Advertisement
Ба рӯз шуда:  Душанбе, 02 Ноябр соли 2009 - 04:58

Бохти нахустини тими зери 19-солаи Тоҷикистон

футбол

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқа бо тими Яман мағлуб шуд

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии сеюми интихобии Ҷоми Осиё аз тими мунтахаби Яман ба ҳисоби сифр бар се мағлуб шуд.

Ин бозӣ, ки рӯзи якшанбеи 1 ноябр дар варзишгоҳи Ҳалчоуки шаҳри Катманду, пойтахти Непол, баргузор шуд, шадид ва ба таври хашин гузашт.

Дар натиҷа, аз ҳар ду тим ду нафарӣ барои рафтори номуносиб дар бозӣ корти сурх гирифта ва аз майдон ронда шуданд.

Қисмати аввали бозии тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Яман мусовӣ, яъне сифр бар сифр анҷом шуд, вале дар қисмати дуюм футболбозони ҷавони Яман тавонистанд се маротиба тӯбҳоро ба нишон расонанд.

Бозии охири тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” рӯзи чаҳоршанбеи 4 ноябр бо тими мунтахаби ҷавонони Урдун доир хоҳад шуд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон ин бозиро барои футболбозони тоҷик сарнавиштсоз арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки ҳатто дар сурати мусовӣ шудани натиҷаи ин бозӣ тими Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё роҳ нахоҳад ёфт.

Дар бозиҳои дигар дар гурӯҳи “А”, тими мунтахаби Урдун тими Неполро бо ҳисоби 3 бар 2 ва тими мунтахаби Қирғизистон тими Фаластинро бо ҳисоби 2 бар сифр мағлуб кардаанд.

Зимнан, бозиҳои рӯзи якшанбе дар гурӯҳи “А” умдатан бо хашинӣ ва рафторҳои ношоистаи футболбозони ҷавон доир шуда ва 6 нафар барои рафтори муғойир бо усули варзишӣ бо корти сурх аз майдон берун шудаанд.

Ҳамчунин, ҳаводорони тими мунтахаби Непол, мизбонони мусобиқот, пас аз бохти тимашон ба майдон ҳар гуна ашё партофта ва ёвари довари бозиро захмӣ кардаанд.

Ба ин тартиб, пас аз чаҳор бозӣ дар гурӯҳи “А” тими мунтахаби ҷавонони Урдун бо 10 имтиёз дар зинаи аввал, тими Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар ҷойи дуюм ва тими Яман бо 8 имтиёз дар зинаи сеюм қарор доранд.

Танҳо дар бозии ахир дар рӯзи 4 ноябр дар ин гурӯҳ соҳибони ду роҳхат ба мусобиқоти ниҳоии Ҷоми Осиё мушаххас хоҳанд шуд.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.