Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 08 Октябр соли 2010 - 13:58

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 8 октябр

Бо дуруд!!!!!!!!!

Хуш омадед ба барномаи тафреҳии тоҷикии ин ҳафта, ки ман Зарина дар ҳамкорӣ бо Зеваршоҳ, Орзуҷон ва Исфандиёр бароятон омода кардам.

Матолиби барномаи ин ҳафта:

Сомӣ Юсуф дар Тоҷикистон. Мусоҳибаи Зеваршоҳро бо ин хонандаи эронитабор,

Самӣ ва Зеваршоҳ


Маҳофили таҷлил аз "Рӯзи Забон" ва назароте дар бораи забон,

Ҳамоиши Рӯзи Забон

Зодрӯзи Асаншоҳи Сайидик, овозхони бадахшонӣ,

Ва дар барномаи ин ҳафта суҳбатҳои ширин ва машваратҳое барои духтаронро аз як духтари ҷасур ва варзишкори тоҷик пешкаши шумо мекунем.

Мавзуна Чориева


Ҳамчунин ин ҳафта бо кумаки яке аз ҳамкоронамон меравем ба сайри Сари Хосор, яке аз минтақаҳои зебои кӯҳистонӣ дар Хатлон.

Орзуи Карим ва Фотима


Ва назари Фотима, як духтари ҷавон, ки бо вуҷуди мушкилоти биноӣ дар донишгоҳ таҳсил мекунад.

Рӯзи мавлуди бархе аз овозхонони тоҷик аз ҷумла рӯзи таваллуди Наргис Бандишоева низ дар ҳафтаи гузашта буд.

Саҳифаи вижаи барномаи тафреҳиро бихонед ва аз хабарҳои фарҳангии ҳафтаи гузашта бохабар шавед!

Қобили пахш намешавад. Шумо нусхаи муносиби Флэшро надоред.

Пахши форматҳои дигари савту тасвир

Ба Тоҷикистон бармегардам.....

Рӯзи чаҳоршанбеи 7-уми октябр Сомӣ Юсуф дар Душанбе консерте барои дӯстдорони ҳунараш иҷро кард.

Таронаҳои ин овозхон дар Тоҷикистон тавассути сидию дивидӣ ва наворҳояш машҳур шуда ва дар кӯтоҳтарин фурсат Сомӣ Юсуф тавонист таваҷҷуҳи бисёре аз ҷавононро ба худ ҷалб кунад.

Зеваршоҳ қабл аз иҷрои барномаи кунсертӣ бо Сомӣ суҳбате дошт аз ин қарор:

Мехостам нахустин таассуроти худро аз Тоҷикистон бигӯед?

Ман хеле ҳаяҷонзада ҳастам, хеле хушҳол ва мутаассирам, зеро Тоҷикистон шояд бароям наздиктарин ҷо ба Эрон бошад – кишваре, ки ман дар онҷо, дар Теҳрон, мутаваллид шудам. Эҳсос мекунам, ки ин ҷо ман бо мардуми худам ҳастам ва ин танҳо як кунсерти дигар нест.

Самӣ Юсуф дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои дигар, монанди Озарбойҷон, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сарнавишти худро ба дасти худ гирифтаанд ва дубора дар ҷустуҷӯйи ҳувияти худ ҳастанд.

Чи фазои такондиҳанда ва замони муносибест ва ман мардумеро мебинам, ки саршор аз умед ва орзу ҳастанд. Мехоҳам ба ҳама бигуям, ки худо ҳамаатонро биёмурзад. Ман бисёр хушбахтам ки ин ҷоям ва ба дидори шумо мушарраф шудаам. Сипос аз меҳмондории шумо.

Баъд аз Тоҷикистон ба куҷо меравед ва чи барномаҳое доред?

Самӣ Юсуф

Мо як намоиш дар Нидерлонд, дар Ротердам, дорем. Баъдан се сафари ҳунарӣ ба шаҳрҳои бузурге дар Урупо анҷом медиҳем, ки даҳҳо ҳазор ширкат хоҳанд кард. Як барномаи дигар дар Арина дорем.

Мо озими як сафари ҷаҳонӣ низ ҳастем. Ва сидқан мегуям, ки ман хеле мехоҳам то шаш моҳи оянда боз ба Тоҷикистон оям ва як намоиши бузурге барои мардум, барои тӯдаҳо, иҷро кунам.

Клик Мусоҳибаи комил бо Сомӣ Юсуфро инҷо бихонед

Забони ман - ҷаҳони ман.....

Аммо рӯзи 5-уми октябр дар Тоҷикистон аз "Рӯзи Забон" таҷлил ба амал омад.

Ҳамкорам Зеваршоҳ ҳафтаи гузашта дар яке аз маҳофили рӯзи забон ширкат дошт ва бо Аскар Ҳаким, шоъири маъруф, дар мавриди зарурати таҷлил аз рӯзи забон суҳбат кард.

Аскар Ҳаким

Оқои Ҳаким бар ин назар аст, ки барои он ки мардум дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ-форсӣ суҳбати гуворо кунанд, қабл аз он бояд ба ҷавонон хондани кутубро ёд дод.

Кутуби нашриётҳои Тоҷикистон

Вале вай мегӯяд: "Дар Тоҷикистон кутуб ва маҷаллаҳое, ки дар он осори ниёкон ва адибони кунунӣ дарҷ шудаанд, ба теъдоди андак нашр мешаванд. Ҳамчунин, хондани кутубро барои ҷавонон бояд аз синни мактабӣ ва ҳатто қабл аз он ёд дод."

Аз сӯйи дигар, Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷики муқими Ландан, илали аслии коста шудани забони форсӣ дар Тоҷикистонро аз миён бурдани хатти форсӣ медонад.

Дориюши Раҷабиён

Оқои Раҷабиён мӯътақид аст, ки ба поксозии забон ва ёд гирифтани он ба таври шевову фасеҳ танҳо аз роҳи гузор аз хатти сирилик ба хатти форсӣ даст ёфтан мумкин аст.

Оқои Раҷабиён гуфт: "Дар миёни мақомоти Тоҷикистон касеро пайдо кардан мушкил аст, ки бо забони тоҷикӣ дурусту бидуни иштибоҳ суҳбат кунад. Аксари онҳо ба ҳангоми суханронӣ забони тоҷикиро бо забонҳои ғайр ва ё бо вожаҳои номафҳум ва ноҷо омехта мекунанд."

Асаншоҳ - овозхони таронаҳои помирӣ

Бисёре аз забоншиносон дар маҳфилҳое дар робита ба таҷлил аз Рӯзи Забон ба хатароти аз миён рафтани бархе аз забонҳои куҳани эронӣ дар Тоҷикистон ишора мекарданд ва пешниҳодҳое дар мавриди нигаҳдории онҳо ироа мекарданд.

Севуми моҳи равон Асаншоҳи Сайидик, яке аз овозхонони маъруф, ки дар феҳристи барномаҳои кунсертияш таронаҳои зиёдеро ба забонҳои роиҷ дар Бадахшон иҷро мекунад, рӯзи таваллуд дошт.

Асаншоҳ дар шаҳри Хоруғ гурӯҳи ҳунарии худро таъсис дода ва дар он ҳамзамон бо таронаҳои замонавӣ таронаҳои суннатии мардуми Бадахшонро иҷро мекунад. Асаншоҳ бештар хондани таронаҳои мардумиро бо шеваи замонавӣ дӯст медорад.

"Аз духтарони муштзан наҳаросед"

Мавзуна Чориева, қаҳрамони мусобиқоти осиёӣ дар муштзанӣ, ин ҳафта меҳмони барномаи мост.

Мавзуна ва Зарина дар истудиои Би-би-сӣ

Мавзуна мегӯяд, ки ҳарчанд дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ дар Барбадос дар муштзанӣ миёни варзишкорони духтари то 60 килуграм вай ҳеҷ ҷоизаеро ба даст наоварда, вале "ин нахустин бор буд, ки дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ як духтари муштзан аз Тоҷикистон ширкат кард."

Мавзунабону қавл дод, ки дар мусобиқоти ояндаи Ҷоми Осиёӣ, ки дар моҳи ноябр дар Чин баргузор хоҳад шуд, вай мақоми аввали қаҳрамониро ба худ ихтисос хоҳад дод. Бад-ин манзур Мавзуна ҳоло шаб то рӯз тамрин мекардааст.

Аз Мавзуна пурсидам бо дарназардошти он ки вай ба варзиши ба истилоҳ мардона машғул аст, оё нигарон нест, ки ҷавонписарони ошиқаш аз бими “шатта хӯрдан” ба ӯ изҳори муҳаббат накунанд?

Мавзуна Чориева

Аммо Мавзуна гуфт: "Дар интихоби варзиши муштзанӣ падарам саҳм дорад. Ростӣ, мо духтарони муштзан ҳарчанд бозувони қавӣ дорем, вале дар манзил ва зиндагии маъмулӣ мо хонум ҳастем ва ман саъй мекунам аз бозувони худ дар зиндагии иҷтимоъӣ ва хонаводагӣ истифода накунам."

Мавзуна монанди духтарони дигари тоҷик хурокпазиро дӯст медорад ва мегӯяд, ки тамоми кори рӯзгорро худаш анҷом медиҳад.

Биё биравем Сари Хосор...

Сари Хосор аз минтиқаҳои зебо ва кӯҳистонии вилояти Хатлон аст ва ҳамкорамон Орзуи Карим барои ошноии худ ва мо бо ин минтақа ахиран сафаре ба онҷо дошт.

Орзу мегӯяд, ки барои сафар ба ин минтақа мехост аз васоили мусофирбарӣ истифода кунад, вале пайдо кардани утубус хеле мушкил будааст.

Мошини сафарии Орзу

Билохира Орзу бо мошини борбарӣ ба минтиқа расида ва беш аз 100 килуметр роҳҳои пурғубор ва душворгузарро тай кардааст, то бо бархе аз сокинони Сари Хосор суҳбатҳое анҷом диҳад.

Фотима

Фотима, як сокини деҳаи Шаҳидон мегӯяд, ки ҳафт фарзанд дорад. Вай мегўяд аз набудани мактаб ҳамаи фарзандонаш бесавод мондаанд.

Раҷабмоҳ

Раҷабмоҳ, сокини дигари Сари Хосор, ки дар рустои Пештоваи ин ноҳия ба сар мебарад, мегӯяд, ки ба хотири таъмини хонавода бо маводди ғизоӣ ба ҷамъоварии сабзавоту мева ва хушкондани онҳо машғул аст.

Раҷабмоҳ шеваи пӯхтани хурокро барои Орзу ба намоиш гузоштааст.

Бобои Қурбоналӣ

Бобои Қурбоналӣ 111 сол дорад ва тамоми умри худро дар Сари Хосор гузарондааст.

Вай мегӯяд, ки ҳатто аз қаламрави ҷамоъати Сари Хосор ба маркази ноҳия нарафтааст. Вай баъд аз суҳбат, ҳангоме ки Орзу қасди бозгаштро дошт, ба вай дуъои хайр карда ва орзуманди он шудааст, ки дар ноҳияи онҳо ҳамеша нерӯи барқ бошад.

Мушкилоти ҷавонони маълул ва нобино

Ҳафтаи гузашта ҳамоише барои баррасии масоили нобиноён ва маълулон дар Душанбе баргузор шуд. Фотима Шамсиддинова аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш буд.

Вай аз ҷумлаи маъдуд донишҷӯёнест, ки мушкили биноӣ дорад. Фотимабону дар бахши ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Вай мегӯяд, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон теъдоди андаке аз афроди маълул ва нобино таҳсил мекунанд.

Клик Гузориши занони маълулро ин ҷо бихонед

Фотима яке аз мушкилоти умдаи афроди нобино ва маълул дар Тоҷикистонро набудани ҷойи кор барои онҳо ва аз бозорҳо баровардани маҳсулоте унвон кард, ки онҳо дар корхонаҳои вижа тавлид мекарданд.

Дар даврони Шӯравӣ иҷозаи тавлиди чунин маҳсулот ба нобиноён дода мешуд.

Фотима Шамсиддинова

Фотима мегӯяд: "Баҳонаи аслие, ки барои бисёре аз афроди маълул имкони донишҷӯй шудан намедиҳад, набуди мутахассисони вижа дар муассисаҳои омӯзишиест, ки тавонанд бо афроде мисли ман кор кунанд."

Фотима мегӯяд, ки қонун дастрасии тамоми сокинон ба омӯзишу парваришро фароҳам карда, аммо дар асл дар ин ҷодда ҳуқуқи бисёре аз афроди маълул нақз мешавад, яъне онҳо аз таҳсили баробар дар донишгоҳҳо бо соири ҷавонон маҳрум ҳастанд.

Наргиси лолоихон......

Наргис Бандишоева 8 октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад. Дар ин рӯз ҳамасола волидони Наргис дастурхон меороянд ва якҷо бо дӯстонаш рӯзи мавлудашро ҷашн мегиранд.

Аксҳои Наргис

Наргис аз авони кӯдакӣ ба мусиқӣ алоқа дошт ва дар мадрасаи мусиқӣ ба таҳсили пиёну пардохт. Наргис дар соли 1983 барои такмили дониши мусиқиаш вориди риштаи мусиқии ҳирфаии Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон шуд.

Вай дар соли 1989 дар мусобиқаи ҳунарии "Овозхонони ҷавон" ширкат кард ва баранда шуд. Дар оғози даҳаи 1990 буд, ки ҳунари Наргис фаротар аз Тоҷикистон рафт.

Дар ин солҳо дар Қазоқистон мусобиқае бо номи "Овози Осиё" доир мешуд ва дар он беҳтарин овозхонони минтақа баранда мешуданд.

Тобистони соли 1991 Наргис дар канори 60 ширкаткунандаи дигар рӯйи саҳнаи ин мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Олмотӣ рафт ва ҷоизаи аввали мусобиқаро ба худ ихтисос дод.

Дар тирамоҳи соли 1991 Наргис қабл аз таҷлил аз 25–умин зодрӯзаш дар як сонеҳа ҷони худро аз даст дод. То ҳол сидию наворҳои мусиқии Наргис дар миёни ҷавонон ва дӯстдорони мусиқӣ харидорони зиёде доранд.

Ба ҳамаи онҳое, ки ба ин саҳифа имрӯз сар заданд, ташаккур мегӯям ва то рӯзҳои дигар аз ман ва соири ҳамкоронам падруууд!!!!!!!!!!

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.