Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 17 Сентябр соли 2010 - 10:23

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 17-уми сентябр

Дар барномаи тафреҳии ин ҳафта матолиби зерро бароятон омода кардаем:

Даргузашти Абдулло Султонов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

Бузургдошти 150-умин солгарди таваллуди Зуфархон Ҷавоҳирӣ, шоъири қарни 19 ва 20 дар Суғд

Мушкили нақлиётии шогирдони як мактаб дар Хатлонро харҳо осон кардаанд

Маҳбубияти мусиқии тоҷикӣ дар Русия ва суҳбат бо як тоҷики муқими Маскав

Сафари ҳунарии теотри мазҳакавӣ ва мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба Душанбе

Баргузории консерти Садриддин ва Валӣ дар Ландан

Қобили пахш намешавад. Шумо нусхаи муносиби Флэшро надоред.

Пахши форматҳои дигари савту тасвир

Видоъ бо Абдулло Султонов сарояндаи таронаҳои яғнобӣ

Абдулло Султонов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дар синни 55-солагӣ бар асари бемории саратони мағз даргузашт.

Ташйеъи ҷанозаи оқои Султонов дар масҷиди ҷомеъи “Авул” бо издиҳоми бузурги тарафдорони ҳунари ӯ баргузор шуд. Вай дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Абдулло Султонов

Лола Азизова, овозхони саршиноси тоҷик мегӯяд, ки Абдулло Султонов танҳо овозхоне буд, ки таронаҳои минтақаи Яғнобро, ки мардумаш забони хосе дорад, иҷро мекард.

Абдулло Султонов дар тӯли зиндагиаш танҳо як маротиба аз дараи Яғноб дидан карда ва қарор будааст, ки дар тобистони соли ҷорӣ ба ин минтақа сафар карда ва дар онҷо филми видиюӣ таҳия кунад. Вале дӯстонаш бо изҳори таассуф мегӯянд, ки ин ният амалӣ нашуд.

Хонум Азизова ҳамчунин аз ин овозхони фақид ба унвони фарди нотакрор ва инсони наҷиб ёддовар шуд.

Бузургдошт аз зодрӯзи шоъири номӣ дар Суғд

Мақомоти давлатии устони Суғд бо тасвиби як мусавваба эълом кардаанд, ки аз 150-умин солрӯзи Мавлоно Сайид Зуфархон Ҷавҳарӣ - донишманд ва фақеҳи тавоно, шоъир ва орифи қарни 20 дар зодгоҳаш шаҳри бостонии Истаравшан таҷлил карда мешавад.

Дастнависҳои Ҷавҳарӣ

Донишмандони тоҷик мегӯянд, ки Зуфархон Ҷавҳарӣ адабиёти қабл аз инқилобӣ ва давраи муъосири тоҷикро такмил додааст.

Мавлоно Сайид Зуфархони Ҷавҳарӣ дар соли 1860 милодӣ дар гузари Намозгоҳи шаҳри бостонии Истаравшан дар хонаводаи олиме фақеҳ чашм ба оламӣ ҳастӣ кушодааст. Зуфархон дар хонаводае ба дунё омадааст, ки аҳли он бо шеъру адаб хуб ошно будаанд.

Аз рӯйи сарчашмаҳои таърихнигорон вай то синни 25 солагӣ забонҳои арабӣ, туркӣ ва фунуни мантиқу фалсафа, адабиёт ва дигар улуми замонаро аз худ карда буд.

Субҳӣ Ҷавҳарӣ

Субҳӣ Ҷавҳаризода – набераи Зуфархон Ҷавҳарӣ, шоъир ва адиб, ки дар шаҳри бостонии Истаравшан, шимоли Тоҷикистон зиндагонӣ мекунад, мегӯяд, ки вай аз рӯйи шаҷараи авлодӣ 41 –ум фарди машғул ба адаб ва илми ин хонавода будааст.

Оқои Ҷавҳаризода мегӯяд, бобояш Зуфархон Ҷавҳарӣ барои пос доштани адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистае анҷом дода ва шеъру қасидаву ғазалҳо ба мерос гузоштааст.

Кутуби осори Ҷавҳарӣ

Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки Зуфархон Ҷавҳарӣ мероси гаронбаҳое аз худ бар ҷой гузоштааст, вале ба гуфтаи Субҳи Ҷавҳаризода осори Зуфархон Ҷавҳаризода пароканда буда ва ба таври комил ҷамъоварӣ нашудааст.

Ҳарчанд вай мегӯяд, ки дастхатҳои бобояшро ҳифз карда, иддае аз онҳоро рӯйи чоп овардааст, вале дастхатҳои ин шоъир ба сурати комил таҳқиқ нашудаанд.

“Хар- василаи аслии нақлия дар Томчӣ”

Қисмат яке аз 70 мактаббачагони деҳаи дурафтодаи ноҳияи Вахши устони Хатлон аст, ки дар он аксари кӯдакон ба хотири вайрон будани роҳ “харакӣ” ба мактаб мераванд.

Кӯдакони харсавор

Харҳо дар инҷо на ба хотири танбалии кӯдакон, ё тезтар расидан ба мактаб, ё дур будани роҳ ба унвони нақлиёт истифода мешаванд, балки ба хотири ин, ки дар сурати ғайр роҳи гардолуда ва санглох либос ва кафши бачагонро тикаву пора мекунад ва онҳо пули кофӣ барои харидории кафшу либоси нав надоранд.

Орзуи Карим хамкорам аз устони Хатлон мегӯяд, ки вақте вай ба деҳаи Томчии ноҳияи Вахш расидаст, дидани мактаббачагони харсавор бо либосҳои мактабӣ барояш нахуст хандадор будааст.

Клик Аксҳои бештарро инҷо пайдо хоҳед кард

Аммо пас аз ин, ки вай аз асли қазия огоҳ шудаст, ба ҷои ханда дар чашмонаш ашк ҳалқа бастааст. Зеро мактаб дар русто аз манозили маскунӣ дар фосилаи се километр ҷойгир аст, аммо ин се киломутри пур аз гарду чанг ва санг.

Орзу мегӯяд, ки на ҳама кӯдакони деҳа аз ин воситаи нақлиёти зарурӣ барои мактабравӣ бархурдоранд. Хонаводаи бархе аз кӯдакон аз хар дар хона барои кор ва обкашонӣ истифода мекунанд.

Бо вуҷуди оне, ки муъаллимон хуб медонанд, ки чаро кӯдакон харсавор ба мактаб меоянд, аммо бастани хар дар наздикии мактаб мамнӯъ аст ва шогирдон харҳои худро дар фосилаи дуртаре аз мактаб мебанданд.

Кӯдакони харсавор

Яке дигар аз мушкилоти сокинони рустои Томчӣ адами дастарсӣ ба оби ошомиданӣ буда ва барои кашонидани об низ бештар кӯдакони савори харҳо саҳмгир ҳастанд.

Маҳбубияти мусиқии тоҷикӣ дар Русия

Дар шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи Русия бар асосии гузоришҳои ғайрирасмӣ беш аз як милюн муҳоҷир ба сар мебаранд.

Бархе аз шаҳвандони тоҷик бо дарёфти шаҳрвандии Русия ҳамакнун дар он кишвар ба ҳайси сокини Русия ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи бархе аз он идда тоҷиконе, ки дар Русия ба сар мебаранд, мегӯянд ҳарчанд муддати тӯлонӣ дар он кишвар зиндагӣ кардаанд, ба мусиқӣ ва таронаҳои тоҷикӣ гӯш медиҳанд.

Ситораи Шоҳдавлат

Ситораи Шоҳдавлат, ки дар Русия аз ҳашт сол бад-ин сӯ ба сар мебарад, мегӯяд, ки дар шаҳрҳое дар Русия, ки теъдоди бештари тоҷикон дар он ба сар мебаранд, бо роҳатӣ метавон, сидиҳоеро аз Манижаи Давлат, Шабнами Сураё, Далери Назар ва гурӯҳҳои мухталифи мусиқии попи тоҷикиро пайдо кард.

Ҳамчунин ба гуфтаи Ситорабону маҳофили мухталифи тоҷикон дар Русия бо ҷалби ҳунармандон аз Тоҷикистон доир мешавад.

Ба гуфтаи вай ба вижа дар маросими таҷлил аз Наврӯз теъдоди зиёди овозхонони Тоҷикистон ба Русия барои иҷрои барномаҳои ҳунарӣ мераванд.

Ситора меафзояд, ки тоҷикони муқими Русия дар маросими арӯсии худ низ ҳунармандонро аз Тоҷикистон даъват мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз тоҷирони тоҷике, ки дар Русия ба сар мебаранд, аз Тоҷикистон ба он кишвар наворҳо ва СИДИҳои ҳунармандони тоҷикро барои фурӯш мебаранд.

“Ҷанг маро аз шавҳар ва падар будан маҳрум кард.”

Теотри мазҳака ва мусиқии ба номи Сайидвалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб аз 14-ум то 17-уми сентябр ба шаҳри Душанбе бо се намоишнома ва барномаи консертӣ ба сафари ҳунарӣ омад.

Огоҳии намоишнома

Намоишномаи “Агар ҷанг намебуд”-и дромнавис Ато Ҳамдам ба бузургдошти Рӯзи пирӯзӣ бар Олмони нозӣ бахшида шуда, дар он аз тақдири ду дӯсти наздике, ки дар ҷанг бо ҳам бо фашисм мубориза карданд ҳикоят шудааст.

Ҳомид

Ҳомид яке аз дӯстонест, ки ҷони Усмон дӯсти наздики худро дар майдони набард наҷот медиҳад ва Усмон маълул шуда ба Ватан бозмегардад. Дар идомаи намоишнома аз Ҳомид ба Саъодат, ҳамсари ӯ ва падару модараш номаи сиёҳ, яъне хабари маргаш мерасад.

Сипас пайвандони Ҳомид ва падару модараш, ҳамсараш Саъодатро, водор мекунанд, ки издивоҷ кунад.

Саъодат

Аммо Саъодат аз ин хоҳиши онҳо сапрпеҷӣ мекунад ва Усмон мехоҳад мушкили зани бечораро ҳалл кунад.

Усмон

Усмон ба Саъодат пешниҳод мекунад, ки бо вай издивоҷ кунад. Ҳомид, ки дар майдони набард шадидан захм мебардорад, ва нахуст пизишкон вайро мурда мехонанд, ва хабари маргашро таъйид мекунанд. Аммо ташхиси дубораи Ҳомид аз зинда будани вай дарак медиҳаду пизишкон барои наҷоти ҷони вай мепардозанд, вале номаи маргаш иштибоҳан ба хешовандонаш фиристода мешавад.

Намошномаи Агар ҷанг намебуд

Баъд аз поёни ҷанг ва бозгашти Ҳомид, дӯсташ Усмон ба вай хабар медиҳад, ки ҷароҳати бардоштааш комилан ӯро аз издивоҷ ва зиндагии маъмулии заношавҳарӣ маҳрум кардааст.

Усмон ба Ҳомид мефаҳмонад, ки бо Саъодат танҳо барои раҳоии вай аз хостгориҳои дигарон издивоҷ кардааст.

Раҳмоналӣ Одинаев

Раҳмоналӣ Одинаев, коргардони теотр мегӯяд, ки ба ҷуз аз ин намоишнома теотри онҳо намоишномаи мазҳакавии “Шумқадам”-и Шодӣ Солеҳовро низ барои тамошочиёни пойтахт пешниҳод кардааст.

Оқои Одниаев мушкили аслии кормандони теотрро ночиз будани ҳуқуқ ва ё маъоши онҳо унвон кард.

Амина Табарӣ

Амина Табарӣ, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ки ҳамзамон раёсати тетрро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, ки яке дигар аз мушкилоти теотрҳои ҳирфаӣ дар Тоҷикистон дур мондани тамошочиён аз теотрҳо будааст.

Садриддини Наҷмиддин дар Ландан

Шоми якшанбе, 12 сентябр, дар толоре дар Ландан консерти муштараки Садриддини Наҷмиддин, овозхони тоҷик ва Валии Ҳиҷозӣ, овозхони афғони муқими Олмон, баргузор шуд.

Ин консерт ба ибтикори ширкати Қиём Интернешнл, як ширкати бритониёии тавлидкунандаи барномаҳои фароғатӣ ва тафреҳӣ анҷом шуд.

Толори консерт

Аксари ононе, ки ба консерт омада буданд, аҳли Афғонистон буданд. Вақте ки муҷриёни ин консерт рӯи саҳна ҳозир шуданд ва ба бинандагону шунавандагон аз омодагии Садриддин ва Валӣ барои овозхонӣ хабар расонданд, садои шодӣ дар толор баланд шуд.

Садриддин дар Ландан

Саймиддини Оймуҳаммад, ҳамкори ландании мо мегӯяд, ки ба хусус оҳанги Садриддин ба номи "Гули ноз" мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.

Умедворам барнома бароятон хуш омада бошад, пас ҳафати дигар интизори шумо ҳастем.

Падруд аз ман Зарина ва кулия ҳамкоронам !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.