Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 28 Октябр соли 2010 - 07:41

Консерти муштараки порсигӯён

Сафорати Фаронса аз 21 то 24 октябр дар Душанбе як ҳамоиши илмӣ таҳти унвони "Пайванди таърихии шеър ва мусиқӣ дар қаламрави забонҳои эронӣ" баргузор кард.

Дар ин ҳамоиш ҳунармандон ва пажӯҳишгарони мусиқӣ аз Фаронса, Эрону Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа ширкат доштанд. Дар поёни ҳамоиш, овозхонҳо, мусиқинавозон ва раққосон аз кишварҳои форсизабон як барномаи муштараки консертӣ иҷро карданд.

Дар ин консерт, ки дар толори Ҳунаристони давлатии Тоҷикистон рӯзи 24 октябр баргузор шуд, мақомсароён ва овозхонҳои оҳангҳои мардумӣ аз Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон ва гурӯҳҳои рақси суннатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.

Аксҳоеро, ки дар олбуми зер мебинед, Ситора Акбария ва Рузбеҳ Қосимӣ, ду ҷавони эронӣ, ки дар ин барнома ширкат доштанд, дар ихтиёри мо гузоштанд:

Консерти муштараки порсигӯён

  • Консерти муштараки порсигӯён
    Дастаи "Само": Рақс ва овозхонии мардуми Бадахшон вижагиҳои худро дошта ва бо соири манотиқи Тоҷикистон тафовут дорад
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Ҳормуниюм дар мусиқии Афғонистон нақши меҳварӣ дорад. Ин сози мусиқӣ дар авоили қарни 18 дар Урупо пайдо шуда ва ба мустаъмараҳои Бритониё, аз ҷумла ба Ҳинд, роҳ ёфтааст. Ҳормуниюми имрӯзии ҳиндӣ ё афғонӣ бо сози аввалияи мусиқии урупоӣ тафовутҳое дорад
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Думбра ё дутори кӯтоҳ ва таблак беш аз ҳар ҷойи дигар дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, мавриди истифода аст
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Фалак жонри овозхонии фулкуриест, ки бештар дар Хатлон ва Бадахшон роиҷ аст ва ду навъ мешавад: фалаки даштӣ ва роғӣ
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Рақси тоҷикӣ дар ҳавои чанги эронӣ
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Сантур, аз чап, аз муҳиммтарин созҳои роиҷ дар мусиқии Эрон аст
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Уд ва ё барбат эҳтимолан ҳамон созест, ки Борбади Марвазӣ дар дарбори шоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз менавохт ва овоз мехонд
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Рақси тоҷикӣ бо аносире аз сунани рақсии Бухоро ва Самарқанд, ки маъмулан дар ҳавои таронаҳои "Шашмақом" иҷро мешавад
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Мусиқинавози эронӣ: Занони эронӣ дар кишвари худ бо маҳдудиятҳое дар заминаи овозхонӣ рӯбарӯянд, вале дар навохтани созҳои мусиқӣ зоҳиран монеъае нест
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Дона Баҳром, овозхон ва фалаксарои маъруфи тоҷик, ки абётеро аз "Шоҳнома" низ оҳанг баста ва хондааст
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Такоҳанг: Дутор барои иҷрои оҳангҳои маҳаллӣ ва ҳатто клосик, назири "Шашмақом", бидуни уркестр бисёр муносиб аст
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Чарх задан дар рақси бадахшонӣ аз рақсу самоъи сӯфиёна маншаъ мегирад
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Занон дар иҷрои мусиқии суннатӣ, бавижа таронаҳои "Шашмақом" дар Тоҷикистон нақши боризе доранд
  • Консерти муштараки порсигӯён
    Рангҳои сурху сафед дар либоси маҳаллии бадахшонӣ нумоди хушбахтӣ ва сурур маҳсуб мешаванд

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.