Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 07 Май соли 2010 - 05:16

Раҳмон барои дидор бо осебдидагон ба Кӯлоб рафт

сел

Борандагии шадид ва ҷорӣ шудани сел дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон хисороти ҷиддӣ дар пай доштааст

Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ки дар асари борони шадид ва селоб дар минтақаи Кӯлоб ҳафт нафар мурда ва 40 нафар нопадид шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ошноӣ бо вазъияти мардуми осебдида дар Кӯлоб ва назорат бар шеваи рафъи авоқиби селу обхезӣ дар минтақа ба Кӯлоб сафар кардааст.

Вай пештар ба хонаводаҳои осебдида ва кушташуда аз сел ибрози тасаллият гуфта ниҳодҳои марбутаро дастур додааст, ки дар зудтарин фурсат авоқиби ҳаводиси табиъӣ дар шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофи онро рафъ карда ва ба осебдидагон кумаки изтирорӣ ироа кунанд.

Клик Олбуми акс аз маҳалли ҳодиса

Мунира Назариева, сухангӯйи ин кумита, гуфт, ки кумисиюни вижаи расидагӣ ба авоқиби ҳаводиси табиъӣ дар Кӯлоб феҳристи афроди нопадидшуда дар асари ин ҳодисаро таҳия мекунад.

Тибқи арзёбии муқаддамотӣ, хисороти ношӣ аз сел ва обхезӣ дар минтақаи Кӯлоб беш аз 100 милюн дулор баровард шудааст. Хонуми Назариева гуфт, ки беш аз 800 хона дар ин ҳодиса хароб шудааст.

Гурӯҳҳои натоҷи Кумитаи умури изтирорӣ якҷо бо воҳидҳои марбут ба вазорати дифоъ, пойгоҳи низомии Русия ва намояндагони Гурӯҳи вокуниши сареъ ва арзёбии паёмадҳои ҳаводиси табиъӣ дар маҳаллоти осебдида ба ёрии шаҳрвандон ва арзёбии хисороти ҳаводиси табиъӣ машғуланд.

Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазир ва Ҳайбулло Латифов, раиси Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, дар минтақа ҳастанд ва ба умури рафъи авоқиби сел ва обхезӣ назорат мекунанд.

Сел ва обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб дар нимашаб ҳангоме рух дода, ки мардум дар хоб буданд ва манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки даҳҳо нафарро об бурда ва аҷсоди онҳо ҳамчунон нопадид аст.

Ба гуфтаи сухангӯйи Кумитаи умури изтирорӣ, дар асари борандагии шадид сатҳи оби рӯдхонаи Тебалай дар шаҳри Кӯлоб боло рафта ва ба маҳаллаи Чармгарони Поён сел ҷорӣ гардидааст.

Дар натиҷа, бисёре аз манозили маскунӣ хароб шуда ва се кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи сарҳанг Назариева, сатҳи оби сойи Даҳана баланд шуда ва ба деҳаи Ёқсучиёни ҷамоъати Даҳана хатари ҷиддӣ таҳдид меунад.

Бар асоси иттилоъе, ки ахиран аз манобеъи умури изтирории Тоҷикистон расидааст, дар минтақаи Норак дар ҷануби ин кишвар низ як нафари дигар бар асари ҷорӣ шудани сел кушта шудааст.

Ҳамчунин, бар асари ҷорӣ шудани сел пули иртиботие, ки шаҳри Кӯлобро ба ноҳияи Шӯрообод, дар ҷануби Тоҷикистон муттасил мекунад, хароб шуда ва ҳазорон ҳектор аз мазореъ низ хароб шудааст.

Бархе аз шоҳидони айнӣ дар шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки мардуми маҳаллӣ аҷсоди 15 нафарро, ки дар селоб кушта шуданд, пайдо кардаанд. Манобеъи маҳаллӣ дар пайдо шудани панҷ ҷасади дигар дар ноҳияи Шӯрообод низ хабар додаанд, вале мақомҳои умури изтирорӣ ин хабарро таъйид накардаанд.

Селоб дар шаҳри Кӯлоб

Афроди зиёде дар асали селоб дар Кӯлоб нопадид шудаанд

Оқои Забиров гуфт, ки борандагии шадид дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон дар шаби гузашта низ дар рустоҳои Кулчашма, Файзобод, Хонатарош, Туту, Сангдара ва Балхобӣ харобиҳое ба ҷой гузоштааст. Аз ҷумла, 8 воҳиди маскунӣ комилан хароб шуда ва беш аз 20 манзил осеб дидаанд.

Хабаргузории "Asia-Plus" пештар аз қавли Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб, овардааст, ки теъдоди кушташудагон мумкин аст афзоиш ёбад. Ба гуфтаи вай, сел ва лойоба маҳаллоти Чармгари поён ва маҳалли автовокзалро ба таври комил фаро гирифтааст.

Субҳи рӯзи ҷумъа бисёре аз мардум ба бомҳои хонаҳо баромадаанд ва гурӯҳҳои наҷот дар маҳаллоти осебдида машғули наҷот додани мардум ҳастанд. Гуфта мешавад, сарбозони пойгоҳи низомии Русия ба василаи мошинҳои низомӣ мардуми осебдидаро ба ҷойҳои амн кӯч медиҳанд.

Ин хабаргузорӣ аз қавли Сафаралӣ Зокиров, раиси ноҳияи Мӯъминобод, низ оварда буд, ки 37 хона дар маҳаллоти Боғи Ҳабиб, Тебалай ва Тутои ин ноҳия дар асари сел хароб шудаанд.

Ҳамчунин, хароб шудани се пули иртиботӣ дар ин рустоҳо расондани кумак ба мардуми осебдидаро душвор сохтааст. Бо ин ҳол, хонаводаҳои осебдида хонаҳои харобшударо тахлия кардаанд.

Бино ба гузориши Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон бар асари борандагии шадид дар ҳафтаи ҷорӣ дар навоҳии Восеъ, Данғара, Қубодиён ва Ҷилликӯли вилояти Хатлон ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд манозили маскунӣ, пулҳои иртиботӣ, роҳҳои утумубилгард ва хутути барқ хароб шудаанд.

Қаблан мақомоти маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлоб эълом карда буданд, ки боришҳои шадид ва селу обхезиҳое, ки дар авосити апрел дар ин минтақа рух дод, 150 милюн сомонӣ бар иқтисоди мардум хисорат задааст.

Зимнан, дар соли ҷорӣ бар асари ҷорӣ шудани сел, обхезӣ ва ҳаводиси дигари табъиӣ 22 нафар кушта шудаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо давраи мушобеҳ дар соли гузашта 10 нафар зиёд будааст.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.