Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 16 Ноябр соли 2010 - 15:51

Панҷоҳ милюн барои муқобала бо паёмадҳои тағйири иқлим дар Тоҷикистон

пирях

Дар даҳ соли оянда обшавии пиряхҳо ва хатароти хушксоливу обхезӣ дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Бар асоси тасмими кумитаи чандинмиллиятии Сандуқи Тағйири Ҳаво, Тоҷикистон дар миёни нахустин се кишваре қарор гирифт, ки дар заминаи муқобала бо хатароти ношӣ аз тағйири ҳаво кумаки билоиваз мегирад.

Тоҷикистон, Банглодеш ва Найҷериё нахустин кишварҳое буданд, ки барномаҳои истротежики худро дар ин замина дар сатҳи миллӣ таҳия карда ва ба Барномаи Озмоишӣ барои Тағйироти Ҷаввӣ (PPCR), (Pilot Program for Climate Resilience) ирсол доштанд.

Сандуқи Тағйири Ҳаво ба ин се кишвар 270 милиюн дулор ихтисос додааст, ки 50 милюн дулори он барои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Сандуқи Тағйири Ҳаво (Climate Change Funds) ниҳоде вижаест, ки дар соли 2008 барои сармоягузорӣ ба энержии қобили таҷдид, фановарии тоза, нигаҳдории бешаҳо ва мутобиқат ба тағйири иқлим таъсис шуда буд ва ҳоло ҳудуди шашуним милиёрд дулор дар ихтиёр дорад.

Шарикони ин ниҳод кишварҳои кумаккунанда ва созмонҳои байналмилалии молии мухталиф аст, ки ҳафтаи гузашта дар Вошингтун пешрафтҳо дар заминаи ин аҳдофро баррасӣ карданд.

Кристофер Бертелсен, яке аз руасои кумитаи (PPCR) дар бораи тахсиси маболиғ ба се кишвари нахустин гуфтааст: “Тасвиби се тарҳи нахустин дар чаҳорчӯби барномаи озмоишӣ барои мо гоми муҳиме буд, зеро мо умедворем, ин тарҳҳо барои дигарон улгу шуда ва ба дунё собит хоҳад кард, ки Сандуқи Тағйири Ҳаво кори хубе дар заминаи густариши фаъолиятҳо дар робита ба тағйири ҳаво анҷом медиҳад.”

Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки яке аз шарикони Сандуқи Тағйири Ҳаво аст, омадааст, ки Тоҷикистон тибқи натоиҷи пажуҳишҳои байналмилалӣ дар миёни кишварҳои Урупо ва Осиёи Миёна осебпазиртарин дар баробари хатароти ношӣ аз тағйири ҳаво маҳсуб мешавад.

Дар ин баёния ҳамчунин мехонем: “Қарор аст дар даҳ соли оянда обшавии пиряхҳо ва хатароти хушксоливу обхезӣ дар ин кишвар (Тоҷикистон) афзоиш ёбад ва ин кишвар тавони муқобала ва расидагӣ ба мушкилот марбут ба ин ҳаводисро надорад.”

Қарор аст 50 милюн дулоре, ки барои Тоҷикистон тахсис ёфтааст, дар иҷрои шаш тарҳ – дар заминаи беҳбуди омодагӣ дар заминаи муқобала бо хатароти ношӣ аз ҳаводиси табиъӣ дар асари тағйири ҳаво масраф шавад.

Ин тарҳҳо дар Тоҷикистон аз сӯи Бонки Осиёии Тавсеъа, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Урупоии Тавсеъа сармоягузорӣ хоҳанд шуд.

Аҳдофи аслии ин тарҳҳо тавсеъаи системи огоҳисозии қабл аз мавъид, таъмини бехатарии системҳои мавҷуди энержӣ дар сурати рух додани ҳаводиси табиъӣ, беҳбуди идораи замин барои кишоварзии босубот ва садсозӣ унвон мешавад.

Бонки Осиёии Тавсеъа эълом кардааст, ки дар чаҳорчӯби Барномаи Озмоишӣ барои Тағйироти Ҷаввӣ (PPCR) ба Тоҷикистон 750 ҳазор дулор кумаки билоъивази фаннӣ ихтисос медиҳад.

Ба гуфтаи манобеъи ин бонк, ин маблағ барои афзоиши тавоноии давлати Тоҷикистон дар заминаи тасмимгирии огоҳона барои мутобиқат бо паёмадҳои тағйироти ҷаввӣ масраф хоҳад шуд.

Зимнан соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар конфаронси марбут ба тағйири ҷаввии ҳаво дар Женев хостори тарҳи мавзӯъи пардохти ҷуброн ба "қурбониёни" тағйироти ҷаввӣ шуда буд.

Вай гуфта буд, ки "қурбониёни тағйироти ҷаввӣ" аз назари ӯ кишварҳое бо ҷамъияти андак ва рушди камтари саноеъ ҳастанд, ки дар партоби гозҳои гулхонаӣ саҳми зиёд надоранд, вале бештарин хисоротро аз паёмадҳои тағйири ҳаво мутаҳаммил мешаванд.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.