Advertisement
Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 30 Октябр соли 2009 - 05:33

Издивоҷи марди 112-сола бо духтари навҷавон

Садҳо нафар дар як маросими издивоҷ дар Сумолӣ ширкат кардаанд, ки домод саду дувоздаҳ сол син дошта ва арӯс навҷавоне ҳабдаҳсола будааст.

Аҳмад Муҳаммад Дур, ки аз панҷ издивоҷи қаблии худ ҳаждаҳ фарзанд дорад, мегӯяд дӯст дорад, ки ҳосили шашумин издивоҷаш фарзандони бештар бошад.

Домоду арӯс ҳар ду зодаи як русто дар маркази Сумолӣ ҳастанд.

Домод ба Би-би-сӣ гуфт, ӯ аз вақте Сафияи Абдуллоҳи навҷавон, кӯдаке беш набуд, ошиқаш шудааст. Аҳмад Муҳаммад гуфт пеш аз он ки дӯстиву ибрози алоқаи худро ба Сафия оғоз кунад, сабр кардаааст, то ба гуфтаи ӯ, Сафия ба синни муносибе бирасад.

Аҳмад Муҳаммад таъкид дорад, ин духтари навҷавонро водор ба издивоҷ накардааст, аммо аз таҷрибаҳои худ истифода карда, то ӯро мутақоъид кунад, ки ӯро воқеъан ошиқаш аст.

Равшан нест Сафия Абдуллоҳ пеш аз пазируфтани тақозоҳои издивоҷи Аҳмад Муҳаммад чи шартҳое гузоштааст.

Аммо хонаводаи Сафия мегӯянд духтарашон хушҳол аст, ки шашумин ҳамсари Аҳмад Муҳаммад шудааст.

Фарзанди калонии оқои Дур шасту се сол бузургтар аз арӯси ҷадиди падараш аст.

Ҳатто дар Сумолӣ, ки шавҳарони зиёде ҳастанд, ки аз ҳамсарони худ хеле пиртаранд, наваду панҷ сол ихтилофи синни арӯсу домоди мазкур ғайриодӣ аст.

Таърихнигорон мегӯянд издивоҷи Аҳмад Муҳаммад ва Сафия дар як қарни ахир бесобиқа будааст.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.