Advertisement
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 04 Ноябр соли 2009 - 06:05

Омрико ва Урупо аз Эрон хостанд ба таъаҳҳудоти худ амал кунад

Убомо пас аз дидор бо раҳбарони урупоӣ суҳбат мекард

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо ба таври муштарак хостори пойбандии Эрон ба таъаҳҳудҳои байналмилалии худ шудаанд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико пас аз дидор бо раҳбарони Иттиҳодияи Урупо гуфт Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо тавофуқ кардаанд ин паёмро ба Эрон бифиристанд, ки "мо хостори ҳузури комили онҳо дар ҷомеъаи байналмилалӣ ҳастем, вале онҳо бояд мутобиқи қонуни байналмилалӣ ва таъаҳҳудҳои худ амал кунанд."

Оқои Убомо пас аз дидори рӯзи сешанбе бо Хосе Мануел Баросо, раиси кумисиюни Урупо, Ҳовиер Солоно, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва Фредерик Ройнфелдт, нахуствазири Суед ва раиси ин Иттиҳодия дар Кохи Сафед суҳбат мекард.

Суханони оқои Убомо дар ҳоле баён шуд, ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар суханоне дар Теҳрон, талоши давлати Омрико барои беҳбуди равобит бо Эронро ба зери суол бурд.

Оқои Хоманаӣ суханони оштиҷӯёнаи мақомоти омрикоиро "лабханди токтикӣ" тавсиф карда, ки фақат кӯдаконро фиреб медиҳад ва "агар масъулони кишвар боҳуш, ботҷриба ва дил дар гарави манофеъи миллат дошта бошанд, фиреби ин лабхандҳоро нахоҳанд хӯрд."

Оқои Хоманаӣ бо ишора ба суханони "ба зоҳир зебо ва пайғомҳои мукаррари шифоҳӣ ва катбии (Борок Убомо) раиси ҷумҳурии Омрико барои музокира бо Эрон ва ҳалли мушкилот" гуфт Омрико аз як тараф суҳбат аз музокира мекунад, аммо аз тарафи дигар ба таҳдиди худ идома медиҳад, ки "ин ҳамон робитаи гургу гӯсфанд аст, ки Имом фармуданд ин робитаро намехоҳем."

Таҳлилгарон мегӯянд суханони оқои Хоманаӣ метавонад баёнгари мухолифати Эрон бо тарҳи пешниҳодии Ожонси байналмилалии энержии атумӣ барои поён додан ба муноқишаи ҳастаии Эрон бошад.

Бар асоси ин тарҳ, ки мавриди пазириши Омрико ва соири кишварҳои ғарбӣ қарор гирифта, Эрон урониюми камтари ғанишудаи худро ба Русия мефиристад, то пас аз фароварӣ барои табдил ба сӯхти ҳастаӣ ба Фаронса ирсол шавад.

Ин сӯхти ҳастаӣ пас аз он ба Эрон бозгардонда мешавад.

Эрон ин тарҳро ба таври талвеҳӣ рад кардааст ва мегӯяд тарҷеҳ медиҳад сӯхти мавриди ниёзро ба таври мустақим харидорӣ кунад.

Аммо Омрико камокон хостори пазириши ин тарҳ ба василаи Эрон аст.

Сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико рӯзи сешанбе таъкид кард, пазириши ин тарҳ ба бозгашти Эрон ба ҷомеъаи байналмилалӣ ва поёни инзивои ин кишвар кумак мекунад.

Ба гуфтаи оқои Келлӣ, Омрико аз Эрон мехоҳад тарҳи пешниҳодии Ммуҳаммад Албародеъӣ, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атумиро пазирад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.