
Дар гузашта низ порлумони Тоҷикистон ба лағви муқаррароти манъи шишаҳои сиёҳ дар худравҳо иқдом карда буд
Порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни ҳаракат дар роҳ истифодаи шишаҳои сиёҳ дар худравҳоро иҷоза додааст.
Ҳамакнун соҳибони худравҳо метавонанд шишаҳои пеш ва ақаби мошинҳояшонро то 25 дарсад ва шишаҳои дари мошинҳоро то сӣ дарсад сиёҳ ё сояранг кунанд.
Гуфта мешавад ин муқаррарот бо меъёрҳои истифода аз шишаҳои сиёҳ дар худравҳо дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд мутобиқ аст ва иҷрои он дар куллияи мамолики узви ин созмон ҳатмӣ мебошад.
Мирзошариф Исломиддинов, раиси Кумитаи масоили энержӣ, саноеъ, сохтмон ва иртибототи Маҷлиси Намояндагон, рӯзи ҷумъаи 30 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран аъзои порлумон бо ислоҳи қонун дар бораи “Ҳаракат дар роҳ” шароити истифода аз шишаи сиёҳ дар худравҳоро фароҳам карданд.
Оқои Исломиддинов афзуд, ки дар гузашта миёни бархе аз қавонини Тоҷикистон дар ин замина ихтилофоте вуҷуд дошт ва ҳамакнун ин ихтилофот рафъ шудаанд.
Ба гуфтаи вай, баъд аз имзои ин ислоҳот аз сӯйи раиси ҷумҳур ва чопи он дар нашрияи расмии давлати Тоҷикистон, ин муқаррарот мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.
Оқои Исломиддинов афзуд, ки дар гузашта ба Тоҷикистон худравҳое ворид мешуданд, ки аз замони тавлид дар корхона шишаҳои сиёҳ доштанд ва барои сабти онҳо дар идораи пулис мушкилоте вуҷуд дошт.
Ҳамакнун бо истифода аз таҷҳизоти вижа маъмурони пулис метавонанд мизони интиқоли нур аз шишаҳои сиёҳро мушаххас созанд ва ба соҳибони чунин мошинҳо санадеро ироа мекунанд, ки истифода аз чунин худравҳоро иҷоза медиҳад. Зимни истифода аз худравҳои дорои шишаҳои сиёҳ ё сояранг дар ихтиёр доштани чунин санади пулиси роҳ ҳатмӣ аст.
Оқои Исломиддинов тавзеҳ дод, ки соҳибони худравҳои дигар, ки аз замони тавлид шишаи сиёҳ надоштанд, низ метавонанд тибқи меъёрҳои муқарраршуда онҳоро сиёҳ кунанд.
Сарҳанг Назаралӣ Раҳматуллоев, раиси ситоди пулиси роҳи Тоҷикистон, ба навбаи худ гуфт, ки истифода аз шишаҳои сиёҳ бо мизони то 30 дарсад дар гузашта низ мамнӯъ набуд. Ҳоло порлумони Тоҷикистон дар ин замина танҳо ихилоф дар қавонини кишварро рафъ сохтааст.
Сарҳанг Раҳматулолев афзуд: "Мизони сидарсадии шишаи сиёҳ аз шишаҳои маъмулӣ тафовути зиёде надорад, ҳарчанд каме тиратар ба назар мерасад. Вале бо ин вуҷуд, аз чунин шишаҳо фазои дохили худрав намоён аст."
Ин масъули пулиси роҳи Тоҷикистон таъйид кард, ки дар сурати мавриди иҷро қарор гирифтани ин ислоҳот, соҳибони худравҳо метавонанд шишаҳои худравҳои худро ба ин мизон сиёҳ ё сояранг кунанд.
Мизони сидарсадии шишаи сиёҳ аз шишаҳои маъмулӣ тафовути зиёде надорад, ҳарчанд каме тиратар ба назар мерасад. Вале бо ин вуҷуд, аз чунин шишаҳо фазои дохили худрав намоён аст
Сарҳанг Назаралӣ Раҳматуллоев, раиси ситоди пулиси роҳи Тоҷикистон
Зимнан, истифода аз худравҳои дорои шишаҳои сиёҳ аз соли 1993 ба ин сӯ дар Тоҷикистон мамнӯъ шуда буд. Зарурати ин амр ба солҳои ноороми даҳаи 1990 марбут дониста мешуд. Он замон истифода аз мошинҳои сиёҳшиша дар миёни афроди силоҳбадаст маъмул шуда буд.
Ҳоло танҳо ба худравҳои хидматии бархе аз мақомоти баландпояи кишвар иҷоза дода шудааст, ки шишаҳои сиёҳ дошта бошанд. Ҳарчанд, мушоҳидаҳо ҳокист, ки шумори чунин худравҳо дар ҷоддаҳои Тоҷикистон бештар аз теъдодест, ки давлат барои онҳо иҷоза додааст.
Соле қабл порлумони Тоҷикистон ба лағви ин муқаррарот иқдом карда буд. Вале раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ин ислоҳро қабул надошт ва аз имзои ин санад сарфи назар кард.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз соҳибназарон муътақиданд, ки истифода аз шишаи сиёҳ дар худравҳо дар шароити Тоҷикистон, ки бисёр офтобист, барои ҳифзи ронанда ва сарнишинон аз асароти гармо ва рӯшании зиёд муассир аст.
Аз сӯйи дигар, онҳо мегӯянд бо гузашти 12 сол баъд аз поёни ҷанги дохилӣ ва таъмини субот дар Тоҷикистон, дигар ниёзе ба манъи истифода аз шишаҳои сиёҳ ё сояранг дар худравҳо боқӣ намондааст.
© MMIX