Ба рӯз шуда:  Душанбе, 11 Октябр соли 2010 - 03:14

Гуфтугӯҳо дар бораи тағйироти иқлимӣ поён ёфт

Гуфта мешавад музокиракунандагони чинӣ Омрикоро ба хуке, ки саъй дорат покиза нигаҳ ҷилва кунад, ташбеҳ карданд

Гуфтугӯҳои Созони Милал дар бораи тағйироти иқлимӣ дар Чин бидуни дастёбӣ ба пешрафти умда ва ҳамалоти лафзии тунди Чин ба Омрико поён ёфтааст.

Дар ин гуфтугӯҳо дар Тиёнҷин, Чин Омрикоро ба хотири нокомӣ дар амал ба масъулиятҳояш барои коҳиши тасоъуди гозҳои гулхонаӣ ва талош барои амал бар хилофи усули Созмони Милал муқассир шинохт.

Омрико низ Чинро муттаҳам кард иҷоза намедиҳад, ки мизони коҳиши довталабонаи масрафи энержӣ тавассути ин кишвар ба тасдиқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ бирасад.

Аммо пешрафтҳое дар заминаи даври баъдии гуфтугӯҳои иқлимӣ дар моҳи ноябр дар Мекзик ҳосил шуд.

Умед меравад, ки мулоқоти баъдӣ дар Конкуни Мекзик ба тавофуқ бар сари ҷузъиёти як сандуқ барои интиқоли 100 милёрд дулор дар сол аз кишварҳои ғанӣ барои кумак ба кишварҳои фақир ҷиҳати муқобила бо авоқиби ношӣ аз тағйироти иқлимӣ мунҷар шавад.

Кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ин маблағро қобили таваҷҷуҳ, аммо нокофӣ тавсиф кардаанд.

Гуфтугӯҳои якҳафтаӣ дар шаҳри Тиёнҷин дар шимоли Чин ба ҳамон бунбасти қадимӣ бархӯрдааст.

Чин эҳсос мекунад, ки интиқодҳои Омрико ғайримунсифона аст.

Бино ба гузоришҳо рӯзи душанбе яке аз музокиракунандагони чинӣ Омрикоро ба хуке ташбеҳ кард, ки мехоҳад покиза ҷилва кунад дар дар ҳоле дар бораи рафтори Пекин шикоят мекунад, ки худ камкорӣ кардааст.

Ҷонотон Першинг сарпарасти ҳайати омрикоӣ рафтори диплумотиктаре дошт.

Аммо ӯ гуфт, ки Омрико пойи ҳеҷ гуна тавофуқи илзомоваре , ки Чинро мулзам ба иҷрои он накунад, имзо нахоҳад кард.

Алорағми эҳсоси сархӯрдагӣ нисбати рӯёрӯйии қудратҳо, пешрафтҳое дар Тиёнҷин ҳосил шуд.

Агар дар нишасти моҳи оянда дар Конкун бар сари сандуқи 100 милиёрддулорӣ тавофуқ ҳосил шавад, собит хоҳад шуд, ки ин гуфтугӯҳо ҳанӯз намурдааст.

Диплумотҳо дар Тиёнҷин ихтор медоданд, ки агар дар ин замина ҳам тавофуқ ҳосил нашавад, оянда иқдомоти чандҷониба миёни кишварҳои ҷаҳон дар сояи тардид қарор хоҳад гирифт.

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.