
Барои бори нахуст дар порлумони Тоҷикистон "кумисиюни муваққате" таъсис шуд, ки интизор меравад дасти кам то панҷ соли дигар фаъол бошад
Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон як кумисиюни муваққати зистмуҳитиро бо шумули 15 узви порлумон таъсис дод.
Ҳалли масоили муҳити зист ва беҳбуди шароити зистмуҳитии зиндагии сокинони Тоҷикистон ҳадафи ин кумисиюн унвон шудааст.
Рустам Латипов, муъовини раҳбари ҳизби кишоварзӣ ва узви порлумон, раҳбари ин кумиссюн интихоб шуд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи нахусти кории ҳайъати ҷадиди порлумон рӯзи чаҳоршанбеи 14 апрел пешниҳод кард, ки барои ҳалли масоили муҳити зист кумисиюни вижае таъсис дода шавад.
Вай афзуд, ки дар чанд соли ахир Тоҷикистон дар пайи тағйироти иқлимӣ хисороти ҷиддие бардоштааст. Коҳиши масоҳати яхчолҳои табиъӣ ва ҷангалзорҳо, афзоиши мизони партовҳо ва коҳиши боришҳо дар Тоҷикистон аз намунаҳои бад шудани шароити муҳити зист дар ин кишвар унвон шуд.

Шукурҷон Зуҳуров мегӯяд, ки таъсиси ин кумисиюн беҳбуд бахшитдан ба вазъи муҳити зист дар Тоҷикистонро ҳадаф қарор додааст
Вай гуфт: Ҳалли масоили муҳити зист ҷузъи сиёсати кишвар ва амнияти миллии Тоҷикистон аст ва ин кумисиюн бояд шароити қонунии ҳалли ин масоилро фароҳам кунад.
Оқои Зуҳуров таъкид кард, ки ҳарчанд ҳадафи аслии ин кумисиюн ҳамоҳангсозии фаъолияти порлумон ва ниҳодҳои давлатӣ дар масоили зистмуҳитӣ аст, вале ҳамкорӣ бо созмонҳои хориҷӣ ва дохилӣ низ аз аҳдофи таъсиси ин ниҳод маҳсуб мешавад.
Вай таъкид кард, ки дар ин авохир мавзӯъи истифода аз захоири об дар минтақа ба мавзӯъи меҳварии гуфтушунидҳои мақомоти кишварҳои минтақа табдил ёфтааст. Ва посух ба иддаъоҳои фаъолони ҷунбиши зистмуҳитии минтақа низ аз аҳдофи дигари ин кумисиюн будааст.
Ба ин далел дар назди ин кумисиюн шӯрои мушовирон аз ҷумлаи коршиносон, фаъолони муҳити зист, иқтисоддонҳо ва сиёсатшиносон таъсис мешавад.

Оқои Кабирӣ мегӯяд, ки таъсиси кумисиюни муҳити зист дар порлумони Тоҷикистон ба фаъолияти фаъолони муҳити зист дар порлумони Ӯзбакистон рабте надорад
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви порлумон, ки ба узвияти ин кумисиюн интихоб шуд, мегӯяд, ки таъсиси ин ниҳод дар ҷомеъа суолотеро ба дунбол хоҳад дошт, ки оё ин кумисиюн посухест ба роҳ ёфтани фаъолони зистмуҳитӣ ба порлумони Ӯзбакистон ё хайр?
Вале оқои Кабирӣ гуфт: Дар порлумони Ӯзбакистон низ 15 нафар фаъолони зистмуҳитӣ ҳастанд, ки маъмулан муқобили тарҳҳои энержии Тоҷикистон садо баланд мекунанд, вале таъсиси кумисиюни экулужӣ дар порлумони Тоҷикистон ба ин амр рабте надорад.
Вай афзуд, ки ҳадафи аслии ин кумисиюн мусоъидат ба ҳалли масоили зистмуҳитии Тоҷикистон ва минтақа аст ва аъзои ин кумиссиюн дар ин амр бояд фаъол ва ҷасур бошанд.
Шодӣ Шабдолов, узви порлумон ва кумисиюни тозатаъсиси муҳити зист, пешниҳод кард, ки аз номи ин кумисиюн бояд калимаи муваққат ҳазф шавад, зеро интизор меравад фаъолияти он то панҷ соли дигар идома ёбад.
Вале Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон, дар посух ба ин пешниҳод гуфт, ки тибқи Қонуни Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Намояндагон, онҳо ба таъсиси кумисиюни маъмулӣ ҳақ надоранд ва ба ин далел ҳуқуқдонҳо пешниҳод кардаанд, ки кумисиюни муваққате таъсис диҳанд, ки мухолифи қонун нест.

Мақомоти порлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пайи тағйироти иқлимӣ ба вазъи зистмуҳитии ин кишвар хисороти ҷиддие ворид шудааст
Аз сӯйи дигар, оқои Зуҳуров бо истифода аз як мақоли русӣ гуфт, ки ҳеҷ амри доимие ғайри муваққат нест.
Зимнан, куллияи 63 узви порлумон барои таъсиси ин кумисиюн раъй доданд ва ба суфуфи он 15 нафарро бо шумули намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсие, ки дар порлумон намоянда доранд, интихоб карданд.
Рустам Латипов, муъовини раҳбари Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон, ки дар гузашта дар умури изтирорӣ ва муҳити зист фаъолият мекард, раиси ин кумисиюн интихоб шуд.
Бо ин вуҷуд, суоли матраҳ ин аст, ки дар Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон кумитае бо исми Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи саломатӣ ва экология вуҷуд дорад ва оё ин ниҳод наметавонад аҳдофи кумисиюни тозатаъсисро иҷро кунад?
Дар посух ба ин суол, бештари намояндагони порлумони Тоҷикистон изҳор доштанд, ки салоҳияти кумисиюни муваққат бештар мешавад ва онҳо талош мекунанд, ки ин ду ниҳод машғули иҷрои вазоифи мушобеҳ нашаванд.
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.