
Кумисиюни интихоботи Афғонистон Ҳомиди Карзайро барандаи дувумин интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом кардааст.
Ин тасмим дар ҳоле сурат гирифт, ки мақомоти ин кумисиюн гуфтанд даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон баргузор намешавад.
Рӯзи гузашта Абдуллоҳи Абдуллоҳ, яке аз ду номзади даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар эътироз ба бароварда нашудани шароиташ аз ширкат дар интихобот сарфи назар кард.
Оқои Абдуллоҳ хостори барканории мақомоти аршади кумисиюни интихобот ба далели ҷонибдорӣ аз Ҳомиди Карзай дар интихобот буд.
Даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар бистуми август ба далели тақаллуб дар он ба пирӯзии ҳеҷ як аз номзадҳои интихобот мунҷар нашуд ва интихобот миёни ду номзади пештоз, Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ҳомиди Карзай, ба даври дувум рафт.
Азизуллоҳ Лудин, раиси кумисиюни интихоботи Афғонистон дар як конфронси хабарӣ дар Кобул эълом кард, ки ба далели инсирофи оқои Абдуллоҳ аз ширкат дар даври дувуми интихобот, Ҳомиди Карзай, танҳо номзади даври дувуми интихоботро баранда эълом мекунад.
Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қарор буд дар ҳафтуми ноябри имсол баргузор шавад.
© MMIX