Дуруд ба алоқамандони сафҳаи барномаи тафреҳии тоҷикӣ !
Аввалин рӯзи моҳи дуввуми пойизи имсол ҳам бо рангҳои зебои сурху зард баргҳову шохҳои дарахтонро наққошӣ мекунад ва илҳоми шеърнависӣ ва эҷоди оҳангро дар дили шоъиру овозхонҳо бедор мекунанд. Ин аст ки дар барномаи ин ҳафта сӯҳбате дорем ҳам бо шоъир ва ҳам бо овозхон.
Мӯҳтавои сафҳаи тафреҳии ин ҳафта аз ин қарор аст:
Ёдбуди Боймуҳаммад Ниёзов, сарояндаи маъруфи шашмақом дар вилояти Суғд.
Саидаи Сироҷиддин, овозхони ҷавон дар меҳмонии барномаи тафреҳӣ
Қаҳрамони дигари барномаи мо Шоирабонуи Раҳимҷон аст, ки беш аз 70 шеъру оҳанг эҷод карда ва овозхонҳои мухталифи тоҷик онҳоро иҷро кардаанд.
Қобили пахш намешавад. Шумо нусхаи муносиби Флэшро надоред.
Маҳфили бузургдошти зодрӯзи Боймуҳаммад Ниёзов дар Хуҷанд
Рӯзи 29 сентябр дар теотри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба манзури бузургдошти зодрӯзи Боймуҳаммад Ниёзов, сарояндаи маъруфи шашмақом ва аз устодони мусиқии суннатии тоҷик, барномаи консертии хайрия баргузор шуд.
Боймуҳаммад Ниёзов соле қабл, дар синни 82-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. Вай то охири умраш дар бахши ҳунари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба шогирдон дарс гуфта, дар тавсеъаи мусиқии суннатӣ, ба вижа шашмақом саҳм гузоштааст.

Абдумавлон Дадобоев, овозхони гурӯҳи мусиқии суннатии "Нури Хуҷанд" ва аз шогирдони Боймуҳаммад Ниёзов мегӯяд: "Устод Ниёзов аз соли 2001 то соли 2006 дар гурӯҳи мусиқии мо фаъолият мекарданд ва дар ин муддат садҳо шогирдонро тарбият карданд."
Вай афзуд: "Устод Боймуҳаммад Ниёзов аз вижагиҳои шашмақом бахубӣ бархурдор буданд ва тавонистанд, ба наслҳои ҷавон онро биомӯзонанд. Ман аз Боймуҳаммад Ниёзов нозукиҳои мақоми Бузург, Рост, Нигоҳро омӯхтам".

Ба гуфтаи оқои Дадобоев, қарор аст маблағи ҷамъоваришуда аз консерти хайрияи гурҳи "Нури Хуҷанд" барои беҳбуди вазъи хона-музей ва қабри Боймуҳаммад Ниёзов масраф хоҳад шуд.
Шоҳини Зарафшонӣ, як донишҷӯи шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки шашмақомро дӯст медорад. Вай мегӯяд: "Шунидани шашмақом ба ман рӯҳу илҳоми тоза мебахшад."

Боймуҳаммад Ниёзов мероси зиёди ҳунарӣ аз худ боқӣ гузоштааст ва он иборат аз 100 суруду оҳанги суннатӣ аст.
Зимнан, Таҳмина Ниёзова, набераи Боймуҳаммад Ниёзов ки аз бобояш пайравӣ карда ва дар арсаи мусиқӣ, аммо мусиқии поп фаъолият дорад, соле қабл дар шаҳри Сочии Русия, дар озмуни «Интервидение. Панҷ Ситора» ҷойи аввалро ба худ ихтисос дода буд.
Ана гулбоғи ба боғ
Ин ҳафта дар меҳмонии мо Саидаи Сироҷиддин буд. Шояд ин ном барои баъзеҳо ноошно бошад, аммо баъди шунидани суруди Ана гулбоғи ба боғ бешубҳа ҳама мегӯянд, ки оре шунидаанд, оҳангҳои ин овозхонро.
Саида чаҳор соле қабл аниқтараш соли 2007 бо ҳамин оҳанг ва рақсҳои аҷиб-ғарибаш тавонист, ба қалбҳои ҳазорҳо алоқамандони мусиқӣ роҳ ёбад.

Худи ҳамон сол баъди баргузории нахустин барномаи консертиаш, теъдоди ҳаводорони ҳунараш боз ҳам бештар шуданд.
Ончунон ки модари Саида, хонум Сайниссо мегӯяд: Рости, ман худам мехостам, ки Саида овозхон шавад, зеро як андоза ин орзӯи деринаи худам буд, ки овозхонӣ кунам. Аммо падарам ва бобоям муқобили ин хоҳиши ман буданд. Ҳарчанд худи бобокалонам, ки раиси колхоз буданд, дар маҳфилҳои дӯстонашон баъзан гуруғлихонӣ мекарданд."
Модари Саида мегӯяд: "Саида ҳанӯз аз овони бачагӣ духтари гапдон ва ҳозирҷавоб буд ва рақсиданро хеле дӯст медошт. Ман ки ба орзӯи овозхон шудан нарасидам, қарор додам ки бигузор орзӯи Саидаро бароварда созам ва ҳоло кумак мекунам, то ба орзӯҳояш бирасад.

Пас аз нахустин вохуриам бо Саида, ман чунин эҳсос доштам, ки гӯё солҳост ин духтараки хандонрӯро мешиносам. Ба саволҳои ман бо хандаву шухи ҷавоб мегуфт.
Дар сӯҳбат қиссаи тавлиди нахустин оҳангашро бароям таъриф кард, аз ҳасудии ҳарифонаш мегуфт, ки чи гуна садди роҳи ӯ мешудаанд.
Аз ҳамкориҳояш бо шоъир Хайрандеш ва Орзӯ, оҳангсози нахустин таронааш бароям қисса мекард.

Дар ин синну соли ҷавонаш дар Мазори Шарифи Афғонистон барномаи консертие иҷро кардааст. Аз соли 2007 бад-ин сӯ ҳар сол як олбуми ҷадид интишор мекунад.
Саида мегӯяд: Ба андешаи ман овозхон бидуни ҳаракат дар саҳна мисли наққошии берангу бор аст. Ҳарчанд овозхон таронаи зебоеро иҷро мекунад, аммо бе рақс ин тарона нокомил аст. Ҳаракат ва рақс метавонад, оҳанг ва ё сурудро тобиши дигаре бубахшад ва ба дили тамошочиён роҳ диҳад.
Ба ин савол, ки оё Саида барои омӯхтани рақс ҷойе машқ мекунад ва ё устоди рақс дорад, гуфт: Ман барои оҳангҳоям рақси вижа таҳия намекунам, ҳар бор ба саҳна меравам ва рақсе дигар мекунам. Барои ҳамин рақси як барномаи консертиам аз ҳаракотам дар вақти иҷрои ҳамин суруд дар барномаи консертии дигар, фарқ мекунад. Ин ҳаракатҳо худи ҳамон лаҳза ҳангоми иҷрои суруд тавлид мешаванд.

Ҳоло Саида дар Ҳунаристони Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов таҳсил мекунад ва ба барномаи консертии ҷадидаш, ки қарор аст дар авохири имсол баргузор шавад, омодагӣ мегирад.
Ба сӯҳбати комили мо бо ин овозхон рӯзи чоршанбе, дар барномаи нимрӯзии Би-би-сӣ, рӯи мавҷи муттавасити 1251 килуҳерз гӯш бидиҳед.
Шоъирии Шоъирабону
Ҳоло меравем суроғи яке аз афроде, ки фаъолияташон дар пайдо кардани маҳбубияти овозхонҳо муҳим аст, аммо худи онҳо маъмулан пушти парда боқӣ монда ва камтар муъаррифӣ мешаванд.
Шоъирабону, ки исмаш баёнгари фаъолияташ низ ҳаст, нахустин шеъри худро дар синни чаҳорсолагӣ гуфтааст. Шоъира дар ин шеъраш аз фароштуруки зебо даъват мекард, ки чаро дар боми хонаи ҳамсоя лона гузоштааст, на дар боми хонаи Шоъира.
Матн ва оҳанги нахустин таронаи Шоиъираро бо номи Ай бехабар Манижаи Давлат, хонандаи пуровозаи тоҷик иҷро карда буд.

Агарчи Шоъира беш аз ҳафтод шеъру оҳанг барои овозхонҳои тоҷик навиштааст, аммо то кунун танҳо як маҷмуъаи шеърҳояшро ба дасти чоп супурдааст.
Дар ин бора Шоъира чунин мегӯяд Аз нашри ин маҷмуъаи ашъорам дар лаҳзаи охир хабардор шудам. Модарам шеърҳои маро гирифта ба дасти чоп супурдааст ва як рӯз қабл аз нашри китоб бароям гуфт, ки фардо нахустин китобат чоп хоҳад шуд. Бо ҳама исрори ман, ки бояд шеърҳоро таҳрир кунам ва интихоб кунам, ки кадоме аз шеърҳо бояд чоп шаванд, ба ҳарфам гӯш надоданд."
Ба гуфтаи Шоъира раъйи вай, танҳо дар интихоби номи маҷмуъаи шеъраш ба назар гирифта шуд. Вай номи китобро аз Сӯзи ишқ ба Нахустин номаҳои дард иваз кард.
Шоъирабону мегӯяд, аксарияти шеърҳояш бо оҳанг ҳамзамон эҷод мешаванд ва Шоъирабону маъмулан вақти навиштани шеър медонад, ки таронаро ба кадом овозхон бояд пешниҳод кунад.

Шоъира мегӯяд, ки панҷоҳ тарона аз 72 таронаву оҳангашро дар соли ҷорӣ эҷод кардааст ва ба ин хотир соли 2010-ро барои худ бобарор медонад.
Идомаи мусоҳибаи моро бо Шоъирабону рӯзи душанбеи чоруми октябр, аз соати 15:00 то 15:30 дар барномаи нимрӯзии Би-би-сӣ барои Тоҷикистон рӯи мавҷи мутавасити 1251 килуҳерз бишнавед
Лутфан назару пешниҳодҳои худро дар бораи барномаи тафреҳӣ ба мо бифиристед. Имейлҳои мо: zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com
Бо беҳтарин таманниёт ва орзуҳои нек, то одинаи оянда падрууууууууууууууууууууууууууд...
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.