
Давлати Бритониё мегӯяд ба рағми кушта шудани панҷ сарбози ин кишвар тавассути як маъмури пулиси афғон дар вилояти ҷанубии Ҳелманд, истротежии худро барои омӯзиши сарбозони ин кишвар алайҳи Толибон бидуни тағйир идома медиҳад.
Дар ин ҳодиса шаш сарбози дигари артиши Бритониё ва ҳамчунин ду маъмури пулиси афғон низ маҷруҳ шудаанд.
Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, ба порлумони ин кишвар гуфт Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтаанд; аммо равшан нест, ки оё онҳо ба нерӯҳои амниятии Афғонистон нуфуз кардаанд ё яке аз афродашон вонамуд карда маъмури пулис аст ва ҳамларо анҷом додааст.
Сарбозони бритониёӣ дар муҷтамаъе, ки бо маъмурони пулиси афғон муштаркан иқомат дошта ва ба онҳо омӯзиш медодаанд, ба зарби гулӯла кушта шудаанд.
Маъмури пулиси афғон, ки ин тирандозиро карда, аз маҳалли ҳодиса гурехтааст.
Аз соли 2001 то кунун ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе (4 ноябр) бадтарин ҳамла ба низомиёни Бритониё дар Афғонистон маҳсуб мешавад.
Оқои Браун ба порлумони Бритониё гуфт, ки омӯзиши маъмурони пулиси Афғонистон "унсуре муҳим" дар истротежии Бритониё дар Афғонистон аст ва мутаваққиф нахоҳад шуд, чун "Толибон аз ҳамин омӯзишҳо бим доранд."
Ӯ афзуд: "Мо маҷбурем шумори маъмурони пулисро афзоиш диҳем, аммо равшан аст, ки сифати амалкарди пулис низ бояд баланд бардошта шавад. Ман намехоҳам аз рухдоди як ҳодиса дар мавриди нерӯҳои пулиси афғон натиҷагирӣ кунам."
Ба дунболи тирандозӣ ва кушта шудани панҷ сарбози бритониёӣ дар Ҳелманд, акнун шумори талафоти имсоли ин нерӯҳо дар Афғонистон ба 92 тан расид, ки болотарини омори солона аз замони оғози ҷанг маҳсуб мешавад
© MMIX