
Дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе мавзӯъи беҳбуд бахшидан ба вазъи роҳҳои иртиботии Тоҷикистон баррасӣ шуд
Бар асоси иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон 75 дар сади роҳҳои қиррези (асфалти) ин кишвар хароб шуда ва ба тармиму бозсозӣ ниёз доранд.
Дар як ҳамоиши байналмилалӣ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 4 ноябр ба ибтикори Вазорати нақлиёту иртибототи Тоҷикистон, Бонки Осиёии Тавсеъа ва Ожонси Тавсеъаи Байналмилалии Жопун дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид шуд, ки барои бозсозии ин роҳҳо садҳо милюн дулор лозим аст.
Ба гуфтаи Олим Бобоев, вазири нақлиёту иртибототи Тоҷикистон, дар барномаи давлати ин кишвар барои солҳои 2014 то 2019 бунёд ва бозсозии роҳҳои иртиботие, ки Тоҷикистонро бо мамолики хориҷӣ пайваст мекунад, авлавият дорад.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, тӯли ин гуна роҳҳо 734 килуметр буда ва барои бозсозии онҳо 161 милюн дулори омрикоӣ лозим аст. Аммо ин умдатан фосилаи бахшҳои нави роҳҳоест, ки акнун ба роҳҳои байналмилалӣ табдил шудаанд.

Оқои Бобоев гуфт, ки дар барномаи давлати Тоҷикистон бунёд ва бозсозии роҳҳои иртиботӣ бо мамолики хориҷӣ авлавият дорад
Ҳамакнун, роҳҳои иртиботии байналмилалӣ, назири роҳҳои масири Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ-Ӯзбакистон, Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён-Афғонистон ва Душанбе-Кӯлоб-Кулма-Чин бо сармояи Бонки Осиёии Тавсеъа ва Чин бунёд ва бозсозӣ мешаванд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки бахши аслии ҳамлу нақли коло ва мусофирон дар дохили Тоҷикистон аз тариқи роҳҳои утумубилрав сурат мегирад, ширкаткунандагони ҳамоиш бар зарурати тармиму бозсозии роҳҳо ва пулҳои иртиботии дохилӣ миёни шаҳрҳо ва навоҳии ин кишвар таъкид карданд.
Гуфта мешавад бархе аз роҳҳои утумубилрав дар манотиқи кӯҳистонӣ комилан харобу фарсуда шудаанд ва ҳаракат дар ин гуна роҳҳо хатарнок аст.
Аловиддин Аноятшоев, раиси Идораи кулли сохтмону нигаҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёту иртибототи Тоҷикистон гуфт, ки барои бозсозии ин роҳҳо, ки тӯлашон беш аз 13 ҳазор килуметр аст, маболиғи ҳангуфте лозим аст.
Оқои Аноятшоев таъкид кард, ки сармоягузории давлати Тоҷикистон ба бахши тармиму бозсозии роҳҳо дар соли оянда се баробар афзоиш ёфта солиёна ба 95 милюн сомонӣ ё 27 милюн дулори омрикоӣ хоҳад расид.

Макото Оҷиро мегӯяд Бонки Осиёии Тавсеъа дар бозсозии роҳҳои байналмилалӣ ва роҳҳои иртиботии дохили Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард
Ҳамчунин, масъулони ин вазорат ибрози умедворӣ карданд, ки пулакӣ шудани истифода аз роҳҳои иртиботии байналмилалӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар соли оянда ба беҳбуди вазъи роҳҳо мусоъидат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Макото Оҷиро, намояндаи доимии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Тоҷикистон гуфт, ки ин ниҳоди молӣ дар бозсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва роҳҳои иртиботии миёни шаҳрҳо ва навоҳии ин кишвар сармоягузорӣ хоҳад кард.
Аз ҷумла, дар назар аст дар зарфи чаҳор соли оянда Бонки Осиёии Тавсеъа барои бунёд ва бозсозии роҳҳои байналмилалӣ ба миқдори 200 милюн дулор ва барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар тунелҳои "Истиқлол"-у "Шаҳристон" ва "Чормағзак" ва роҳи масири Душанбе-Қаримиқи марзи Қирғизистон ҳудуди 300 милюн дулор сармоя ихтисос бидиҳад.
© MMIX