Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 20 Июл соли 2010 - 09:47

Мусобиқаи бадансозӣ дар Душанбе

Рӯзи якшанбеи 18 июл дар толори филормунии давлатии Тоҷикистон дувумин мусобиқаи саросарии бадансозӣ (bodybuilding) ва вазнабардорӣ (powerlifting) зери шиъори "Ҷавонон ба муқобили маводди мухаддир" баргузор шуд.

Дар ин мусобиқот наздики 50 варзишкор аз шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи Тоҷикистон ширкат карданд. Ин мусобиқа ба ибтикори Анҷумани бадансозону вазнабардорони Тоҷикистон ва бо ҳимояти сафорати Омрико дар Душанбе ва ширкати мухобротии "Tcell" баргузор шуд.

Ин дувумин мусобиқаи бадансозӣ ва вазнабардорӣ дар Тоҷикистон аст. Соли гузашта низ мусобиқаи мушобеҳе дар Душанбе баргузор шуда буд.

Варзишгарон дар ин навъи варзиш аз рӯйи ҳафт гурӯҳи вазнӣ, ки дар ҳар кадом аз се то шашнафарӣ шомил буданд, рақобат карданд. Дар охири мусобиқот аз миёни ҳафт ғолиби даври аввал, ҳайъати доварон қаҳрамони мутлақи мусобиқаи бадансозӣ ва вазнабардории Тоҷикистонро мушаххас карданд.

Азизҷон Азизов, варзишгари ҷавон, қаҳрамони мутлақи ин мусобиқа дониста шуд. Аксҳои зерро ҳамкорамон Зеваршоҳи Муҳаммад аз ҷараёни мусобиқа бардоштааст:

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.