Advertisement
Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 05 Ноябр соли 2009 - 06:38

Вокуниши Эрон ва Сурия ба иддаъоҳои Исройил

Исройил силоҳҳоеро, ки мегӯяд маҳмулаи Фронкуп аст, дар бандари Асдод ба намоиш гузошт

Эрон ва Сурия ин иддаъои Исройилро, ки як фарванд киштии бории тавқифшуда дар Медитарона ҳомили силоҳ аз Эрон барои Ҳизбулоҳи Лубнон будааст, рад кардаанд.

Артиши Исройил гуфт, ки ин бор аслиҳа яке аз бузургтарин маҳмулаҳое аст, ки то кунун ёфтааст.

Исройил муддаъӣ шуд, ки силоҳҳо аз Эрон омада ва ба Сурия мерафтааст, то ниҳоятан дар ихтиёри тарафдорони Ҳизбуллоҳи Лубнон қарор гирад

Исройил ахиран бар талошҳояш барои муқобила бо қочоқи силоҳ ба Ҳизбуллоҳ ва ҳамчунин гурӯҳи пайкорҷӯйи Ҳамос афзудааст.

Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон дар конфронсе хабарӣ бо Валид Муаллим ҳамтои сурии худ иддаъоҳои Исройилро рад кард.

Оқои Муаллим низ гуфт: "Мутаассифона бархе дуздони расмии дарёӣ гоҳе ба исми нерӯи дарёӣ, гоҳе таҳти унвони бозрасӣ, нақлу интиқолоти тиҷории миёни Сурия ва Эронро сад мекунанд."

Ӯ афзуд: "Ин киштӣ ҳомили силоҳи эронӣ ба Сурия ё ҳеҷ навъ маводди низомӣ барои сохтани силоҳ дар Сурия нест. Ин киштӣ колоҳои воридотӣ аз Сурия ба Эрон ҳамл мекунад."

Умуман тасаввур мешавад, ки Эрон ва Сурия ҳомиёни молии аслии Ҳизбуллоҳ ҳастанд. Ин гурӯҳи шиъа ҳанӯз дар мавриди забти бори ин киштӣ изҳори назар накардаанд.

Артиши Исройил гуфт маъмуронаш дар наздикии Қибрис савори ин киштӣ ба номи "Фронкуп", ки бо парчами Антигуа ҳаракат мекард, шуданд ва онро ба бандари Асдод ядак кашиданд.

Артиши Исройил мегӯяд контенерҳои рӯйи арша ҳовии норинҷаки дастӣ, рокет, хумпора ва дастикам се ҳазор рокети дурбурд (missile) аст

Бинямин Натаняҳу, нахуствазири Исройил гуфт, ки ин силоҳҳо бо ҳадафи истифода барои ҳамла ба шаҳрҳои Исройил ирсол шуда буд.

Ӯ гуфт: "Ҳар кас ниёзманди шавоҳиди қатъии ин мавзӯъ буд, ки Эрон ҳамчунон барои созмонҳои теруристӣ силоҳ мефурӯшад, масъала ба шакле рӯшан ва бидуни ибҳом барояш собит шуд."

Артиши Исройил гуфт мадорики ҳамли бор нишон медиҳад, ки киштӣ аз Эрон роҳ афдота ва ба Сурия мерафтааст, то силоҳҳо аз он ҷо ба Лубнон мунтақил шавад. Бо ин ҳол артиши Исройил ин аснодро нишон надод.

Аз замони поён ёфтани амлиёти низомӣ дар Ғаза, ин кишвар дар баҳри Медитарона ва баҳри Сурх дар амалиёти мутаъаддиде ба бозрасии киштиҳо барои ёфтани силоҳ мепардозад.

Исройил мехоҳад монеъ аз ирсоли силоҳ барои Ҳамос дар манотиқи фаластинӣ ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон шавад.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ як киштӣ, ки парчами Қибрисро дошт ва "силоҳ" ҳамл мекард, дар Қибрис тавқиф шуд. Исройил дар он замон гуфт, ки ин силоҳҳо аз сӯйи Эрон барои Ҳамос дар навори Ғаза ирсол шуда буд, аммо Эрон ин иддаъоҳоро рад кард.

Дар соли 2002, нерӯйи дарёии Исройил киштии Карин-Аро, ки ҳомили панҷоҳ тон силоҳ буд, тавқиф кард. Гуфта шуд, ки ин силоҳҳо ба Ғаза фиристода шавад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.