Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 08 Июн соли 2010 - 13:01

Пешниҳоди кумак барои мубориза бо маводди мухаддир

афюн

Русия Тоҷикистонро Мексикои Осиё Марказӣ мехонад

Русия қасд дорад барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддири Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои урупоӣ ба Душанбе кумаки молӣ, тахассусӣ ва низомӣ ироа кунад.

Виктор Иванов, раиси ин Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Русия дар мусоҳиба бо расонаҳои русӣ гуфтааст Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи муштараки тӯлонӣ дорад, кишвари аслии тронзити ҳеруин ба Русия аст.

Вай гуфт: “Русия қасд дорад бо Тоҷикистон ҳамкориҳояшро дар ин замина бештар густариш бидиҳад."

Вай афзуд, ки Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Русия пешниҳод дорад, ки кишвараш “ба Тоҷикистон ба монанди кумаки Омрико ба Мексико, кумак кунад – яъне кумакҳои молӣ, тахассусӣ ва низомӣ.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран давлати Русия ба НОТУ кумаки худро барои таъсиси камарбанде амниятӣ дар атрофи Афғонистон пешниҳод кардааст.

Сергей Иванов, муъовини нахуствазири Русия, дар суханронияш дар ҳамоиши амниятие, ки Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеъоти истротежики Ландан баргузор карда буд, такид кардааст: “Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд маводди мухаддири афғониро ҳамчун таҳдиде ҷиддӣ барои субот ва амният маҳсуб кунад, зеро ин мавод сарчашмаи аслии сармоягузории Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротгарост.”

Вай афзудааст: “Толибон ва дигар гурӯҳҳои мофиёи байналмилалӣ аз “марги сафед” (ҳеруин) милёрдҳо дулор даромад доранд.”

Аз сӯйи дигар, Виктор Иванов, раиси Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Русия, дар навбати худ исрор кардааст, ки пас аз амалиёти Омрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон тавлиди маводди мухаддир дар ин кишвар афзоиш ёфта ва Русия яке аз кишварҳои осебдида аз паёмадҳои ин амр аст.

Вай гуфтааст, ки афюн ҳамасола боъиси марги 100 ҳазор нафар дар ҷаҳон ва ҳудуди 30 ҳазор нафар дар Русия мешавад.

Ба назар мерасад, ки мушкили марбут ба қочоқи маводди мухаддир дар Русия ҳамзамон дар сутуҳи мухталиф матраҳ мешавад ва Идораи федероли назорат бар маводди мухаддири Русия ахиран ба давлати ин кишвар низ тарҳи қонунеро дар ин робита пешниҳод кардааст.

Вафо

Оқои Ниятбеков мегӯяд Тоҷикистон аз як кишвари тронзити маводди мухаддир ба як кишвари масрафкунандаи ин маводд табдил мешавад

Ин тарҳи қонун дар назар дорад муҳоҷироне, ки ба қочоқ ё таблиғи маводди мухаддир даст мезананд ва ё ба ин мавод мӯътод ҳастанд, аз Русия ихроҷ шаванд.

Бар асоси гуфтаҳои ин ниҳод, бархе аз муҳоҷирони тоҷик, қирғиз, ӯзбак ва озарбойҷонӣ дар Русия ба қочоқ ва ё таблиғи маводди мухаддир машғуланд.

Ба унвони мисол, дар соли 2008 теъдоди 1200 тан аз атбоъи тоҷик барои қочоқи маводди мухаддир дар шаҳрҳои Русия дастгир ва зиндонӣ шудаанд.

Ин идора иддаъо дорад, ки ин афроди ба ном “муҳоҷир” дарвоқеъ маъмулан худ мӯътод ба маводди мухаддир ҳастанд.

Коршиносони тоҷик мегӯянд баланд шудани нигаронии Русия дар бораи мубориза бо маводди мухаддир асос дорад ва кумакҳои изофӣ ба Тоҷикистон дар ин росто орӣ аз манфиъат нахоҳад буд.

Вафо Ниятбеков, коршиноси масоили минтақа, мегӯяд: “Дархости Русия бешак барои Тоҷикистон муфид аст. Зеро Тоҷикистон аз як кишвари тронзити маводди мухаддир сол то сол ба як кишвари масрафкунанда табдил мешавад.”

Оқои Ниятбеков мӯътақид аст, ки НОТУ кори муассире дар мубориза бо маводди мухаддир анҷом дода наметавонад, чун “инҷо масоили зиёде вуҷуд дорад.”

Аммо вай гуфт кумаки бештари фаннӣ ба Тоҷикистон, масалан бештар кардани мутахассисони маркази кинологӣ ё нигаҳдории сагҳои ҷӯянда метавонад дарвоқеъ барои ҷилавгирӣ аз қочоқ муфид бошад.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.