Advertisement
Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 03 Ноябр соли 2009 - 05:28

Омрико ва Бритониё ба Карзай табрик гуфтанд

Бон Ки Мун аввалин шахсияти байналмилалӣ буд, ки ба оқои Карзай табрик гуфт

Дар пайи эъломи хабари лағви баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва эъломи номи Ҳомиди Карзай ба унвони раиси ҷумҳури баъдии ин кишвар, мақомҳои байналмилалӣ ба оқои Карзай табрик гуфтаанд.

Дабири кулли Созмони Милал, Бритониё ва Омрико ба дунболи ин тасмими Кумисиюни интихоботи Афғонистон ба оқои Карзай табрик гуфтаанд.

Омрико оқои Карзайро “раҳбари қонунӣ ва машруъи” Афғонистон хондааст.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико дар тамосе телефонӣ оқои Карзайро тарғиб кард “фасли тозае” дар амри кишварӣ бигшоянд ва ҳамчунин аз ӯ хост талошҳо барои решакании фасодро шиддат бахшад.

Оқои Убомо гуфт, ки ба раиси ҷумҳурии Афғонистон табрик гуфта ва ҳарчанд раванди раъйгириро “оганда аз беназмӣ” тавсиф кард, аммо таъкид кард, ки натиҷаи ниҳоӣ бо қавонини Афғонистон ҳамхонӣ дорад.

Раиси ҷумҳури Омрико гуфт, оқои Карзай ба ӯ “итминон додааст, ки мутаваҷҷеҳи аҳамияти ин мақтаъ ҳаст” ва афзуд: “Аммо ҳамон тавр, ки ба ӯ гуфтам, исботи ин мавзӯъ на дар ҳарф, балки дар амал мушоҳида хоҳад шуд.”

Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки барои гуфтугӯ бо Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ (рақиби оқои Карзай) ва фароҳам кардани шароити баргузории даври дувуми интихобот ба таври ғайримунтазира ба Кобул сафар карда буд, аввалин фарде буд, ки ба оқои Карзай табрик гуфт.

Оқои Бон гуфт: “Ман аз тасмими Кумисиюни мустақили интихоботии Афғонистон барои лағви дувуми даври интихобот ва эъломи номи Ҳомиди Карзай ба унвони барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2009 инстиқбол мекунам.”

Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, ки кишвараш беш аз 900 сарбоз дар Афғонистон дорад низ бо барқарории тамосе телефонӣ ба ӯ табрик гуфт ва оқои Карзайро фаро хонд, то масъалаи дастёбӣ ба ваҳдати миллиро пайгирӣ кунад.

Сафорати Омрико дар Кобул низ бо судури баёнияе эълом кард: “Мо ба оқои Карзай ба хотири пирӯзӣ дар ин интихоботи таърихӣ табрик мегӯем ва мунтазири оғози ҳамкорӣ бо ӯ ҳастем.”

Давлати Омрико, ки мунтазир буд вазъияти раиси ҷумҳурии ояндаи Афғонистон мушаххас шавад, то дар бораи афзоиши эҳтимолии шумори сарбозони худ дар ин кишвар тасмимгирӣ кунад, ҳамчунин хитоб ба оқои Абдуллоҳ навиштааст: “Мо ҳамчунин ба оқои Абдуллоҳ ва дигар номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба хотири талошҳояшон барои тақвияти ояндаи демукротики Афғонистон табрик мегӯем.”

Оқои Абдуллоҳ, ки дар гузашта вазири хориҷаи Афғонистон буд, рӯзи якшанбе, аввали ноябр дар эътироз ба набудани мавозине, ки монеъи бурузи муҷаддади тахаллуфоти интихоботӣ шаванд, аз ҳузур дар даври дувуми интихобот даст кашид.

Оқои Абдуллоҳ аз ҷумла хостори барканории мақомоти аршади Кумисиюни интихобот ба далели ҷонибдорӣ аз Ҳомиди Карзай дар интихобот буд.

Пас аз он Кумисиюни интихобот баргузории даври дувуми раъйгириро лағв кард ва сипас номи оқои Карзайро ба унвони пирӯзи интихобот эълом кард.

Оқои Карзай, ки исрор дошт тахаллуфоти даври аввали интихобот бузургнамоӣ шуда, танҳо таҳти фишори густардаи диплумотики байналмилалӣ ҳозир ба пазириши даври дувуми интихобот шуда буд.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.