Advertisement
Ба рӯз шуда:  Душанбе, 02 Ноябр соли 2009 - 13:10

Куллияи сарбозон афв мешаванд

порлумон

Дар порлумони Тоҷикистон қонуни ҷадиди афв тасвиб шуд

Бар асоси Қонуни ҷадиди афв ҳудуди 4 ҳазор сарбозе, ки аз хидмат саркашӣ карда ва ё аз суфуфи артиш фарор кардаанд, аз муҷозот муоф хоҳанд шуд.

Ин қонун рӯзи душанбеи 2 ноябр, дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон баррасӣ ва тасвиб шуд.

Дар иҷлоси порлумон таъкид шуд, ки ҳамакнун парвандаи ҷиноӣ дар қиболи сарбозон қатъ шуда ва сарбозони зиндонӣ озод хоҳанд шуд.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунист ва намояндаи порлумон илали саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиш ва фарори сарбозон аз маҳалли хидматро ба вазъи носолим дар артиши Тоҷикистон, меҳтарсолорӣ, таҳқиру азияти тозасарбозон ва ба унвони барда ё ғулом истифода шудани бархе аз онон марбут хонд.

шабдолов

Оқои Шабдолов гуфт, ки ба далели вазъи носолим дар артиши Тоҷикистон ҷавонон аз хидмат саркашӣ карда ва ё аз суфуфи артиш фарор мекунанд

Ба гуфтаи оқои Шабдолов, ҳоло бештари сарбозони фарорӣ ба кишварҳои хориҷӣ, бахусус, Русия паноҳ бурда ва дар он ҷо кору зиндагӣ мекунанд.

Бархе аз намояндагони порлумон афви куллияи сарбозони муттаҳам ба ҷароими мухталифро як гоми муҳим барои ҷалби довталабонаи ҷавонон ба артиш арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки поизи соли ҷорӣ ҳудуди 70 дар сади ҷавонон довталабона хидмат дар артишро ихтиёр кардаанд.

Вале коршиносон мегӯянд, ки фақру бекорӣ ва камбуди ғизо дар хонаводаҳо ҷавононро водор сохтааст, ки ба хидмати сарбозӣ раванд.

холиқов

Оқои Холиқов мегӯяд, ки ҳатто дар сурати муртакиби ҷинояти қатл шудан ҳам занон афв хоҳанд шуд

Ҳамчунин, бар асоси Қонуни ҷадиди афв тамоми занону ноболиғон мавриди афв қарор гирифта ва дар сурати сангин набудани ҷароимашон аз зиндон озод мешаванд.

Абдуманнон Холиқов, раиси Кумитаи порлумони Тоҷикистон дар умури тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амният таъкид кард, ки ҳатто дар сурати муртакиби ҷароими қатл ё қочоқи маводи мухаддир шудан ҳам занон шомили Қонуни афв хоҳанд шуд.

Дар назар аст, дар зарфи се моҳи оянда тибқи Қонуни ҷадиди афв дар маҷмӯъ 10 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифта изофа бар афроде, ки аз хидмати сарбозӣ саркашӣ кардаанд ва таҳти қонуни авф омадаанд, ҳудуди 3 ҳазор зиндонӣ озод шаванд.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.