Advertisement
Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 03 Ноябр соли 2009 - 13:05

Баррасии шароити муҳоҷирати тоҷикон ба Саъудӣ

саъудӣ

Дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе мавзӯъи муҳоҷирати кории тоҷикон ба Арабистони Саъудӣ матраҳ шуд

Мақомҳои тоҷик ва Арабистони Саъудӣ дар ҳамоише шароити муҳоҷирати атбоъи тоҷик ба он кишварро баррасӣ кардаанд. Тибқи тавофуқоти ду ҷониб, аз авоили соли оянда муҳоҷирони кории тоҷик имкон хоҳанд ёфт дар Арабистони Саъудӣ кор ва зиндагӣ кунанд.

Дар ҳамоиши ҳайъати давлати Арабистони Саъудӣ ва Идораи муҳоҷирати Вазорати кишвари Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 3 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масоили марбут ба шарту шароити кор ва буду боши муҳоҷирони тоҷик дар Арабистони Саъудӣ матраҳ шуд.

Ба гуфтаи Сафеъулло Девонаев, раиси Идораи муҳоҷирати Вазорати кишвари Тоҷикистон, ҷониби Арабистони Саъудӣ феҳристи беш аз 200 тахассуси мавриди ниёзашро пешниҳод кардааст.

Шароити кор дар Саъудӣ

Бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, шарти аслии муҳоҷират ба Арабистони Саъудӣ барои коргарони тоҷик тахассуси хуби корӣ ва дониши сатҳии забонҳои арабӣ ё инглисӣ маҳсуб мешавад.

Дар назар аст дар моҳи ҷорӣ бо сармояи давлати Арабистони Саъудӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоёти Суғд, Хатлон, Бадахшон ва водии Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои арабӣ ва инглисӣ ифтитоҳ шавад.

девонаев

Оқои Девонаев гуфт, ки ҷониби Арабистони Саъудӣ феҳристи беш аз 200 тахассуси мавриди ниёзро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи ҳайъати Арабистони Саъудӣ муҳоҷирони тоҷик бояд қавонин ва муқаррароти кори ин кишварро риъоят кунанд ва дар сурати нақзи қавонин ин афрод муҷозот ва аз кишвар ихроҷ карда хоҳанд шуд.

Саъд Наҳор Ал-Баддоҳ, раиси Шӯрои утоқи бозаргонии Арабистони Саъудӣ ва раҳбари ҳайъати ин кишвар гуфт, ки кишвараш дар қадами аввал ба коргарони бахши сохтмон, ронандагон ва пизишкону парасторони тоҷик ниёз дорад.

Ҳамзамон, оқои Ал-Баддоҳ таъкид кард, ки вуруди занҳои танҳо, ки синнашон зери 30 сол аст, ба Арабистони Саъудӣ комилан мамнӯъ буда ва пизишкону парасторони зан фақат бо шавҳарҳояшон барои кор даъват хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, муҳоҷирони тоҷик танҳо дар сурати имзои қарордод бо ширкатҳои Саъудӣ ва ҳамоҳанг сохтани шарту шароити кор ҳаққи вуруд ба ин кишварро дарёфт хоҳанд кард.

Бархе аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш дар имкони эъзоми теъдоди зиёде аз пизишкону парасторон аз Тоҷикистон ба Арабистони Саъудӣ ибрози тардид карданд.

Гуфта мешавад, ҳоло беш аз панҷ ҳазор пизишки варзида ва ботаҷрубаи тоҷик дар Русия, Афғонистон, Яман ва кишварҳои дигар кор ва зиндагӣ мекунанд.

ал-баддоҳ

Наҳор Ал-Баддоҳ мегӯяд, ки вуруди занони танҳо ба Арабистони Саъудӣ мамнӯъ аст

Аз сӯйи дигар, дар шароити феълӣ худи бемористону дармонгоҳҳои Тоҷикистон ба пизишкону парасторони ботаҷруба ниёз доранд.

Аммо Соҳиб Раҳмонов, муъовини вазири тандурустӣ ё беҳдошти Тоҷикистон, гуфт, ки дар ин кишвар теъдоди кофии пизишкону парасторон мавҷуд буда ва теъдоди мавриди ниёз барои кор ба Арабистони Саъудӣ фиристода мешавад.

Саъудӣ ё Русия?

Бар асоси ёддошти тафоҳуме, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Риёз миёни Арабистони Саъудӣ ва Тоҷикистон имзо шуда, ҷониби Саъудӣ таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷикро замонат додааст.

Коргарони тоҷик дар канори дарёфти маъош ё ҳуқуқи моҳиёнаи хуб, аз шароити муъолиҷаи ройгон ва пардохти бима бархурдор хоҳанд буд.

Тибқи ин санад, атбоъи тоҷик нахуст бо ширкатҳои Саъудӣ барои ду сол қарордод баста ва дар сурати шароити хуби кор метавонанд қарордодҳояшонро тамдид кунанд.

соҳиб

Соҳиб Раҳмонов гуфт, ки теъдоди мавриди ниёзи пизишкону парасторон барои кор ба Арабистони Саъудӣ фиристода мешавад

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва Қазоқистон мегӯянд, ки ҳуқуқи онҳо дар ин кишварҳо мукарраран нақз мешавад ва онҳо аз сӯйи корфармоён, пулис ва бегонаситезҳои Русия мавриди азияту озор қарор мегиранд.

Аммо масъулони Идораи муҳоҷирати Вазорати кишвари Тоҷикистон гуфтанд, ки умдатан муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ва Қазоқистон бо чунин вазъе мувоҷеҳ шуда ва ҳуқуқи онҳо таъмин намешавад.

Ҳамчунин, ин масъулон таъкид карданд, ки ҷустуҷӯйи бозори кор дар кишварҳои арабӣ ба ҳеч ваҷҳ маънии рӯй гардондан аз бозори кори Русияро надорад. Дар ин кишвар садҳо ҳазор тан аз атбоъи тоҷик кор ва зиндагӣ мекунанд.

Сафеъулло Девонаев, раиси Идораи муҳоҷирати Вазорати кишвари Тоҷикистон гуфт, ки дар пайи буҳрони ҷаҳонии молӣ ва вазъи душвори муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ин кишвар бо мамолики урупоӣ, Конодо ва Омрико дар мавриди муҳоҷирати корӣ музокиротеро шурӯъ карда ва дар сурати имзои асноди ҳамкорӣ дар ин замина бозорҳои кории олтернотив барои муҳоҷирони тоҷик пайдо хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Вафо Ниятбеков, коршиносони тоҷик, ҷустуҷӯйи бозорҳои кори ҷадидро як иқдоми тарҳрезишудаи давлати Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бозори ягонаи кории Русия талаққӣ кард.

Ба гуфтаи оқои Ниятбеков, ҳоло Русия аз ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ба унвони василаи фишор бар Тоҷикистон истифода мекунад ва дар сурати пайдо шудани тирагӣ дар равобити ду кишвар Русия таҳдид хоҳад кард, ки муҳоҷирони тоҷикро ихроҷ мекунад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.