
Марди афғон дар баробари пустери интихоботии Ҳомиди Карзай
Баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон лағв ва шуморе аз раҳбарони ҷаҳон ба Ҳомиди Карзай табрик гуфтаанд, ки бори дигар раиси ҷумҳурии ин кишвар шудааст.
Ин вазъият аз бисёр ҷиҳат бадтарин натиҷаи мумкин барои Омрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон будааст.
Қарор буд баргузории ин интихобот фурсате фароҳам кунад, то давлати Афғонистон, ки ба таври афзоянда эътибори худро аз даст додааст, ваҷҳае қонунӣ ёбад.
Дастоварди раъйгирие, ки сурат гирифт, муҳдуд ба интихоби як раиси ҷумҳурии ҷади барои Афғонистон набуд; агар раъйгирӣ озодона ва мунсифона анҷом мегирифт, эътибори на фақат фарди пирӯз, балки кулли низоми сиёсии Афғонистонро афзоиш медод.
Аммо пас аз баргузории интихоботе, ки шоҳиди тақаллубҳои густарда буд, бавижа дар навоҳие, ки оқои Карзай иддаъо карда бузургтарин шумори ороро аз они худ кардааст, акнун Ҳомиди Карзай боз бар маснади қудрат дар Афғонистон нишастааст.
Тамоми нишонаҳо ҳокӣ буд, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, мунтазири натиҷаи дувумин даври интихобот будааст, то истротежии низомии кишварашро дар Афғонистон эълом кунад.
Акнун баҳсу гуфтугӯҳо дар ин бора дар Омрико фаврияти афзунтаре ёфтааст.
Як мавзӯъ рӯшан аст, ки дар сохтори қудрати Афғонистон тағйири фоҳише рух нахоҳад дод ва агар қарор бошад шоҳиди пешрафте чашмрас алайҳи шӯришиён дар ин кишвар бошем, эҷоди давлати муътабар сахттар шудааст.
Аммо аз миёни ин вазъияти ошуфта чизе қобили наҷот додан аст? Мумкин аст, ки аз ин миён давлати фарогире зуҳур кунад? Оё Ҳомиди Карзайро метавон қонеъ кард бахше аз қудрати худро тақсим кунад ё дастикам аз пешрафтҳои сиёсӣ дар сатҳҳои маҳаллӣ ҷилавгирӣ накунад?
Беш аз ҳар замони дигар давлати Омрико бояд тасмим бигирад, ки манофеъи воқеиаш дар Афғонистон чист ва ҳамчунин сатҳи нерӯҳои низомӣ ва манобеъи худро мунтабиқ бо он чи дар Афғонистон қобили ба даст овардан аст, танзим кунад.
© MMIX