Додгоҳи шаҳри Кӯлоб итиҳомоти маъмурони пулис алайҳи Абдулфаттоҳ Абдухолиқов ва Неъматулло Шарифов, ду фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро ботил хондааст.
Илҳом Комилов, қозии парванда, зимни судури ҳукми додгоҳ гуфтааст, ки далел ва асос барои гунаҳкор донистани ин ду нафар аз гумонбаршудагон вуҷуд надорад.
Маъмурони шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи шаҳри Кӯлоб дар моҳи апрел алайҳи ин ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз карда ва онҳоро ба даст доштан дар қочоқи инсон муттаҳам карда буданд.
Он замон Давлат Наҷмидинов, сардори шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфта дар минтақаи Кӯлоб, гуфта буд, ки оқоён Абдухолиқов ва Шарифов мехостанд духтари ноболиғеро дар ивази 500 дулор ба давлате хориҷӣ интиқол диҳанд.
Вале Абдулфаттоҳ Абдухолиқов, раиси бахши маҳаллии ҲНИТ дар ноҳияи Восеъ, ҳарчанд ин ҳодисаро таъйид кард, вале гуфт, ки "Ҳадафи мо барпо кардани оила буд, на хариду фурӯш."
Ба гуфтаи оқои Абдухолиқов, онҳо бо модари духтар хешу таборӣ дошта ва мехостаанд, ки барои ин духтар ҳамсари муносибе дар хориҷа пайдо кунанд.
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.