Advertisement
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 04 Ноябр соли 2009 - 14:55

"Фишори давлат теъдоди сусиёлистҳоро коҳиш дод"

Мирҳусейн Назриев, раҳбари яке аз ду ҷиноҳи ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон эълом кард, ки аз соли 2004 то ҳол “дар асари фишорҳои мухталиф”, ҳудуди ҳафт ҳазор нафар аз аъзои ин ҳизб коҳиш ёфтааст.

Мирҳусейн Назриев ин матлабро дар ҳоле гуфт, ки замони муборизот барои интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон, яъне марҳилаи ба гуфтаи бархе сиёсатшиносон “фаъол будани” бештари аҳзоби сиёсии кишвар наздик мешавад.

Ҷиноҳи ҳизби сусиёлисти Мирҳусайн Назриев рӯзи сешанбеи 4 октябр дар остонаи солгарди Қонуни асосии Тоҷикистон баёнияе интишор дод, ки дар он ончи мудохила ва фишори давлат бар аъзои ин ҳизб хонда шуда, маҳкум кардааст.

Дар ин баёния ҳамчунин аз ҳафтаномаҳои Миллат, Нигоҳ, Озодагон ва бархе аз ниҳодҳои давлатӣ, монанди вазоратҳои адлия ва умури хориҷӣ ба хотири муъаррифии Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҷиноҳи мухолиф, ба унвони ҳизби сусиёлисти расмӣ ё қонунӣ башиддат интиқод шудааст.

Мирҳусейн Назриев дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: “Дахолати рӯйирости ҳукумат ба ҳизб зарбаи сахте зад ва аъзои ҳизб аз ҳизб канораҷӯӣ карданд... Аз соли 2004 то ҳоло нуфузи ҳизб аз ҳудуди 17,500 нафар то 10 ҳазор коҳиш ёфтааст.”

Ба гуфтаи оқои Назриев, ҳизби вай аз ҷумла дар Бадахшон тарафдорони зиёде дошт, вале аъзои он "аз сӯи бархе афрод даъват шуда" ва дар мавриди фаъолиятҳои ҳизбияшон бозпурсӣ шудаанд. Чунин амр, ба гуфтаи оқои Назриев, теъдоди зиёде аз тарафдорони ҳизбашро аз ҳизб ва фаъолиятҳои сиёсӣ дилсард сохтааст.

Оқои Назриев гуфт, ки интишори баёнияи интиқодӣ дар остонаи Рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон амре нумодин ё рамзӣ будааст, зеро ба бовари вай, дар Тоҷикистон авлавияти қонун таъмин нест.

Дар изҳороти ҷиноҳи ҳизби сусиёлисти Мирҳусейн Назриев аз расонаҳои хабарӣ ва бархе аз ниҳодҳои давлатӣ, ки Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҷиноҳи дигари ин ҳизбро ба унвони ягона раҳбари ҳизби сусиёлист муъаррифӣ мекунанд, башиддат интиқод шуда ва таъкид мешавад, ки ин гуна матолиб маъмулан “фармоишӣ” ҳастанд.

Дар ин изҳорот мехонем: “Дар давоми се соли ахир, хусусан дар соли 2009-уми пешазинтихоботӣ дар ВАО (васоити ахбори умумӣ, яъне расонаҳо) нашри матолиби тамоюли фармоишӣ дошта ба назар мерасанд.”

Мирҳусейн Назриев дар шарҳи ин иддиъа меафзояд, ки ҳадафи ин матолиб пойин бурдани эътибор ва нуфузи ҷиноҳи ҳизби сусиёлисти Назриев дар миёни ҷомеъа дар остонаи интихоботи порлумонӣ аст.

Ба бовари оқои Назриев, давлати Тоҷикистон ба далели мавқеъгирии мухолифи ҳизби сусиёлист дар баробари давлат дар замони интихоботи раиси ҷумҳурии соли 2004, "аз роҳи сунъӣ дар дохили ҳизб шикоф ба миён оварда ва онро ба ду ҷиноҳ тақсим кард."

Ҳизби сусиёлист дар соли 1992 тавассути Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдон, ки дар соли 1991 муддате раёсати порлумонро ба уҳда дошт, таъсис дода шуд ва раҳбарии онро низ вай бар ӯҳда дошт.

Пас аз қатли оқои Кенҷаев дар соли 1999, фаъолияти Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон муддате камранг шуд ва ин ҳизб дар соли 2004 ба ду ҷиноҳ тақсим шуд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиноҳи таҳти раҳбарии Мирҳусейн Назриевро, ки худро аз мухолифони давлат медонад, ба расмият намешиносад. Додгоҳ низ тақозоҳои мукаррари ҷонибдорони оқои Назриев барои ба расмият шинохтани ин гурӯҳро рад кардааст.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.