Ба рӯз шуда:  Шанбе, 20 Ноябр соли 2010 - 08:54

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ: 19 ноябр

Бо беҳтарин орзӯҳо ва накӯтарин таманниёт шуморо хушомадед мегӯям ба барномаи тафреҳии тоҷикӣ аз бахши форсии родиюи Би-би-сӣ.

Мӯҳтавои барномаи ин ҳафта:

16 уми ноябр аз даргузашти Одина Ҳошим, овозхони таронаҳои мардумӣ ва донандаи хуби шеъри форсӣ, 17 сол сипарӣ шуд.

Одина Ҳошим

Дар ҳафтаи сипаришуда дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар маҳфиле аз 80-умин солгарди таваллуди Ҷумъа Одина, нависандаи баруманди солҳои 1970, таҷлил карданд.

Ҳамкорамон Алишер аз устони Суғд мегӯяд, ки теъдоди алоқамандони тамошои осори таърихӣ дар осорхонаи шаҳри Хуҷанд афзоиш ёфтааст.

Осорхона

Аммо қисмати аслии барномаи имрӯзи моро таронаҳо ва мусоҳибаи Нозияи Кароматулло, овозхони ҷавон ва духтари Кароматулло Қурбонов, овозхони фақид, ба худаш ихтисос медиҳад.

Нозияи Кароматулло

Ин ҳафта ба меҳмонии барнома Нозияро барои он даъват кардем, ки чанде қабл баъди фориғуттаҳсил шудан аз ҳунаристони шаҳри Деҳлии Ҳинд ба Душанбе баргашта. Вай ҳоло ба нахустин барномаи кунсертии худ, ки қарор аст дар таърихи 29 ноябр дар толори Кохи Борбад баргузор шавад, омодагӣ мегирад.

Ҳамчунин, Нозия худро барои супурдани имтиҳонот аз иқтисодиёти ҷаҳон дар донишкадаи соҳибкории Тоҷикистон омода мекунад. Алқисса, хеле ва хеле, ба қавли эрониҳо, сараш шулуғ аст, аммо боз ҳам вақт ёфта ва барои посух гуфтан ба суолҳои мо ба дафтари бахши форсии Би-би-сӣ дар Душанбе омадааст.

Нозия дар Ҳинд

Нахуст аз Нозия пурсидам, ки дар чи риштае дар ҳунаристони Деҳлӣ таҳсил кардааст. Вай гуфт: "Дар консерватория ё ҳунаристони Деҳлӣ се соли аввал ман рақси клосикии “Катак”-ро омӯхтам ва баъдан ду соли дигар овозхонии клосикии ҳиндиро."

"Ҳоло ман худамро хушбахт меҳисобам, ки дар қатори чанд нафар шогирдоне, ки мушарраф шуданд, то гувоҳиномаи дараҷаи аввалро бигиранд, ман низ будам. Барои тоҷикдухтаре, ки ҳам забонро он ҷо меомӯзад ва ҳам фарҳангу ҳунар ва ҳам рақсу суруди клосикиро, фикр мекунам чандон осон нест.”

Нозия

Аммо дар баробари таҳсил дар ҳунаристони Деҳлӣ Нозия дар донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат дар шаҳри Душанбе дар риштаи иқтисоди ҷаҳон низ таҳсил мекард ва аз Нозия пурсидам, ки оё таҳсил дар ин риштаро тарк кардааст?

Нозия гуфт: "На, ҳаргиз, дар ин чанд сол, ки ман дар кишвари Ҳиндустон будам, таҳсиламро дар донишкадаи соҳибкорӣ низ идома медодам, чун таҳсилам дар риштаи иқтисоди ҷаҳон дар Душанбе ғоибона буд ва ҳамасола омада, санҷишу имтиҳонотамро мегирифтам.

"Алъон ман донишҷӯйи соли чаҳорум ҳастам ва ҳамин шабу рӯз дар баробари омодагӣ ба баргузории барномаи кунсертӣ боз омодагӣ мегирам ба санҷишу имтиҳоноти риштаи иқтисод."

Нозия

Ба суоли ман муҳаббати кадоме аз ин ду, иқтисод ё мусиқӣ, дар дилат бештар ҷо дорад, Нозия гуфт, ки албатта мусиқӣ.

"Таҳсил дар риштаи иқтисодиёт бештар орзӯи модарам буд, ки ман нахостам модарамро ноумед созам ва албатта як тахассуси эҳтиётӣ барои ман низ ҳеҷ бадие надорад ва шояд як замон тавонам, ки дар ин тахассус кор кунам."

Аз ӯ пурсидам, ки дар ин синну соли ҷавон бори гаронеро бар дӯш гирифтан бароят душвор нест, ки дар ду донишгоҳ таҳсил мекунӣ ва бар замми ин, баргузории барномаҳои кунсертӣ ва сабти суруду оҳангҳоро бояд анҷом диҳӣ?

Нозия

Вай гуфт: “Ман ҳамеша дар зиндагӣ як шиъор дорам. Ман худо дорам, худо дорам бас аст, қиблаву дасти дуъо дорам, бас аст. Эҳсос мекунам худованд бароям нерӯ мебахшад, то ман ба ҳамаи корҳое, ки ба онҳо даст мезанам, расида тавонам. Ҳамчунин, арвоҳи падари бузургворам ба ман кумак мекунад ва модари меҳрубонам ҳамеша ва дар ҳар лаҳзаи умрам ёру ёвари ман ҳастанд. Ҳамчунин, бародаронам Муҳаммадрофеъҷон ва Муҳаммадсахиҷон қуввати дили ман ҳастанд."

Нозия

29 ноябр нахустин барномаи кунсертии худро Нозияи Кароматулло дар толори Кохи Борбад баргузор мекунад. Албатта соли 2008 барномаеро низ бо бародараш Муҳаммадрофеъ дар кохи “Ваҳдат” дар шаҳри Душанбе иҷро карда буд, аммо дар ин барнома тозатарин оҳангҳои Нозия аз дувумин олбумаш бо номи “Гиряи ҷон” пешниҳоди ҳаводорони ҳунараш хоҳад шуд.

Нахустин олбуми Нозия соли 2008 бо номи “Парвонаи хаёл” ба дасти алоқамандони ҳунараш расида буд.

Нозия бо Зеваршоҳ

Дар олбуми ҷадиди Нозия бо номи “Гиряи ҷон” оҳанге ҳаст бо номи “Андӯҳи танҳоӣ”, ки мусиқии ин оҳангро Нозия навиштааст ва ба гуфтаи вай, дар навиштани шеъри ин тарона низ Нозия як андоза ҳаққи муаллифӣ дорад, албатта андаке аз дасти таҳрири шоъирон гузаштааст.

Ёде аз Одина Ҳошим

16 уми ноябр аз даргузашти Одина Ҳошим овозхони саршинос ва иҷрокунандаи таронаҳои мардумӣ ва ҳамчунин донандаи хуби шеъри форсӣ, 17 сол сипарӣ шуд.

Ҳамасола фарзандони ҳунарманди шинохта Одина Ҳошим дар таърихи 16-уми ноябр гирдиҳам меоянд ва аз падар ёдовар мешаванд.

Шоми шонздаҳуми ноябри 1993 хабари даргузашти падар онҳо ва аҳли фарҳангу ҳунарро андӯҳгин намуд.

Иқболбӣ Ҳошимова, духтари Одина Ҳошим, ки дар Қурғонтеппа ба сар мебарад, гуфт ин моҳ фарзандон падарашонро бештар ёд меоранд ва барояш дуъои хайр мекунанд.

Ба нақли Иқболбӣ, марги нобаҳагоми падар тамоми дӯстдорони суруду таронаҳои ӯро ғамгин кард.

Иқболбӣ мегӯяд аз ворисони падараш танҳо ҳамин ду писараш Раҳматулло ва Ҳикматулло дунболи суруду тарона шудаанд, вале духтари дигаре бо садои нотакрор доштааст, ки мехостааст овозхонӣ кунад, вале ба ин роҳ нарафтаасту зиндагии осудае дорад.

Иқболби духтари Одина Ҳошим

Аммо худи Одина Ҳошим барои духтаронаш иҷозаи овозхонӣ надода ва духтараш танҳо дар сари гаҳвораи тифлаш сурудхонӣ мекунаду бас.

Иқболбӣ мегӯяд падараш дар авҷи шуҳрат буд ва аз ҷанубу шимол ва шарқ ӯро ба тую маъракаҳо мехонданд, вале баъди он ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ шурӯъ шуд, ӯ низ баробари даҳҳо тифли аз падар дурмонда мегирист…

Одина Ҳошим соҳиби унвони Абӯабдуллоҳ Рудакӣ шуд, вале он замон бемор буду дар беморхона...

Дар китоби "Одина"-и профессор Искандар Икромов оварда шудааст: "Одина Ҳошим аз дарди миллат даргузашт." Ва муаллифи китоб оқои Икромов гуфтаҳояшро чунин шарҳ дод: "Одинаро аз даст додем, вале ҳоло ба қадраш мерасем."

Искандар Икромов

Оқои Икромов гуфт Одина Ҳошим аз аввалин рӯзҳои гирдиҳамоиҳои Тоҷикистон нигарон буд ва ба хотири ором кардани мӯътаризон сурудхонӣ мекард, то мардум ором шаванд, вале касе ба сурудхонии вай гӯш намедод.

"Ба ин хотир, ба ӯ бо чашми дигар менигаристанд ва ӯро сабабгори ҷангӣ дохилӣ медонистанд. Ба ҳамин хотир, Одина Ҳошим аз андӯҳ ва бори туҳмати мардум бемор шуд ва ҳамин беморӣ ӯро аз саҳнаи тоҷик бурд ба якборагӣ."

Аҳдия

Аҳдия яке аз набераҳои Одина Ҳошим мебошад, ки гуфт сурудҳои бобояшро, ки ба мерос гузоштааст, дар оянда бо таври дигар мехонад. Аҳдия афзуд, ки ин сурудҳо беҳисобанду нотакрор.

Вай мегӯяд бо мактаби сурудхонии Одина Ҳошим шинос аст ва ҳадаф дорад дар оянда сурудхонӣ кунад.

Ҷашни 80-солагии Ҷумъа Одина

Дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили ҷашни 80-умин солгарди таваллуди Ҷумъа Одина, нависандаи баруманди солҳои 1970, баргузор шуд.

Аз Ҷумъа Одина ду достони пурхонандаи "Авроқи рангин" ва "Иншо дар мавзӯъи озод", маҷмӯъаи ҳикояҳои "Чанбари оташ" ва румони мавсум ба "Гузашти айём" боқӣ мондаанд.

Ҷумъа Одина бахусус пас аз чопи румони “Гузашти айём” шуҳратёр шуд. Ин китоб аз сӯйи мақомоти ҳизби кумунисти вақт пас аз он ки 14 ҳазор нусхаи он дар соли 1978 ба чоп расид, сонсур ва ба оташ кашида шуд

Вале бо фурӯпошии давлати Шӯравӣ ва пас аз даргузашти Ҷумъа Одина, “Гузашти айём” дар соли 1989 дубора рӯйи чоп омад ва ба муъаллифи худ ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро овард.

Ҷумъа Одина дар соли 1982 дар асари сактаи қалбӣ дар Душанбе бо дунё падруд гуфт.

Гурухсор, шоъираи маъруф, дар мусоҳиба бо ҳамкорамон Шамсияи Қосим гуфт: "Ҷумъа Одина нависандае набуд, ки аз пушти асараш нон хурад. Имрӯз ҳама аз ӯ таъриф мекунанд, агар Ҷумъа Одина зинда буд, ҳаргиз 80-солагиашро ҷашн намегирифтанд ва ҳатман боз чанд зарбае ҳам аз ин давру замон мехӯрд барои ошкорбаёнияш."

Дар идомаи сӯҳбаташ хонуми Сафӣ афзуд, ки баъди навиштани асари "Гузашти айём" аз ҳама ҷо Ҷумъа Одинаро ронданд ва ба ҳеҷ даргоҳе ӯро роҳ намедоданд.

Вай афзуд: "14 ҳазор китоби асарҳояшро ба коми оташ андохтанд, дар он замон занҳои ҳизбиро руспӣ ва мардҳояшро бадмаст тасвир бикунӣ, ин худ ҷасорате буд, ки на ҳар кас кудрати гуфтани чунин гапро дошт."

Хонуми Сафӣ ҳамчунин гуфт: "Ҷумъа Одина медонист, ки бахту саъодат ва оромиро (ба хотири ин китоб) намебинад, аммо ба гулӯи ҳақиқат корд нагузошт. Кӯтоҳ ва пурмаънӣ зиндагӣ кард ва дар радифи он афродест, ки зиндагиаш баъди сараш сар шуд."

Таваҷҷӯҳи ҷаҳонгардон ба осори таърихӣ

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар соли 2006 ифтитоҳ шудааст. Ин яке аз осорхонаҳои бузург дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки дар он намунаҳое аз осори таърихи гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудаанд.

Таърихнигорон мегўянд, ки дар гузашта осорхонаи таърихии Суғд дар сохтмонҳои мухталифе дар шаҳри Хуҷанд воқеъ буд. Нахуст ин осорхона дар бинои масҷиди Шайх Маслиҳатдин, воқеъ дар паҳлӯи бозори «Панҷшанбе», бузургтарин бозори вилояти Суғд, воқеъ буд.

Мақомоти вилояти Суғд дар соли 2003 ба сохтмони бинои ҷадиди ин осорхона дар қалъаи шаҳри Хуҷанд пардохта ва соли 2006 онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қалъаи Хуҷанд дар қарни 14 сохта шудааст. Пас аз тармими ин қалъа осорхонаи таърихии устони Суғд ба ин ҷо таҳвил дода шуд.

Ин осорхона аз ду толори хурд ва се толори бузург иборат аст. Дар яке аз толорҳои осорхона ашёи мутаъаллиқ ба асри санг ҷой гирифтаанд ва аз таърихи ин даврон қисса мекунанд.

Толори дигар аз таърихи зиндагӣ ва рўзгори асри филиз ҳикоят мекунад.

Дар толори севум ашёи марбут ба тамаддуни ориёӣ, аз даврони Хаҳоманишиён гирифта то замони исломӣ нигоҳдорӣ мешаванд, ки аз рушди ҳунар дар ин давраҳо ҳикоят мекунанд.

Кимёхон Атоева, яке аз масъулони осорхона, мегӯяд, "Дар ин осорхона беш аз 10 ҳазор ашёи бостонӣ маҳфуз аст, вале ба сабаби набудани ҷой танҳо 2 ҳазор адад аз ин осор ба намоиш гузошта шудаанд."

Аз осорхонаи таърихии вилояти Суғд умтадан сокинони вилоят ва меҳмонони хориҷӣ дидан мекунанд.

Ба гуфтаи масъулони ин осорхона, дар соли ҷорӣ низ теъдоде аз дидоргарони ин осорхона афзоиш ёфта ва аксари онҳо меҳмони хориҷӣ, бавижа аз кишварҳои Эрону Афғонистон, Омрико, Бритониё ва Олмон будаанд.

Хонуми Атоева афзуд, донишҷӯёну толибилмон низ зиёд ба ин осорхона меоянд.

Ҳамкорамон Алишер Охунов аз ин осорхона аксҳое бардоштааст.

Сипоси бепоён аз ин ки ба сафҳаи мо саре задед.

Назарот ва пешниҳодҳои худро дар бораи барнома ба одреси электрунии мо zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com фиристед.

То ҳафтаи баъдӣ аз ман ва тамоми ҳамкоронам дар Душанбе ва Ландан падруууууууууууууууууууууууд!

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

Барномаҳои қаблӣ

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.