмонҳои ҳархела офарида мешавад. Мувофиқи маълумоти таърихӣ, сароғози ҳунари гулдўзӣ ба қарнҳои 7-8-и мелодӣ ва қаблтар аз он бармегардад.

Гулдӯзӣ

Зиёда Ашурова, роҳбари маҳфили дӯзандагӣ ва тарроҳ, ба ҳамкорам Орзу гуфтааст, ки даҳҳо зани хонашин дар як гурӯҳ дар вилояти Хатлон фаро гирифта шудаанд ва даромади хуберо барои зиндагияшон пайдо мекунанд.

Ба гуфтаи вай, онҳо гулдӯзиро бо шеваҳои гуногун таҳия карда ва ба харидорони хориҷӣ пешниҳод мекунанд.

Зиёда Ашурова

Зиёдабону мегӯяд, ки гурӯҳи дузандагон тасмим доранд, ки куртаҳои гӯлдузишударо бо шеваҳои гуногун омода кунанд. Дар миёни ин куртаву либосҳо ҳато куртаи гӯлдузишуда барои мардон низ ҳаст.

Мавҷуда сокини ноҳияи Қумасангир аст, ки баъди бекории зиёд ба гурӯҳи дӯзандагони гулдӯзӣ шомил шуда ва зиндагии худ ва кӯдаконашро беҳтар сохтааст. Мавҷуда мегӯяд гулдӯзиҳояшро мефурӯшад ва барои кӯдакони синни мактабии худ либос ва васоили лозим барои таҳсил харидорӣ мекунад.

Даврон Алиматов - андалеби Суғд

Даврон Алиматов яке аз ҳунармандони мумтози Тоҷикистон аст, ки ба ҷуз аз ҳунарманди теотр ва синемо буданаш овозхони саршинос ҳам аст, ки беш аз чиҳил сол аст дар роҳи ҳунар гом мениҳад.

Риштаи фаъолияти ҳунарии Даврон Алиматов, ки дастпарвари Донишгоҳи ҳунари теотри шаҳри Маскав аст, аз нақшофарӣ дар синемо оғоз шудааст.

Даврон Алиматов

Ба гуфтаи оқои Алиматов, вай беш 35 сол мешавад, ки дар теотри мусиқию мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар вилояти Суғд фаъолият мекунад. Вай барои фаъолиятҳои худ ба унвони ҳунарманди теотр ва овозхон унвони "Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон"-ро ба даст овардааст.

Даврон Алиматов нақшҳои қаҳрамононе чун Озар дар намоишномаи "Суруди нотамом"-и Абдусалом Атобоев, Тамриз дар "Фоҷиъаи инсон", Зол дар асари "Зол ва Рудоба"-и Шамсӣ Қиёмов ва нақши Ромеоро дар асари Наталия Гусева бо маҳорати хоссе иҷро кардааст.

Дӯстодорони мусиқӣ дар Тоҷикистон Даврон Алиматовро ҳамчун иҷрокунандаи таронаҳои клосикии "Шашмақом" низ мешиносанд.

Китобе тоза дар бораи уперо ва болле

Дар Тоҷикистон китоби ҷадиди пруфессур Низоми Нурҷон зери унвони “Таърихи уперо ва боллеи Тоҷикистон” мунташир шуд. Ин китоб аз ду қисм иборат буда ва дар қисми аввалаш таърихи уперо, яъне аз солҳои аввали пайдоиши он то солҳои авохири 1990 ва вазъияти имрӯзии он ва ҳамин тавр, таърихи ҳунари болле дар Тоҷикистон ҳам мунъакис шудааст.

Низоми Нурҷон

Пруфессур Низоми Нурҷон мегӯяд, ки матолиби ин китобро аз солҳои 1930, яъне аз рӯзҳои аввали пайдоиши ҳунари уперо ва болле дар Тоҷикистон, ҷамъоварӣ кардааст.

Ин китоб аз 424 саҳифа иборат буда ва дар он аксҳо аз ҳунармандону намоишномаҳо хеле зиёд ҳастанд.

Ба гуфтаи устод Нурҷон, бо таваҷҷуҳ ба он, ки дар бойгонии теотри уперо ва боллеи ба номи Садриддин Айнӣ аксҳое аз намоишномаҳои ин теотр ва афроди масъули он набуд, вай ин аксҳоро аз Русия ва дигар кишварҳо ҷамъоварӣ кардааст.

Китоби Низоми Нурҷон

Китоби “Таърихи уперо ва болле” аз устод Низоми Нурҷон бо тирожи 500 адад чоп шуда ва бо кумаки молии Ожонси Ҳамкориҳои Суис дар Туркия мунташир шудааст.

Гооооооооол...!

Бозии футболро ҳама дӯст доранд. Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад, ки мусобиқаи футболбозони Тоҷикистону Афғонистон дар Душанберо тамошо кардааст, мегӯяд, ки ин мусобиқаи дидание буд.

Варзишгарони афғон ва тоҷик

Аммо вай мӯътақид аст, ки тимҳои футболи Тоҷикистон ва Афғонистон то ҳол ба он сатҳе, ки тавонанд дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат кунанд, нарасидаанд.

Ҳафтаи гузашта тими мунтахаби футболи Афғонистон дар як мусобиқаи дӯстона бо тими Тоҷикистон бо ҳисоби як бар сифр ғолиб шуд.

Ин мусобиқа дар шаҳри Турсунзода, дар 60-килуметрии ғарби Душанбе, баргузор шуд.

Тоблуи варзишгоҳ

Ҳафтае қабл аз ин мусобиқа, тими футболи Тоҷикистон бо ҳисоби мушобеҳ тими футболи Афғонистонро мағлуб карда буд.

Овозхони равшанзамири гурӯҳи “Фалак”

Матлуба Ёвондухт, агарчи бо иҷрои таронаҳои "фалак" рӯйи саҳна омад ва яке аз овозхонони равшанзамирони фалаксаро шинохта шуд, вале дар садад аст, ки феҳристи таронаҳои эстродии худро низ бештар кунад.

Матлуба ва Орзу

Матлуба аз рӯзи авали овозхонӣ ба гуруҳи “Фалак”-и Кумитаи телевизиюн ва родиюи Тоҷикистон пайваст. Вай мегӯяд, ки агарчи ба чашмонаш олами равшанро намебинад, вале зебоии онро бо қалби худ эҳсос мекунад ва ин зебоиро дар таронаҳояш таҷассум мекунад.

Матлуба, ки меҳмони барномаи тафреҳӣ буд, афзуд, ки вай алакай дар жонри эстрада худашро санҷидааст ва ҳатто бадеҳаеро низ барои мухлисонаш пешниҳод кардааст.

Матлуба-бону мегӯяд, ки дар мадрасаи вижаи нобиноён бархе аз шогирдон низ овозхонӣ мекарданд. Ва Умедҷон яке аз онҳост ва онҳо як таронаи дунафариро иҷро кардаанд.

Ба гуфтаи вай, бархе аз мухлисонаш баъд аз шунидани ин тарона гумон мекунанд, ки онҳо, яъне вай ва Умед, ошиқи ҳамдигаранд. Ҳарчанд Матлуба афзуд, ки онҳо танҳо дӯст ва ҳатто хешованд ҳастанд.

Матлуба Раҳимова

Матлуба афзуд, ки бештари вақташ бо офаридани таронаҳои ҷадид мегузарад. Матлубаи Ёвондухт мегӯяд, ки аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва аз устодаш Давлатманди Хол, ки барои соҳиби манзил шудан ва пазируфта шуданаш ба гурӯҳи “Фалак” кумак кардаанд, сипосгузор аст.

Мо ҳам ба ҳамаи Шумо, ки барномаи тафреҳии ин ҳафтаро варақ задед, сипоси фаровон мегӯем.

Лутфан, назарот ва пешниҳодҳои худро дар бораи барнома ба одреси электрунии мо zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com фиристед.

То барномаҳои баъдӣ аз ман, Зарина ва Орзу, падрууууууууууд!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.