
Иддаи зиёде аз касоне ки нороҳатиҳои қалбӣ доранд, аз аспирин бо дозаи камтар истифода мекунанд
Пажӯҳишгарон мегӯянд касоне ки бемориҳои ҷиддии қалбӣ ва уруқӣ надоранд, набояд барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи қалбӣ ва сактаи мағзӣ аспирин масраф кунанд.
Аз мутолеъае, ки дар ин бора сурат гирифта, чунин натиҷагирӣ мешавад, ки масрафи аспирин метавонад боъиси хунрезии ҷиддии дохилӣ шавад ва ҳамчунин монеъи маргҳои ношӣ аз бемориҳои қалбӣ ва уруқӣ низ намешавад.
Пажӯҳишгароне, ки дар ин баррасӣ ширкат доштаанд, тавсия мекунанд, ки пизишкон бояд вазъи тамоми беморонеро, ки дар ҳоли ҳозир барои ҷилавгирӣ аз нороҳатиҳои қалбӣ аспирин масраф мекунанд, баррасӣ кунанд.
Колеҷи салтанатии пизишкони хонавода, дар Бритониё ин тавсияро таъйид кардааст.
Истифода аз аспирин бо доза (миқдор)-и пойин дар касоне ки дорои бемориҳои қалбӣ ва уруқӣ ҳастанд ва дучори сактаи қалбӣ ё мағзӣ шудаанд барои ҷилавгирӣ аз ташдиди ин бемориҳо тавсия мешавад.
Вале дар Бритониё ҳазорон нафар муътақиданд, ки масрафи аспирин барои пешгирӣ аз дучор шудан ба ин бемориҳо муассир аст.
Дар фосилаи солҳои 2005 ва 2008 истифода аз аспирин ба манзури ҷилавгирӣ аз бемориҳои қалбӣ дар чанд гурӯҳ аз бемороне, ки собиқаи бемориҳои қалбӣ надоштаанд, тавсия шуда буд.
Ашхоси аз 50 сол болое, ки дучори диабети навъи 2 буданд ва низ касоне ки фишори хунашон боло буд, аз афроде буданд, ки истифода аз аспирин ба онҳо тавсия мешавад
Вале натиҷаи мутолеъоте, ки бар рӯйи 95 ҳазор бемор сурат гирифта ва акнун дар нашрияи пизишкии Лонест чоп шуда, аз ин тавсия ба далели оризаи ҷиддии хунрезии меъда барои ин гурӯҳ аз масрафкунандагони аспирин ҳимоят намекунад.
Бахусус, ки таъсири масрафи он дар ҷилавгирӣ аз марги беморон чандон қобили таваҷҷуҳ нест.
Раиси Колеҷи салтанатии пизишкони хонавода дар Бритониё ин ёфтаҳоро таъйид карда ва дархост карда дастурамали мавҷуд дар бораи масрафи аспирин ислоҳ шавад.
Бунёди қалби Бритониё мегӯяд: "Мо ба мардум тасия мекунем, ки қабл аз машварат бо пизишки худ аспиринро ба таври рӯзона масраф накунанд.. Беҳтарин роҳ барои коҳиши хатари бемории қалбӣ сигор накашидан, масрафи ғизоҳое, ки чарбиаш кам аст, хӯрдани мева ва сабзиҷот ва низ фаъолиятҳои муназзами баданӣ аст.
© MMIX