
Мақомот гуфтаанд тибқи фармони афв наздики 10000 зиндонӣ озод хоҳанд шуд
Ҳамзамон бо ҷашни 15-умин солгарди Қонуни Асосии Тоҷикистон 300 зиндонӣ аз маҳбаси ноҳияи Ёвон, дар ҷануби Тоҷикистон озод шуданд.
Қонуни афви Тоҷикистон, ки дар иртибот ба 15-умин солгарди Қонуни Асосии ин кишвар ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ таҳия шуда ва дар порлумон тасвиб гардид.
Тибқи ин санади ҳуқуқӣ дар назар аст дар зарфи се моҳи оянда 10 ҳазор зиндонӣ мавриди афв қарор гиранд.
Парвина Ализода, сухангӯйи Идораи зиндонҳои вазорати адлия ё додгустарии Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки имрӯз аз маҳбаси ноҳияи Ёвон умдатан афроди мусин, бемор ва зиндониёне, ки ду сеюми муддати маҳкумиятро паси сар кардаанд, озод гардиданд.
Хонуми Ализода таъкид кард, ки қарор аст дар чаҳорчӯби Қонуни авф 800 зиндонии дигар аз ин маҳбас раҳо шаванд.
Зимнан, раванди иҷрои нукоти Қонуни афв дар зиндони занон дар шаҳри Норак, дар ҷануби Тоҷикистон шурӯъ шуда ва 159 зан аз маҳкумият раҳо ёфтаанд.
Бино ба иттилоъи Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, ҳамакнун дар зиндони занони шаҳри Норак 129 маҳбус боқӣ монда ва дар назар аст, бар асоси Қонуни афв ҳудуди 80 нафари дигар озод шаванд.
Ба гуфтаи Парвина Ализода маҳбусони зан, ки муртакиби ҷароими сангин шудаанд, дар ин зиндон боқӣ монда, аммо тибқи ин санади ҳуқуқӣ муддати маҳкумияти онҳо коҳиш хоҳад ёфт.
Хонуми Ализода хабар дод, ки фардо теъдоде аз зиндониён аз маҳбаси шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд озод хоҳанд шуд.
Тибқи Қонуни афви Тоҷикистон, дар қадами аввал, занон, ноболиғон, мардони болои синни 55-сола, маълулон, собиқадорони ҷанг, дорандагони ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравию Тоҷикистон ва иштирокдорони садама дар неругоҳи атумии Чернобил мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.
Дар зарфи 15 соли ахир ин даҳумин Қонуни афв аст, ки дар Тоҷикистон тасвиб шуда ва дар чаҳорчӯби онҳо беш аз 60 ҳазор нафар авф ва 40 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шудаанд.
© MMIX