
Оқои Бон бо Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ҳомиди Карзай дидор мекунад
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар як сафари аз қабл эъломнашуда вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шудааст.
Намояндагии сиёсии СММ дар Кобул мегӯяд, Бон Ки Мун дар ин сафар бо Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади муътаризи интихоботи Афғонистон ва Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури ин кишвар дидор хоҳад кард.
Ин дидор ба дунболи он сурат мегирад, ки Абдуллоҳи Абдуллоҳ тасмими худро барои ширкат накардан дар даври дувуми интихоботи раёстаи ҷумҳурии Афғонистон эълом кард.
Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки дар эътироз ба бароварда нашудани шароиташ мабнӣ бар барканории мақомоти аршади кумисиюни интихобот дар даври дувум ширкат намекунад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоле бо ду рақиби интихоботӣ дар Афғонистон дидор мекунад, ки саволҳои зиёде дар мавриди сарнавишти сиёсии Афғонистон ба вуҷуд омадааст.
Ҳанӯз маълум нест даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки барои ҳафтуми ноябри имсол барномарезӣ шуда, баргузор хоҳад шуд ё на.
Саволҳои дигаре низ дар мавриди низоми ояндаи Афғонистон ва масъалаи мушорикати сиёсии ҷиноҳҳои мухталиф дар он вуҷуд дорад.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, оқои Бон дар дидори худ бо Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ҳомиди Карзай, ба онҳо дар мавриди идомаи ҳимояти ин созмон аз Афғонистон ва мардуми ин кишвар итминон хоҳад дод.
Аммо ба назар мерасад сафари оқои Бон ба Афғонистон дар шароити кунунӣ, аз як сӯ фурсатҳои тозаеро барои ду рақиби интихоботӣ эҷод хоҳад кард ва аз сӯйи дигар саҳнаи гарми музокирот дар мавриди сарнавишти интихоботи Афғонистонро гармтар мекунад.
Баррасии вазъияти амниятӣ
Бахши дигари сафари оқои Бон ба Кобул ба баррасии вазъияти амниятӣ ва шароити кории кормандони ин созмон дар пайи ҳамлаи маргбори ҳафтаи гузашта ба кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул ихтисос дорад.
Намояндагии СММ дар Кобул мегӯяд оқои Бон дар ин сафар бо сарони дафотири Созмони Милал дар Афғонистон ва мақомоти амниятӣ дидор хоҳад кард.
Дар ҳамлае, ки ҳафтаи гузашта ба як меҳмонхонаи шахсӣ дар Кобул сурат гирифт, ҳадди ақал панҷ корманди хориҷии Созмони Милали Муттаҳид кушта ва ҳудуди даҳ нафари дигар захмӣ шуданд.
Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифта ва гуфтанд, ки онҳо ба ҳамалоти худ барои барҳам задани даври дувуми интихоботи раёстаи ҷумҳурии Афғонистон идома хоҳанд дод.
Созмони Милали Муттаҳид пеш аз ин гуфтааст, ки ин ҳамла монеъ аз идомаи маъмурияти онҳо дар Афғонистон намешавад, аммо таъкид карда, ки тадоибири амниятиро барои кормандони худ дар ин кишвар тақвият хоҳад кард.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи гузашта дар вокуниш ба ҳамла ба кормандони ин созмон дар Кобул гуфт: "Касоне, ки ҷонҳои худро доданд, на бо силоҳи туфангу гулӯла, балки бо аслиҳаи нерӯмандтаре ба Афғонистон рафта буданд: умед. Умед барои рӯзҳои беҳтаре барои Афғонистон ва таъаҳҳуд ба кумак ба мардуми ин кишвар то битавонанд ояндаи беҳтаре барои худ бисозанд."
Оқои Бон афзуд: "Мо аз ин маъмурияти шариф мунсариф нахоҳем шуд. Мо имрӯз дар канори мардуми Афғонистон қарор дорем ва фардо низ чунин хоҳем кард."
© MMIX