Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 03 Сентябр соли 2010 - 15:50

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 3 сентябр

Хуш омадед ба барномаи тафреҳӣ аз бахши форсии родиюи Би-би-сӣ.

Тибқи маъмули рӯзҳои ҷумъа ахбори фарҳангӣ ва хабару гузоришҳои тозае бо маҳбубтарин оҳангҳо дар барномаи тафреҳӣ хидмати шумо шунавандаҳои азиз арза мешавад.

Бишнаваед аз мӯҳтавои барномаи ин ҳафта:

Кабке, ки барои соҳибаш дар сурати пирӯзӣ беш аз ҳазор дулор даромад меоварад,

Дар меҳмонии Далер Меҳтоҷов, наққоши ҷавон, ки аз бурду бохти ҳунари наққошӣ бароямон қисса мекунад,

Мавлуда Раҷабова, каҳрамони дигари барномаи мо, мепурсад: "Чаро ситораҳо танҳо дар пойтахт ҳастанд, магар дар музофот овозхонҳои боҳунар нестанд?"

Қобили пахш намешавад. Шумо нусхаи муносиби Флэшро надоред.

Пахши форматҳои дигари савту тасвир

Кабки судовар

Эй кабки хушхиром, ба дунё хуш омадӣ,

Бо нозу ишвае ту дар инҷо хуш омадӣ,

Молнанди ин, ҳанӯз чандин қарн пештар шуъаро васфи ин парандаи зебои хушхиромро кардаанд ва то ба имрӯз кабк миёни мардуми тоҷик аз эътибору маҳбубияти хоссае бархурдор аст.

Қурбонали Шоев

Қурбоналӣ Шоев, пирамарде аз шаҳри Қурғонтеппа, мегӯяд аз 11-солагӣ ба ин парандаи зебо дил баста ва тамоми ҳаёташро ба парвариш ва нигаҳбонии кабк бахшидааст.

Вай ҳоло дар хонааш 33 кабкро парасторӣ мекунад. Ӯ ҳоло 70 сол дорад ва ҳанӯз ҳам як рӯзашро бе садои кабку тамошои ин парандаи хушсадо тасаввур намекунад.

Садои хуши кабку бедона алоқамандони ҳар аз чанд гоҳе онҳоро дар бозори пурсарусадое дар шаҳри Қурғонтеппа гирди ҳам меоварад.

Дар ин ҷо метавон мӯсафедону кӯдаонеро дид, ки дар дасту бағал кабк доранд ва ба садои он гӯш медиҳанд. Ҳатто пирони 60-70-сола низ мисли ҷавонон машғули кабкбозӣ ҳастанд.

Агар яке ошиқи овозу зебоии ин паранда бошад, дигарӣ ба хотири ба даст овардани пуле аз фурӯши ин паранда онро шикор карда ва ё ба дом афканда, баъдан мефурӯшад.

Дар аксари маворид онҳо аз даромади фурӯши кабк зиндагии худро мечархонанд.

Яке аз кабкбозҳо ҳамин Қурбоналӣ Шоев, сокини ноҳияи Вахш аст. Вай мегӯяд гоҳе аз пирӯзии кабкаш дар кабкҷанг то 500 дулор даромад мегирад ва гоҳе дар сурати мағлуб шудани кабкаш ба ҳамин миқдор ё аз ин бештар зиён мебинад.

Бобои Қурбоналӣ кабкҳои зиёди ромшуда дорад ва кабкҳо барояш арзиши зиёде доштаанд.

Вай мегӯяд: "Ман як рӯзи худамро бе ин парандаи нодир тасаввур намекунам. Замоне ки мо хурдсол будем, ба садояш одат карда будам ва ҳоло низ садои кабкро дӯст медорам."

Заробиддин Шаҳобиддинов, як дӯстдори дигари кабк, мегӯяд, ки кабкро на ба хотири даромади хубе, ки аз он пайдо мекунад, дӯст дорад, балки ба хотири он, ки садои кабк метавонад шифо бахшад.

Ӯ афзуд: "Ман фишори хун доштам ва бо шунидани хониши кабк хастагиямро дур сохтам ва ин бароям одат шуд ва кабкҳои зиёдеро дар хона нигоҳ медорам. Ман бовар дорам, ки садои кабк қобилияти шифобахшӣ дорад."

Дар ҳамин ҳол, ки дӯстдорони кабк дар бозор хариду фурӯши кабро ба роҳ мондаанд, ҷангалбонҳо мегӯянд, ки хатари нестшавии кабкҳо, ки парандаҳои хушхони кӯҳистон ҳастанд, дар пеш аст. Ва ба қавли худашон, ҳамасола онҳо аз шикори худсаронаи ин парандаи нодир ҷилавгирӣ мекунанд.

Ҳар рӯзи шанбе беш аз ҳазор кабк дар ин бозор хариду фурӯш мешаванд, ки аксаран барои ҷангандозӣ ва баъзан барои садои хуши ин паранда харидорӣ мешаванд. Аммо дар баробари ин ошпазҳои рестуронҳо низ барои мизоҷони сармоядорашон аз ин бозор кабк харидорӣ мекунанд ва кабоби кабк ва ё навъи ғизои дигаре дуруст мекунанд.

Идораи ҷангалбонӣ барои шикори ҳар кабк пардохти маблағи муъайянеро пешбинӣ кардааст ва ҳар шикорчие, ки бидуни иҷоза кабкро шикор мекунад, муҷозот мешавад ва ҷарима месупорад.

Чунончи дӯстдорони кабк дар бозори кабки шаҳри Қурғонтеппа гуфтанд, шикори кабк аксаран дар кӯҳу пуштаҳои ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳритусу минтақаи Кӯлоб сурат мегирад.

Агар яке тамоми умрашро ба парвариши ин парандаи зебо бахшидаву аз овози хушу қомати мавзуни кабк ҳаловат барад, дигарӣ маблағҳои зиёде дар рестуронҳо харҷ мекунад, то гӯшти кабк ва ё кабкбирён барояш муҳайё кунанд. Аҷаб оламе!...

Далер: "Сужеи баъзе аз нақошиҳоямро дар хоб дидаам"

Чанде қабл осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод чанд намуна аз асарҳои Далер Меҳтоҷов, наққоши ҷавонро, харидорӣ кард ва намунае аз нақошиҳои ӯро ба намоиш гузошт.

Аммо Далер мегӯяд, ки гарчанде замони Шӯуравиро ёд надорад, аммо аз сӯҳбати устодон маълум мешавад, ки шароити беҳтаре дар он даврон барои наққошон фароҳам будааст.

Рауф Муродов

Рауф Муродов, устоди Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мрзо Турсунзода, мегӯяд: "Далер аз овони донишҷӯйи соли аввал буданаш зиёд кор мекард ва аксаран ба барномаи таълимӣ низ қаноъат накарда, худаш зиёд меомӯхт. Ҳамеша кушиш мекард, ки дар ҷаҳони наққошӣ шабеҳи касе набошад."

Далер Меҳтоҷов

Далер дар сӯҳбат бо мо гуфт: "Ман намехоҳам ҳунари наққошии худамро ба як сабк ё ҷараён маҳдуд кунам. Ҳунари наққошӣ, ба андешаи ман, ин ҳолати қалби инсон аст. Агар имрӯз ман манзараи зебоеро наққошӣ мекунам, шояд фардо мусаввараеро аз тахайюлоти худам тасвир кунам, ки баъзан дар шарҳи ин гуна наққошиҳо худи ман низ оҷиз ҳастам, ки ман чи мехостам ва чиро тасвир кардам."

Далер мегӯяд муҳим нест дар чи шароите шахс тарбият гирифтааст. Агар шавқи ин пеша дар дилаш пайдо шавад, сарфи назар аз набуди ранг ва қобу мактаби рассомӣ метавон ба орзӯҳои худ расид: "Мактабу устоду донишкада танҳо василае ҳастанд барои расидан ба орзӯҳо."

Далер аз ноҳияи Хуросон ба шаҳри Душанбе омада ва дар ин ҷо ҳунари наққошии худро сайқал додааст ва тавониста, ки дар ҷаҳони ҳунар аз худ дарак бидиҳад.

Толеъ агар мадад накунад...

Шояд қаҳрамони дигари барномаи мо Мавлуда Раҷабова низ агар ба Душанбе меомад, муаффақ мешуд, ки оҳангҳои беҳтаре забт кунад ва роҳ ёбад ба сӯи родию ва телевизиюн.

Ҳоло ки вай дар шаҳри Қурғонтепа аст, дар сӯҳбат бо Орзӯи Карим, хабарнигори маҳаллии мо, мегӯяд: "Ҳарчанд ҳунар бошад, агар толеъ мадад накунад, муваффақ нахоҳӣ шуд."

Мавлуда Раҷабова беш аз 18 сол шуда, ки дар устони Хатлон дар шаҳри Қурғонтеппа овозхонӣ мекунад, аммо аз тариқи родию ва телевизиюн хеле кам таронаҳояшро пахш мекунанд.

Мавлуда бо Орзу

Орзӯ аз Мавлуда суол карда, ки барои чи ба марказ намеравӣ ва ба мисли дигар сарояндагон дунболи шуҳрат ё ба қавле "ситора шудан" нестӣ?

Дар посух ба ин суол вай гуфт: "Шуҳрат бӯйи хун мекунад. Ман барои шуҳратманд шудан коре накардаам ва нахоҳам кард. Ва боре ҳам барои ба марказ рафтан фикре накардаам."

Мавлуда сарояндаи ҳирфаӣ аст, вале ба мисли дигар сарояндагон дар таҳияи сурудҳояш мушкил дорад: "Барои таҳияи як оҳанги хуб маблағи зиёде лозим аст, ки на ҳама вақт барои пайдо карданаш имкон даст медиҳад."

Мавлуда Раҷабова

Мавлуда мегӯяд, ки паси парда мондани вай зимни барномаҳои кунсертие, ки дар вилояти Хатлон доир мешаванд, амре нобахшиданист, вале ҳунари волои овозхонҳоро масъулини риштаи фарҳанг ҳама вақт қадр намекардаанд.

Вай гуфт: "Мо чандин маротиба аз мадди назар дур мемонем ва сарояндагоне, ки матни сурудашон хароб аст, вале шуҳрат доранд, бологузар ва садрнишин мешаванд. Дар ин сурат хеле рӯҳафтода мешавам, ин амал нобахшиданист."

Бо вуҷуди он ки Мавлуда мушкил дорад, вале хушбин буда, беаҳмиятии масъулинро нисбат ба ҳунараш ношӣ аз рақобати солими ҳунарӣ медонад ва дунболи сурудҳои наваш аст. Чун Мавлуда барои фаъолияти ҳаррӯзааш шиъоре дорад, ки чунин мебошад:

"Орзуро дар дили худ зинда дор,

То нагардад сабзаи хоки мазор."

Мавлуда ба шунавндагон ва кормандони Би-би-сӣ сарбаландӣ таманно намуда, якчанд сурудашро ба хазинаи барномаи "Тафреҳӣ" тақдим намуд, ки дар барномаҳо хоҳед шунид.

Лутфан назару пешниҳодҳои худро дар бораи барномаи тафреҳӣ ба мо бифиристед. Имейлҳои мо: zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com

Бо беҳтарин таманниёт ва орзӯҳои нек, то одинаи оянда падрууууууууууууууууууууууууууд...

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

Барномаҳои қаблӣ

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.