
Оқои Додоҷонов мегӯяд, ки дар гузашта дар раванди интихобот ба далели сатҳи пойини маърифати ҳуқуқӣ "камбудиҳое ҷой доштанд."
Дар интихоботи ояндаи порлумонӣ дар Тоҷикистон барои бори нахуст аъзои Шӯрои ҷамоъат ё деҳоти ин кишвар низ интихоб мешаванд.
Дар навбати худ, аъзои ин маҷолис раиси ҷамоъатро интихоб мекунанд. Дар гузашта раҳбарони навоҳӣ раисони ҷамоъатро таъйин мекарданд.
Соҳибназарон роҳандозии наҳваи интихоботи раиси ҷамоъатро дар тавсеъаи арзишҳои демукросӣ дар Тоҷикистон як гоми муҳимм арзёбӣ мекунанд.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 2 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар интихоботи ояндаи порлумонӣ раъйддиҳандагон дар бархе аз маҳаллот намояндаи худро ба панҷ сатҳи маҷлис интихоб мекунанд.
Бар изофаи интихоби аъзои Маҷлиси намояндагон, маҷлиси вилоёт ва шаҳру навоҳӣ ҳамчунин интихоби аъзои Шӯрои ҷамоъатҳо ҷамъ мешавад. Зимнан, интихоби аъзои чунин Шӯро дар замони Шӯравӣ роиҷ буд, вале дар пайи касби истиқлол ин муқаррарот аз қавонини Тоҷикистон лағв шуда буд.
Ҳамакнун, тибқи ислоҳи қавонини Тоҷикистон Шӯрои ҷамоъат дубора фаъол ва аъзои он интихоб мешаванд. Раиси Шӯро аз сӯйи аъзои он интихоб мешавад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 540 ҷамоъати деҳот вуҷуд дорад, ки маъмулан сокинони ду-се русторо дарбар мегирад. Интизор меравад дар интихоботи оянда ҳудуди 15 ҳазор нафар ба узвияти Шӯроҳои ҷамоаътҳо интихоб шаванд.
Ба гуфтаи оқои Додоҷонов, ба ҳар як шӯро бо дарназардошти ҷамъияти рустоҳои ин минтақа на камтар аз 15 намояндаи мардумӣ интихоб хоҳад шуд.
Соҳибназарон зимни истиқбол аз ин амр, ки гуфта мешавад бозгӯйи арзишҳои демукросӣ аст, аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ниҳодҳои давлатӣ талош мекунанд то ба узвияти ин шӯроҳо афроди “боэътимоди онҳо” интихоб шаванд.
Ба ин далел, ҳадс зада мешавад, ки дар интихоботи оянда низ мавориди фаровони тақаллуб мушоҳида хоҳад шуд ва аҳзоби мухолиф ҳамчунон наметавонанд раъйи воқеъии касбкардаи худро соҳибӣ кунанд.

Дар бархе аз маҳаллот дар интихоботи оянда ба мардум панҷ баргаи раъй пешниҳод мешавад
Вале, ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, дар қонуни ҷадиди идории Тоҷикистон 28 модда ба раванди баргузории интихобот ихтисос шудааст, ки муҷозотеро барои нақзи қавонини интихобот дар назар дорад.
Ба унвони мисол, оқои Додоҷонов хабар дод, ки ҳатто барои сареъан эълом накардани натоиҷи раъйдиҳӣ дар “ҳавзаҳои интихоботӣ ё қитъаҳои раъйгирӣ” ҷарима ситонида хоҳад шуд.
Ин масъули Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон муътақид аст, ки ислоҳи қонуни идорӣ ва бархе аз асноди дигари ҳуқуқӣ шароити бештареро барои таъмини баргузории интихоботи шаффоф ва мунсифона фароҳам хоҳад кард.
Оқои Додоҷонов изҳор дошт, ки “мутаассифона, дар гузашта дар ин замина камбудиҳое ҷой доштанд, ки илали аслии онҳо сатҳи пойини донишҳои ҳуқуқии масъулони коммисияҳои интихоботӣ ва ҳавзаҳои раъгирӣ буданд. Ҳоло ин мушкил рафъ мешавад”
Дар ҳамин ҳол, Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ахиран ин ниҳод аз Чин боз як ҳазор адад қуттии раъйгирӣ харидорӣ карда, ба ҳавзаҳои интихоботӣ дар манотиқи мухталифи кишвар интиқол додааст.
Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, дар муқоъиса бо интихоботи гузашта, ҷамъияти Тоҷикистон афзоиш ёфта, ниёз ба таъсиси марокизи раъйгирии изофӣ ба миён омадааст ва онҳо бояд бо куллияи шароити баргузории интихобот таъмин карда шаванд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло марҳилаи тадорукот барои баргузории интихоботи оянда оғоз шудааст. Ба ин манзур дар зудтарин фурсат аз Русия қоғази вижае барои чопи баргаҳои раъйдиҳӣ, ки аз сӯйи Куимссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон харидорӣ шудааст, ворид мешавад.
Интизор меравад, дар авосити моҳи оянда давлати Тоҷикистон таърихи баргузории интихоботи ояндаи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ дар ин кишварро эълом кунад.
© MMIX