Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 1274 килуграм маводди мухаддирро кашф ва забт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди давраи мушобеҳи соли гузашта 210 килуграм зиёдтар будааст.
Бино ба иттилоъи манобеъи Вазорати кишвари Тоҷикистон, дар ин муддат дар ин кишвар 320 нафар ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд.
Дар миёни боздоштшудагон 6 тан аз атбоъи Афғонистон ва як шаҳрванди Ӯзбакистон низ будаанд.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, мавориди бештари кашф ва мусодираи маводди мухаддир дар соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, иттифоқ афтодааст.
Дар ин вилоят аз 69 ҳодисаи қочоқи маводди мухаддир ҷилавгирӣ шуда ва аз қочоқбарон 355 килуграм маводди мухаддир мусодира гардидааст.
Дар соли ҷорӣ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, ба миқдори 75 килуграм маводди мухаддир мусодира шудааст, ки ин рақам аз нишондоди давраи мушобеҳи соли гузашта се баробар камтар будааст.
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.