
Ҳамеша гуфта шуда сафари чанд ҳазормкилуметрӣ бо як қадам шурӯъ мешавад. Аммо барои интернет гоми аввал бештар шабеҳи як лағзиш буд.
Дар соъати нуҳи шаб 29 октябр 1969 муҳандисон дастгоҳи Калифорния дар Лос-Анҷелес ва муассисаи таҳқиқотии Стенфорд, ки 400 мил бо якдигар фосила доштанд, омодаи мубодилаи иттилоъоти байни нудҳое (node), ки орпонет (arpanet) ном дошт, шуданд.
Орпонет мухаффафи як пружаи таҳқиқотӣ буд, ки корфармои он “Орпо”, Ожонси пружаҳои таҳқиқоти пешрафтаи вазорати дифоъи Омрико буд.
Як коршиноси компютер бо номи Чарли Клайн талош мекард аз роҳи дур вориди “системи додаҳои илмӣ” воқеъ дар муассисаи таҳқиқотии Стенфорд шавад, то ин шабакаи навпоро озмоиш кунад.
Клойн ҳарфи "Эл" (L)-ро тайп кард ва сипас телефонӣ аз ҳамкораш Билл Дувал, ки дар Стенфорд буд, пурсид оё ҳарфи "Эл" вориди систем шудааст.
Посух мусбат буд.
Клайн сипас ҳарфи “О”-ро тайп кард. Посухи Дувал боз ҳам мусбат буд.
Клайн ҳарфи “ҷи” (G)-ро тайп кард. Дувал танҳо тавонист бигӯяд систем қуфл кардааст
Онҳо соъати даҳу ним бори дигар онро ба роҳ андохтанд ва ҳама чиз хуб пеш рафт. Пас аз ин нахустин гоми иштибоҳӣ ин шабака тақрибан дигар ҳаргиз гоме иштибоҳ барнадошт ва баъдҳо ҳам таърихсоз шуд.
Тағйироти бузург
Дуктур Лэрри Робертс, донишманди донишгоҳи Эм Ай Ти (MIT) чиҳил сол пеш аз Вашингтон нозири ин пружа буд. Муҳандисе, ки орпонетро роҳ андохт, дарвоқеъ тарҳи ӯро амалиётӣ карданд.
Аммо ӯ ба Би-би-сӣ Нюз мегӯяд вокуниши аввалия ба орпонет ба ҳеҷ ваҷҳ мусбат набуд. “Онҳо фикр мекарданд, ки ин идеяи бисёр баде аст.”
Боб Тейлор, раиси бахши “Текникҳои пардозиши иттилоъот”-и Орпо умедвор буд бо сохти орпонет вазъияте сарсомовар, ки дар он ҳар муассисае, ки ӯ бо онҳо кор мекард, хостори қудрати компютерии бештар буданд, поён ёбад.
Ӯ мегӯяд: “Дар он замон компютерҳо аслан бо ҳам қобили татбиқ набуда ва интиқоли иттилоъот дарди сари зиёде дошт”
Ин муассисот нахуст бо орпонет мухолиф буданд, зеро намехостанд контроли манобеъи компютерии худро аз даст бидиҳанд.
Аммо ба гуфтаи дуктур Робертс онҳо зуд фаҳмиданд орпонет тавоноии компютерҳои онҳоро ба мизони қобили таваҷҷуҳе тақвият мекунад
Дуктур Робертс мегӯяд “онҳо сареъ мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ин систем нафъи зиёде дорад.”
Ин систем ҳадафи Боб Тойлер барои коҳиши ҳазинаҳои масрафии компютерҳоро низ муҳаққиқ мекард.
Дар он рӯзҳо хеле пеш аз он ки мазоёи шабакаи интернет рӯшан шавад, дуктур Робертс ва ҳамкоронаш эҳсос мекарданд шабакаи интернет обистани иттифоқоти фавқулодае аст.
Ӯ мегӯяд: “Мо медонистем, ки агар битавонем ҳамаи иттилоъотеро, ки ҷамъоварӣ мекардем, ба ҳам васл кунем, таҳқиқ ва тавсеъаи тиҷорат шаклу моҳияти дигаре пайдо хоҳад кард.”
Тақсими иттилоъот
Орпонет дар даҳаи 70 ба интернет табдил шуд , аммо тағйирот бештар зоҳирӣ буд. Таҳаввули асосии текнулужик, ки интернетро ба роҳ андохт, асри яке аз рӯзҳои октябр рух дод.
Орпонет ҳазинаи зиёде дошт ва бисёриҳо аз он истифода намекарданд.
Дуктур Робертс мегӯяд: “Чун мо шеваи бакоргирии беҳтаре аз онро намедонистем, ҳазинаи зиёде бароямон дошт.”
“Мо медонистем бояд ба ҷои эҷоди як коноли иртиботии ҷадид, аз системҳои мавҷуд истифода кунем.”
Таҳлилҳои дуктур Робертс нишон дод, ки танҳо як понздаҳум аз зарфияти хатти телефон истифода мешавад.
Ӯ натиҷа гирифт, ки беҳтар аст роҳе барои истифода аз хатҳои телефон барои интиқоли иттилоъоти компютерӣ пайдо шавад.
Албатта дуктур Робертс танҳо касе набуд, ки ин шабакаро ба роҳ андохт. Доналд Дейвис, донишманди бритониёӣ низ дар лабораторияи миллии Эн Пи Эл (NPL) аз ин текник истифода карда буд.
Роҷер Скантлебари, яке аз ҳамкорони дуктур Дейвис мегӯяд: “Мо мутаваҷҷеҳ шудем, агар иттилоъот ба таври тадриҷӣ ва дар ҳаҷмҳои кучак ворид шаванд, сареъ метавон онҳоро табақабандӣ кард. Аммо агар паёми бузурге дар роҳ бошад, қабл аз ҳар чиз бояд сабр кард, то ба интиҳо бирасад.”
Дуктур Дейвис ва ҳамкоронаш ба ҷои теорипардозӣ вориди амал шуданд.
“Мо мехостем нишон диҳем, ки ин систем қобили иҷро аст. Аммо Доналд басуръат фаҳмид барои он ки таъсиргузор бошад, бояд системи амалиётии муносибе дошта бошад. Ба ин тартиб, мо шабакае сохтем, ки дар ибтидои 1970 вориди амал шуд.”
Ӯ ба Би-би-сӣ Нюз гуфт: “Аввал, ки шабакаро дар лаборатория дуруст кардем, худро бо хатҳои телефон маҳдуд накардем. Мо хатҳои қавӣ дуруст кардем ва ним мегабайт зарфият доштем, ки дар он мавқеъ ҳама фикр мекарданд девонакунанда аст.”
Орпонет аз он ду нуд басуръат густариш пайдо кард ва то декабри 1969 ба 4 нуд расид. Дар соли 1972 шуд 37 нуд ва батадриҷ шабакаҳо ба якдигар васл шуданд ва интернет, яъне шабакае аз шабакаҳо халқ шуд.
Аммо дуктур Робертс ҳанӯз маъмурияташ тамом нашудааст.
Ӯ акнун машғули тарроҳии пружае барои чиҳил соли баъдии интернет аст.
Ин пружа шомили амният, адолат ва суръати бештари интернет ва тавоноии бакоргирӣ дар умури ҳасосе ҳамчун ҷарроҳӣ аз роҳи дур аст.
© MMIX