Ба рӯз шуда:  Шанбе, 13 Ноябр соли 2010 - 14:30

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ: 12 ноябр

Дуруууууд ба якояки шумо, хонандагони азизи саҳифаи барномаи тафреҳии тоҷикӣ!!!!!!!!!

Барномаи имрӯзи тафреҳиро, ман, Зарина, бароятон омода кардам.

Дар ин барнома Мардони Муҳаммад ва Орзуи Карим, ҳамкоронам, низ саҳм гузоштанд.

Матолиби барнома:

Аз гуфтани вожаҳои омехта ба нафрин ва дашном худдорӣ кунед! Матлабе дорем дар бораи ин ки чаро аксари ҷавонони тоҷик дар хиёбонҳо аз тавҳину дашном кор мегиранд.

Орзуи Карим

Бо Орзуи Карим меравем ба сайри ҷаҳони фарҳанг ва ҳунари устони Хатлон.

Саре мезанем ба осорхонаи Балҷувон ва меравем ба Бешаи Палангон.

Музейи Балҷувон

Кашидани тамоку ё сигор аз моҳи аввали соли оянда дар амокини умумӣ мамнӯъ мешавад.

Футболи тоҷик: муваффақиятҳо ва бохтҳои он.

Телефуни ҳамроҳ ва овозхонҳои тоҷик. Овозхон чи рабте ба телефун дорад?

Зарина ва Ширинмоҳ

Барномаи моро дар родию гӯш кунед ва сафҳаамонро бихонед. Суҳбате дорем бо Ширинмоҳои Ниҳол, овозхони маъруф.

Ҳар беша гумон мабар ки холист,

Шояд ки паланг хуфта бошад!

Ҳамкорам Орзуи Карим пештар ба Бешаи Палангон, зистгоҳи ҷонварони нодир дар устони Хатлон рафта ва ҷонварони онҷоро аз наздик дида буд.

Бешаи Палангон

Орзу ҳудуди ҳафт килуметр аз Беша Палангонро тай карда ва бо Зафар Воҳидов, муроқиби ин макон, суҳбат кардааст.

Оқои Воҳидов мегӯяд, ки бархе аз сокинони навоҳии наздик ба Бешаи Палангон гоҳо ба беша меоянд ва бидуни иҷоза ҷонваронро шикор мекунанд. Ин амр мӯҷиби коҳиши шумори ҷонварони нодир шудааст, ки паёмади хубе надорад.

Мормоҳи

Оқои Ваҳидов ҳамчунин мегӯяд, ки ҷонваре бо номи моҳии морсар, ки ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об зиндагӣ мекунад, тамоми қурбоқаҳо ва ҷонварони дигари обиро фурӯ бурдааст.

Ойиша яке дигар аз кормандони мамнӯъгоҳи Бешаи Палангон аз ҳайвоноте, ки дар табиъат каме мариз шудаанд ва ё заъиф ҳастанд, муроқибат мекунад.

Ойиша

Вай мегӯяд, ки аз ҷонварони ваҳшӣ наметарсад, бештар аз одамоне бим дорад, ки ҳаёти ҷонваронро бо хатар мувоҷеҳ месозанд. Яъне ба гуфтаи Ойиша, вай аз он метарсад, ки одамӣ метавонад ҳайвонотро ва набототро бо рафтори нодурусташ ба нобудӣ расонад.

Орзу ва Акбаралӣ

Ва ҳамсуҳбати дигари Орзу Акбаралӣ Кишваров, омӯзгори мадарсае дар устони Хатлон аст, ки кӯдаконро барои тамошо ба мамнӯъгоҳи Бешаи палангон овордааст. Вай, ки аз осорхонаи Бешаи Палангон дидан мекард, ин ҷойро барои кӯдакон ва ҷавонон тамошобоб унвон кард.

Фаъолони муҳити зист дар Тоҷикистон мегӯянд барои ин ки кӯдакон дар оянда тавонанд мисли имрӯз бо ҷонварони Бешаи палангон ошно шаванд, бояд аз шикори онҳо даст кашид ва муроқиби онҳо буд.

Пиндори нек, гуфтори нек!

Дар даҳсолаҳои ахир дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон ҷавонон ва ҳатто кӯдаконеро метавон мушоҳида кард, кизимни суҳбатҳои маъмулӣ ҳамвора аз вожаҳои олуда ба дашному бадгуфторӣ истифода мекунанд.

Ҳатто дар мадориси ҳамагонӣ бархе аз кӯдакон ва ҷавонон бо ҳамдигар бо хушунат ва дашном суҳбат мекунанд, ки мӯҷиби шармсории худи онҳо ва ҷомеъа аст.

Сокинони Душанбе

Ман ҳам рафтам ба хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ҳамчунин ба бархе аз мадориси шаҳр сар задаму бо масъулон ва волидон суҳбат кардам.

Саъодат Майдонова, раиси гимназия ё мадрасаи вижаи иқтисодии шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки дар тарбияти кӯдакон ва наврасон падарону модарон нақши аслиро мебозанд.

Кӯдакони Душанбе

Ба гуфтаи вай, кӯдаконе, ки бо истифода аз ҳарфҳои бад ва олуда ба дашном суҳбат мекунанд, ин вожаҳоро ҳатман аз волидону наздиконашон шунида ва ёд гирифтаанд.

Саъодат Майдонова

Аммо Саъодатбону мегӯяд, ки дар мадрасаи онҳо, омӯзгорон дарсҳои худро аз суҳбати вижае дар бораи ахлоқу одоб оғоз мекунанд.

Арабалӣ

Арабалӣ, як сокини солманди шаҳри Душанбе, низ дар тақвияти суханони Саъодатбону гуфт, ки қабл аз ҳама дар хонавода бояд афроди бузургсол суҳбатҳои дуруст ва мутамаддинона кунанд, то кӯдаконро низ бо ин шева ба суҳбатҳои ширину гуворо одат диҳанд.

Бархе дигар аз ҳамсуҳбатҳои ман мегӯянд, ки иддае аз омӯзгорон низ ба ҳангоми дарсҳо ба кӯдакон бо лаҳни хушунатбор суҳбат мекунанд. Дар ҳоле ки ба ҷойи ин бояд онҳо ба шогирдон бештар панду андарзи бузургони адабиёти форсиро ёд диҳанд.

"Сигор ва нос даҳонро бадбӯй мекунанд"

Ахиран порлумони Тоҷикистон қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он аз моҳи аввали соли оянда кашидани сигор дар амокини умумӣ ё ба истилоҳ "ҷойҳои ҷамъиятӣ" мамнӯъ хоҳад шуд.

Барои нақзи ин қонун ҷарима пешбинӣ шуда ва он аз 1-уми моҳи январи соли 2011 роиҷ хоҳад шуд.

Мардон ва Зарина

Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад мегӯяд, ки ин қонун ба кашидани нос низ марбут аст, зеро бархе аз сокинони Тоҷикистон дар амокини умумӣ, масалан солунҳои ҳавопаймоҳо, низ нос мекашанд ва онҷоро касиф мекунанд, ки бисёр нохушоянд аст.

Биё, бирем Балҷувон...

Боз ҳам бо Орзуи Карим ба тамошои манотиқи зебои устони Хатлон меравем. Ин бор ба осорхонае дар ноҳияи Балҷувон меравем, то бибинем, ки Восеъ бо кадом силоҳ дар замони худ шӯриш карда буд.

Орзу ва Аноргул

Зебо Латифова, тарҷумони осорхонаи ноҳияи Балҷувон аст. Вай мегӯяд шамшере, ки дар ин осорхона маҳфуз аст, ба таърихи зиндагии Восеъ, шӯришии номдор дар замони аморати Бухоро, рабт дорад.

Зебо

Хонуми Зебо мегӯяд, ки Восеъ бо ин шамшер алайҳи душманонаш ҷангидааст. Ҳамчунин, дастбандҳои занҷирӣ низ дар ин осорхона ҳастанд, ки гӯё бо онҳо пой ва дастони Восеъро баста ба Бухоро бурдаанд.

Шамшерҳои осорхона

Кормандони ин осорхона ашёи маҳфуз дар осорхонаро аз миёни мардум ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар осорхона ҳамчунин осоре аз ҳунарҳои дастии мардумони вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шудаанд.

Музейи Балҷувон

Аноргул мегӯяд, ки бо ин кафшҳо маъмулан арӯсҳоро ба манзили домодон мебурданд. Орзу низ кафшҳоро ба пой кашид, то бубинад, ки роҳ рафтан бо онҳо чи эҳсосе дорад.

Футболи тоҷик: бохтҳои паёпай

Ахиран дар мусобиқоти футбол дар Ӯзбакистон тими мунтахаби футболбозони ҷавони тоҷик аз тими мунтахаби Ӯзбакистон бо ҳисоби 0 бар 8 мағлуб шуд.

Ҳамкорам Мардони Муҳаммад мегӯяд, ки дар ин мусобиқот варзишкорони зери синни 16-сола ширкат карданд ва бохти футболбозони тоҷик бисёре аз ҳаводорони ин навъи варзиш дар Тоҷикистонро навмед кард.

Масъулон гуфтаанд, ки мушкили аслии варзишкорони тоҷик камбуди сармоя ва манобеъи молӣ, фаъол набудани мадориси вижаи варзишӣ ва майдонҳои бозии футбол будааст.

ФИФО дар Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, ахиран дар Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ барои дастандаркорон ё мудирони тимҳои футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон доир шуд.

Дар ин давраҳо мураббиён аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони варзиш аз ҷумла ҷумҳурии Чек, Словени ва Русия ширкат доштанд.

Баргузоркунандаи ин давраҳои омӯзишӣ ФИФО ё Федеросиюни Байналмилалии Футбол буда ва ҳадаф аз он тавсеъаи ин навъи варзиш дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон хонда шудааст.

Овозхонҳо ва телефуни ҳамроҳ

Дар яке аз солунҳои ороиши мӯй менишастам, ки телефуни ҳамроҳи яке аз кормандони он занг зад ва таронае аз Ширинмоҳи Ниҳол, овозхони маъруф, садо дод.

Садои занги телефуни корманди дигари ин солун иборат аз таронахонии Садриддини Наҷмиддин буд.

Садои бархе аз овозхонони саршиноси тоҷик имрӯзҳо дар муқоиса бо родию ва телевизюнҳо бештар аз тариқи телефунҳои ҳамроҳ дар ҷомеъа мунташир мешаванд.

Ширинмоҳи Ниҳол

Ширинмоҳи Ниҳолро ба истудию даъват кардам ва аз вай пурсидам, ки агар дар минибус ё макони дигаре садои овозхонии худро аз телефуни ҳамроҳ шунавад, чи хоҳад кард?

Вай мегӯяд шод аст, ки то ҳол дар миёни дӯстдорони мусиқӣ ҳаводороне дорад. Вай афзуд, ки 27 сол боз дар саҳнаи ҳунар аст. Пас суоли матраҳ ин аст, ки чаро таронаҳои вай ва овозхонҳои дигаре мисли ӯ дар родию ва телевизиюнҳои давлатӣ камтар пахш мешаванд?

Ин овозхонҳо мегӯянд, ки ба ин суол бояд масъулони родию ва телевизиюнҳои саросарӣ посух диҳанд.

Ширинмоҳ орзӯ дорад консерти хусусии худро баргузор кунад. Аммо ба сабаби надоштани сармояи зарурӣ ҳанӯз амалӣ шудани ин орзуяш мушкил аст.

Сипоси бепоён аз ин ки ба сафҳаи мо саре задед.

Назарот ва пешниҳодҳои худро дар бораи барнома ба одреси электрунии мо zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com ба мо фиристед.

То ҳафтаи баъдӣ аз ман ва тамоми ҳамкоронам дар Душанбе ва Ландан падруууууууууууууууууууууууд!

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.