Ба рӯз шуда:  Душанбе, 08 Феврал соли 2010 - 11:56

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

Олим Бобоев

Олимҷон Бобоев, иқтисоддон ва феълан вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, раҳбари ин ҳизб мебошад

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2005 бо баргузории анҷуман ва тасвиби низомномаву интихоби раҳбараш таъсис шуд.

Ба гуфтаи масъулон, ин ҳизб, ки раҳбараш Олим Бобоев, иқтисоддон ва феълан вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон аст, теъдоди 16500 узв дорад.

Ин ҳизб ва ҳизби кишоварзӣ ду ҳизби сиёсианд, ки дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 таъсис шуданд.

Раёсат ва шӯрои ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ умдатан муташаккил аз мутахассисон ва олимон дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ аст.

Дар ҳоли ҳозир Олим Бобоев, ки қаблан раёсати Пажӯҳишгоҳи роҳу таробариро ба ӯҳда дошт, вазири ҳамлу нақл ва иртибототи Тоҷикистон аст.

Муъовини раҳбари ҳизб, Маҳмадшариф Нозимов, муҳаққиқи дигари иқтисодист, ки дар бахши кишоварзӣ рисолаи дуктурӣ дифоъ кардааст. Вай ҳамакнун муъовинати раиси Кумитаи амвол ва сармоягузории давлатиро ба ӯҳда дорад.

Файзулло Фатҳуллоев, муъовини дигари раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, низ иқтисоддони кӯҳнакор ва корманди аршади Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст.

Ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ ҳашт номзади худро барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи феврал пешбарӣ кардааст. Масъулони ҳизб мегӯянд, ки ҳадаф доранд дар интихобот аз 5 то 7 курсӣ касб кунанд ва фраксияи худро дар порлумон таъсис бидиҳанд.

Коршиносон бо ишора ба мавзеъгирии ҳизби ҷавони ислоҳоти иқтисодӣ ин ҳизбро як ҳизби “муҳофизакор ва марказгаро” хондаанд.

Масоили аслие, ки ба гуфтаи масъулони ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, дар барномаи пеш аз интихоботияшон ба он таъкид мешавад, рушди иқтисод дар манотиқи рустоӣ ва беҳбуди вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби тавсеъаи бахши хусусӣ дар кишвар аст.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.