Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 09 Апрел соли 2010 - 11:59

Як қочоқчии солманди афғон боздошт шуд

Вазорати кишвари Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир хабар дод.

Маҳмадуллоҳ Ассадуллоев, сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон, мегӯяд, комрандони ин вазорат дар ноҳияи Фархори устони Хатлон, Мустафо валади Машафӣ, сокини 58 солаи афғонро боздошт кардаанд, ки бо худ миқдори зиёди маводди мухаддир доштааст.

Оқои Ассадуллоев гуфт: “Ин сокини Афғонистон бо худ чанд киса маводди мухаддир дошт ва кормандони пулис аз доихил ин кисаҳо ҳудуди 42 килугром банг ва беш аз 7 килугром ҳеруин кашф ва мусодира карданд.“

Оқои Ассадуллоев мегӯяд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқоти кормандони вазорат барои пайдо кардани ҳамдастони ин шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон идома дорад.

Ба гуфтаи ин масъули Вазорати кишвари Тоҷикистон аз авоили соли ҷорӣ, кормандони онҳо ҳудуди як тунн маводди мухаддирро аз қочоқбарон муссодира кардаанд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 300 килогром афзоишро нишон медиҳад.

Оқои Ассадуллоев афзуд, ки дар робита ба қочоқи маводди мухаддир кормандони вазорати онҳо дар сартосари ин кишвар 313 парванади ҷиноӣ боз кардаанд.

Ҳамчунин ин масъули дафтари матбуъотии вазорат мегӯяд, ки кормандони онҳо муваффақ ба ифшо ва боздошти аъзои бархе аз гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқчӣ шудаанд. Вай афзуд, ки дар миёни қочоқчиёни маводди мухаддир даҳ нафар атботи хориҷӣ, аз ҷумла сокинони афғон ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш масъулони Доситонии роҳу таробарии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Покистон дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе бо миқдори зиёди ҳироин хабар дода буданд.

Бо вуҷуди боздошти теъдои зиёди қочоқчиён ва мусодираи миқдори қобили мулоҳизаи маводди мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон, бар асоси хабари расонаҳои Русия, дар фурӯдгоҳ ва истгоҳҳои он кишвар дар як моҳи ахир чанд нафар аз сокинони Тоҷикистон бо маводди мухаддир боздошт шудаанд.

Масъулони ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, ки ағлаби маводди мухаддири боздошт шуда дар Афғонистон тавлид шудааст.

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.