Advertisement
Ба рӯз шуда:  Душанбе, 02 Ноябр соли 2009 - 05:46

Тадобири шадиди Афғонистон барои муқобила бо онфлуонзои хукӣ

Оқои Халилӣ гуфт давлат ин таборро бо бар асоси таҷрибаҳои кишварҳои дигар рӯйи даст гирифтааст

Афғонистон барои пешгирӣ аз шуюъи бемории онфлуонзо(зуком)-и хукӣ дар ин кишвар тамоми мадорис, донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиширо то иттилоъи баъдӣ таътил эълом кард.

Муҳаммадкарим Халилӣ, муъовини раиси ҷумҳурии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки кумитаи вижаи давлатӣ ин тасмимро дар пайи ибтилои 306 тан ба ин беморӣ иттихоз кардааст

Оқои Халилӣ гуфт, ки ибтило ба бемории онфлуонзои хукӣ (H1N1) дар манотиқи мухталифи Афғонистон ба сабт расидааст, аммо бештари мубталоён дар Кобул будаанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки "даҳҳо ё шояд садҳо" мавриди дигар ҳам бошад, ки ҳанӯз ба сабт нарасидааст.

Пеш аз ин Амин Фотимӣ, вазири беҳдошти Афғонистон эълом кард, ки дастикам як нафар ба далели ибтило ба ин беморӣ ҷони худро аз даст додааст.

Оқои Халилӣ гуфт, ки мутобиқи тасмими тозаи давлат, бояд ҳамаи кӯдакистонҳо, мадорис, донишгоҳҳо, марокизи омӯзишии давлатӣ ва хусусӣ дар саросари кишвар то иттилоъи баъдӣ таътил шаванд.

Давлат ҳамчунин дастур додааст, ки аз ташкили ҳар гуна таҷаммуъ дар толорҳо, ҳамомҳо, масоҷид ва дигар амокини умумӣ ҷилавгирӣ шавад ва ҳатто намозҳои ҷамоъат ҳам агар баргузор мешавад, бояд дар ҳавои озод ва ё дар масоҷиде бо истифода аз моск (маска) баргузор шавад.

Истифода аз моск дар маҳаллоти пуриздиҳом ва утубусҳои шаҳрӣ ҳам аз тавсияҳое аст, ки оқои Халилӣ дар ин нишаст бар он таъкид кард.

Муъовини раиси ҷумҳурӣ ҳамчунин таъкид кард, ки аз даст додан, рӯбӯсӣ ва дар оғӯш гирифтани якдигар ҷиддан худдорӣ шавад.

Шустани дастҳо ба сурати мукаррар бо обу собун ва худдорӣ аз тамоси даст бо даҳон, бинӣ ва чашмҳо, аз дигар тадобире ҳаст, ки оқои Халилӣ иҷрои онҳоро зарурӣ донист.

Муъовини раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки давлати Афғонистон ин тадобирро бо машварати ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва таҷрибаҳои кишварҳои дигар рӯйи адст гирифтааст.

Аммо ӯ таъкид кард, ки ин беморӣ дар кул бисёр кушанда нест ва "набояд тарси бемавридро ба худ роҳ дод". Ба гуфтаи ӯ, дар сурати адами иттихози тадобири лозим, мизони маргу мири ношӣ аз ин беморӣ "ду дарсад" аст.

Бо ин ҳол, оқои Халилӣ таъкид кард, ки Вазорати беҳдошти Афғонистон барои мубориза бо ин беморӣ омодагии лозимро дорад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.