Advertisement
Ба рӯз шуда:  , 01 Ноябр соли 2009 - 16:45

Посгоҳи ҷадид дар Нусайи Афғонистон

Маросими ифтитоҳи посгоҳ

Дар ин маросим намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти марзбонии афғон ширкат доштанд

Марзбонони афғони мустақар дар гузаргоҳҳои Нусайи Бадахшони Афғонистон ахиран фаъолияти худро дар посгоҳи ҷадиде оғоз карданд.

Ин севумин посгоҳи ҷадид дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Бадахшон аст, ки аз як сол пеш бад-ин сӯ бо кумаки молии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фаъол мешавад.

Марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар Бадахшон яке аз минтақаҳои душворгузар ба ҳисоб меравад ва дар муроқибати ин марз марзбонони ҳарду ҷониб бавижа дар фасли сармо бо душвориҳои мухталифе рӯбарӯ ҳастанд.

Қаблан посгоҳҳои ҷадид дар гузаргоҳҳои Ишкошим ва Шуғнони Бадахшони Афғонистон боз ва ба фаъолият оғоз карда буданд.

Дар маросими ифтитоҳи посгоҳи севум дар гузаргоҳи Нусай мақомоти маҳаллӣ, намояндагони Созмонҳои байналмилалӣ дар минтақа ва сокинони рустоҳои наздик ба макони посгоҳ ширкат доштанд.

Мубориза бо қочоқчиён

Дагарвол (сарҳанг) Мирабдувоҳид, қумандони бахши шумораи 5-и марзбонони мустақар дар Бадахшони нерӯҳои марзбонии Афғонистон, дар ин маросим изҳор дошт, ки бунёди посгоҳҳо заминаи амниятро барои минтақа ва кишвари Афғонистон фароҳам мекунад.

Мирвоҳидхон

Оқои Мирабдувоҳид итминон дод, ки марзбонони афғон мубориза бо қоҷоқчиёни маводди мухаддир ва силоҳро тақвият мебахшанд

Вай афзуд: “Мо бо беҳбуди вазъияти таҷҳизоти фаннӣ дар як соли ахир итминон медиҳем, ки ҳифозат аз марз ва мубориза бо қочоқчиёнро дар ин самти марз тақвият хоҳем дод. Ман аз марзбонони афғон даъват мекунам, ки дар муроқибат аз марз фаъолиятҳояшонро басиҷ кунанд ва дар сурати фаъолиятҳои номуваффақона ҳеҷ баҳонае пеш наоранд.”

Дагарвол Мирабдувоҳид аз масъулони Созмони Милали Муттаҳид, Иттиходияи Урупо ва Шабакаи Оғохони Чаҳор барои кумаки молӣ барои тақвияти ҳифозати марзи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Майкл Ҷонз, раиси намояндагии Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, яке аз созмонҳои кумаккунанда, мегӯяд ҳадаф аз бунёди посгоҳҳои ҷадид ва бо таҷҳизоти пешрафта дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон тақвияти мубориза бо интиқоли маводди мухаддир ва силоҳ аз ин марз аст.

Гуфта мешавад марзи Афғонистон ва Тоҷикистон дар яке аз масирҳои асосии қочоқи маводди мухаддир ба хориҷ аз ин кишвар қарор дорад ва идомаи афзоиши тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон мӯҷиби нигаронии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон шудааст.

Коршиносон гуфтаанд 90 дарсади маводди мухаддир дар ҷаҳон дар Афғонистон тавлид мешавад ва маболиғе, ки аз ин роҳ ба дасти шӯришиён дар Афғонистон мерасад, амнияти ин кишвар ва ҷаҳонро таҳдид мекунад.

Кумак ба мардуми оддӣ

Оқои Ҷонз дар мавриди тадобири баъдии созмонҳои байналмилалӣ барои Афғонистон мегӯяд: “Марҳалаи баъдие, ки бояд Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар мавриди он иқдом кунанд, беҳбудии вазъи зиндагии сокинон дар ду ҷониби марз, яъне ҳам дар Бадахшони Тоҷикистон ва ҳам Бадахшони Афғонистон аст. Барои ин зарурист, ки барои пешрафти арсаи кишоварзӣ ва сохтмони роҳҳои иртиботӣ иқдомоти бештаре анҷом шавад.”

Майкал Ҷонс

Оқои Ҷонз мегӯяд дар марҳилаи баъдӣ созмонҳои байналмилалӣ бояд фаъолиятро барои беҳбудии вазъи зиндагии мардуми ҳар ду ҷониби марз тақвият кунанд

Ҳазинаи ин тарҳ аз суйи БОМБАФ, як барномаи вижаи Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид барои тақвияти нерӯҳои марзбонии Афғонистон ба маблағи ҳудуди ҳафт милюн дулор сармоягузорӣ шудааст.

Дар чаҳорчӯби ин барнома ба ҷуз аз сохтмони посгоҳҳо барои марзбонон, ҳамчунин барномаҳои омӯзишӣ барои марзбонон барои боло бурдани сатҳи ҳирфаии онҳо дар назар аст.

Марзбонони афғон дар ин самти марз дар маҷмӯъ муроқибат аз ҳудуди 1350 килуметр аз марзи кишвари худ бо кишварҳои ҳамҷаворро ба ӯҳда доранд ва бо дарназардошти минтақаи душворгузар будани ин самти марз дар чаҳорчӯби барнома барои онҳо 27 мутурсиклети вижа эъто шуд.

Сармояи зарурӣ барои роҳандозии ин барнома тавассути Иттиҳодияи Урупо ва Бритониё фароҳам шуда ва иҷрои он ба ӯҳдаи Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид вогузор шудааст.

Меҳмонони маросим

Квадратсикл

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.