Ба рӯз шуда:  Шанбе, 23 Октябр соли 2010 - 13:30

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 22 октябр

Дурууууд ба алоқамандони ҳамешагии барномаи тафреҳии тоҷикӣ,

Муҳтавои барнома:

Натоиҷи ҷашнвораи филми “Дидор-2010”, эътои ҷавоиз ва назари филмсозон,

Баъди даҳ соли сукут Ғунчагул Давлатова, узви гурӯҳи маъруфи "Мавҷи Вахш" дубора олбуми оҳангҳояшро забт мекунад,

Сӯҳбате дорем бо Фарҳоди Милод, таронасаро ва оҳангсоз, ки акнун худаш ба овозхонӣ шурӯъ кардааст.

Натоиҷи ҷашнвораи "Дидор-2010"

Дар ҷашнвораи байналмилалии филми “Дидор-2010” филми "Свет-ака", сохтаи Актан Арим Кубат, синемогаре аз Қирғизистон, пирӯз шуд.

Ҳамчунин, ҷоиза барои филми кӯтоҳ ба Басири Сангӣ, коргардоне аз Афғонистон, ва ҷоизаи беҳтарин коргардонро Маҷиди Барзгар аз Эрон ба худ ихтисос доданд.

Дар ин синемобазм, ки аз 14 то 16 октябр дар кохи Зебуннисои шаҳри Душанбе доир шуд, ҳудуди 60 филми ҳунарӣ ва мустанад пешкаши тамошочиён ва доварону меҳмонони ҷашнвора шуд.

Маҷиди Барзгар, барандаи ҷоизаи беҳтарин коргардон, дар ҷашнвораи “Дидор” мегӯяд: "Мо бари иҷрои нақш дар ин филм бозигарони ҳирфаиро даъват накардем. Аз таҷорубе, ки дар гузашта низ доштем, нобозигарон ва ё бозигарони ғайриҳирфаӣ хеле хуб метавонанд нақш бозӣ кунанд."

Маҷиди Барзгар Бо Заррина

Достони филми "Фасли боронҳои мавсимӣ" аз Маҷиди Барзгар атрофи як ҷавон мечархад, ки гирифтори мушкилоти хонаводагӣ шуда ва падару модараш аз ҳам ҷудо мешаванд ва ин ки ин ҳодиса то чи андоза рӯйи зиндагии Сино, қаҳрамони 16-солаи филм, асар мегузорад.

Чунончи оқои Барзгар афзуд: “Дар маҷмӯъ, ин филм достони зиндагии бачаҳои имрӯзи Теҳрон, хонаводаҳои Теҳрон ва рӯзгори навҷавонони ин шаҳрро бозгӯйӣ мекунад."

Аммо Басири Сангӣ, барандаи ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳ дар ҷашнвораи “Дидор-2010”, дар бораи филми худ мегӯяд: "Ман бо ин филм мехостам бигӯям, ки интиҳор роҳи аслии расидан ба мақсад нест, роҳи расидан ба мутлақ, Худованд ва ё мукофот нест ва мардум аз ин суде намебинанд. Ва интиҳор мардумонеро ба марг мерасонад, ки куллан бегуноҳ ҳастанд."

Басири Сангӣ

Муҳтавои аслии филми оқои Сангӣ рӯйи бунёдгарии мазҳабӣ мечархад ва табъан мавзӯъи интиҳор (инфиҷор бо роҳи худкушӣ) ва авоқиби ногувори он барои ҷавонон дар Афғонистон аст, ки дар ин кишвар дар миёни ҷавонон зиёд шуда ва ҷони ҳазорон мардуми бегуноҳро мегирад.

Клик Мусоҳибаи комили Басири Сангиро бо нохун задан бар рӯйи ин сатри обӣ бихонед

Ғунчагул Давлатова, танҳо овозхони гурӯҳи “Мавҷи Вахш”

Дар авохири солҳои 90-и қарни гузашта гурӯҳи мусиқие бо номи “Мавҷи Вахш” дар ноҳияи Вахши устони Хатлон аз маҳбубияти зиёде бархурдор буд. Дар саросари Тоҷикистон ва дар бисёре аз ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин гурӯҳ барномаҳои кунсертӣ иҷро карда буд.

Ғунчагул бо Орзу

Аммо дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 бисёре аз аъзои ин гурӯҳ кушта шуданд.

Ғунчагул Давлатова ягона узви ин гурӯҳ буда, ки ҷон ба саломат бурдааст ва пас аз солҳои сукут дубора шурӯъ кардааст ба овозхонӣ. Орзуи Карим, хабарнигори маҳаллиамон дар шаҳри Қурғонтеппа, сӯҳбате анҷом додааст бо хонуми Давлатова.

Ғунчагул Давлатова мегӯяд, ки ба хотири сарояндагони кушташуда, бахусус роҳбари даста Аҳлиддин Нуруллоев, ки ҳамқисмати Ғунчагул буд, хомушӣ пеша карда буд.

Ғунчагул

Бонуи Ғунчагул мегӯяд ба хотири суханони ҳамсараш Аҳлиддин Нуруллоев, ки мегуфт "дар ҳар сурате, ки саломат бошӣ, номи дастаро зинда нигоҳ дор" дубора тасмим гирифтааст, дастаи "Мавҷи Вахш"-ро зинда кунад.

Метавон гуфт, ки Ғунчагул дубора ба саҳна омад ва баъди хомӯшии тӯлонӣ ва аз назарҳо дур будан боз сурудҳои наверо барои дӯстдоронаш эҷод карду бо садову симо ба мухлисонаш расонд.

Ғунчагул

Ғунчагул аз ӯҳдаи хондани ҳама гуна суруд мебарояд, вале аз рӯзҳои аввал ӯро бо хондани суруди халқии "Дасмол медӯзам", "Чапаркокул" мешиносанд.

Ғунчагул ҳоло аз пайи офаридани сурудҳои нав аст ва олбуми мусиқиҳояш ба номи "Муҳаммад" омодаи шунидан аст ва олбумаш дар шакли видию шомили якчанд клип аст, ки дар Дубай забт шудаанд.

Фарҳоди Милод: "Сарояндаҳо дарди маро ба шунавандҳо намерасонанд"

Фарҳоди Милод, қаҳрамони дигари барномаи мо, чандин оҳанг ва таснифҳоро барои овозхонҳои ҷавони тоҷик эҷод кардааст, мисли оҳанги “Муҳоҷирбача” ва оҳанги “Шаробӣ”-ву “Таронаи шаб”-и Баҳроми Ғафурӣ.

Таснифи шаш оҳанг аз олбуми “Бобуна”-и Шабнами Сурайёро навишта ва чандин ҷавонҳо, ки тоза ба ҷоддаи овозхонӣ ва мусиқӣ қадам гузоштаанд, оҳангҳои Фарҳодро иҷро кардаанд.

Чанде қабл ду оҳанги ҷадидеро шунидам, ки Фарҳоди Милод худаш мехонд ва рӯзи панҷшанбе дар дафтари бахши форсии родиюи Би-би-сӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбате доштам бо Фарҳоди Милод.

Фарҳоди Милод

Нахуст аз Фарҳод сабаби овозхониашро пурсидам:

Вай гуфт: "Аслан овозхонии ман аз овозхонии овозхонҳое, ки ман барои онҳо оҳангу тасниф месозам, фарқ дорад. Онҳо ба хотири маҳбубият ва шуҳрат овозхонӣ мекунанд, аммо ман барои таскини дилам овозхонӣ мекунам."

"Дар бештари авқот он ҳолу ҳаво ва эҳсосоте, ки дар ҳар як оҳанг ҳаст, хонанда наметавонад онро ба шунаванда расонад. Аксаран баъди шунидани оҳанг аз забони ягон овозхон мебинам, ки на ин ончи буд, ки ман мехостам. Агарчи мусиқӣ дар ҷояш, матн низ ғалат иҷро намешавад, аммо он муҳаббат ва баёни пинҳоне, ки ҳар як суруд дар худ дорад, ногуфта мемонад. Танҳо ҳамин чиз маро овозхон кард."

Нахустин оҳанге, ки Фарҳоди Милод, ба қавли худаш, овозхониро аз ҳамин оҳанг шурӯъ кардааст, “Эй дӯст” ном дорад. Каломи ин оҳанг бар қалами Қаҳҳори Осӣ, шоъири афғон, таъаллуқ дорад, аммо мусиқии онро чунон ки Фарҳод мегӯяд, худаш сохтааст. Аммо бар ҳамин тасниф Фарҳоди Дарё, овозхони пуровозаи афғон низ оҳанге иҷро мекунад.

Фарҳод мегӯяд: "Бисёре аз овозхонҳое мисли Баҳроми Ғафурӣ ва боз чанд нафари дигар, ки ман барои онҳо тасниф ва мусиқӣ менависам, мехостанд, ки ҳамин оҳангро иҷро кунанд ва ҳатто пули зиёде низ ваъда карданд, аммо ин оҳанг барои ман ончунон азиз аст, ки ман нахостам каси дигар онро иҷро кунад.

Баъди панҷ сол таъаммуқ худам билохира бо садои худам онро забт кардам. Мураттиби ин оҳанг низ Сабзалӣ Маҳмадалӣ, аз дӯстони деринаам аст."

Фарҳод бо Зеваршоҳ

Аз Фарҳод пурсидам, ки ба ҷуз ин ду оҳанге, ки худаш иҷро кардааст, боз оҳангҳои дигаре низ иҷро хоҳад кард ва ё на?

Фарҳод гуфт: "Дар ҳоли ҳозир 25 оҳанг барои худам сохтаам ва шаш оҳанг ҳоло дар истудию мураттаб мешавад ва рӯзҳои наздик бояд садоямро забт кунам. Ин оҳангҳое ҳастанд, ки тайи солҳо сохтаам ва ҳамеша медонистам, ки ба ҷуз ман ин оҳангҳоро каси дигар иҷро карда наметавонад."

Ҳадафи аслият аз овозхонӣ чист?

Фарҳод: "Ҳадафи ман аз овозхонӣ ҳаргиз ин набуда, ки ман барои касе чизеро исбот кунам, ки ин гуна бояд овозхонӣ кард ва ё ба унвони мисоли зиндагӣ бошам барои касе, на ҳаргиз ин ҳадафҳоро надорам.

Ҳатто орзӯи шӯҳрат ва ё маҳбуб буданро надорам. Танҳо барои таскини дилам мехоҳам овозхонӣ кунам, агар барои касе сурудаҳои ман писанд омада бошад, хеле мамнунам аз муҳаббати онҳо."

Дар идомаи сӯҳбаташ Фарҳод афзуд ки илова бар кибурд, ки чанд моҳ қабл харида буд боз як армония ва як гитор низ харидорӣ кардааст ва дорад бо шавқ меомӯзад навохтани созҳои мусиқиро. Аммо барои сабти оҳангҳо ҳамеша такя мекунад ба дастони мутрибон ва ромишгарони ҳирфаӣ.

Шунавандаҳои азиз сӯҳбати пурраи моро бо Фарҳоди Милод метавонед дар барномаҳои нимрӯзии родиюи Би-би-сӣ барои Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе, соъати 15 ба вақти Душанбе, ва соъати 10 ба вақти Ландан, бишнавед.

Назарот ва пешниҳодҳои худро дар бораи барнома ба одреси электрунии мо zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com ба мо фиристед.

То барномаи дигар, бедруууууууууууд...

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

Барномаҳои қаблӣ

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.