
Дар як ҳамоиш намояндагони аҳзоб аз имкони тақаллуб дар интихоботи ояндаи порлумонӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карданд
Масъулони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз эҳтимоли такрори мавориди тақаллуб дар интихоботи ояндаи порлумонӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карданд.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 29 октябр, дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе гуфт, ки пешниҳодоти аҳзоб барои ислоҳи қонуни интихоботи порлумонӣ аз сӯйи ниҳодҳои зирабти давлатӣ тақрибан пазируфта нашудааст.
Ба гуфтаи оқи Шабдолов, қонуни феълӣ дар давраҳои нооромиҳо дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 тасвиб шуда ва навоқиси зиёд дорад.
Аҳзоби мухолифи давлат муътақиданд, ки қабули пешниҳодҳои онҳо заминаро барои баргузории мунсифона ва шаффофи интихобот фароҳам месохт.
Дар ин ҳамоиш, аз ҷумла таъкид шуд, ки дар ин санад барои ҳузури нозирони аҳзоб дар марокизи раъйгирӣ ва ҳавзаҳои интихоботӣ мавонеъи зиёд мавҷуд аст.

Оқои Шабдолов гуфт, ки пешниҳодоти аҳзоб барои ислоҳи қонуни интихобот пазируфта нашуд
Ба эътиқоди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сарнавишти интихобот дар марокизи раъйгирӣ таъйин мешавад ва аз ин лиҳоз, бояд нозирони аҳзоб дар онҳо узвият дошта бошанд.
Оқои Кабирӣ гуфт, ки дар сурати мувофиқати Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ин ҳизб метавонад дар куллияи беш аз 3 ҳазор марокизи раъйгирӣ дар интихоботи ояндаи порлумонӣ нозирони худро муаррифӣ кунад.
Гуфта мешавад, ба далели адами ширкати нозирони аҳзоб дар марокизи раъйгирӣ дар интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон дар соли 2005 мавориди фаровони тақаллуб ба мушоҳида расидааст.

Оқои Кабирӣ мегӯяд, ки сарнавишти интихобот дар марокизи раъйгирӣ таъйин хоҳад шуд
Раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки ба ҳангоми эъломи натоиҷи интихобот нахуст орои ба дастовардаи ин ҳизб беш аз 5 дарсад ва ҳизби коммунист ҳудуди 5 дарсад аз шумори умумии оро шумурда шуд, аммо пас аз эътирози ин аҳзоб ин арқом мутаносибан ба то ба 10 дар сад ва 19 дар сад афзоиш ёфтааст.
Масъулони ҳизби коммунист гуфтанд, ки ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи шаффоф, мунсифона ва демукротики порлумонӣ дар авоили соли оянда замонат додааст, вале бими он меравад, ки ба иллати мудохилаи мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ дар фаъолияти марокизи раъйгирӣ мавориди тақаллуб ба нафъи ҳизби ҳокими халқӣ-демукротӣ сурат бигирад.
Дар посух ба ин суол, “Агар дар интихоботи ояндаи порлумонӣ низ чун дар интихоботҳои қаблӣ мавориди фаровони тақаллуб сурат гирад, вокуниши аҳзоб чи гуна хоҳад шуд?”, Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки ин вокуниш дар чаҳорчӯби қавонини Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд.
Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, тибқи қавонини Тоҷикистон шаҳрвандон ҳаққи тазоҳуроти эътирозӣ ё раҳпаймоиҳо доранд ва ҳизби наҳзати исломӣ аз ин ҳаққи худ истифода хоҳад кард.

Ба эътиқоди оқои Усмонов, дар сурати баргузории интихоботи шаффофу мунсифона аз 10 то 15 намояндаи аҳзобу коммунисту наҳзат ба порлумон роҳ хоҳанд ёфт
Дар ҳамин ҳол, дуктур Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон гуфт, ки дар сурати баргузории интихоботи шаффофу мунсифона аз 10 то 15 намояндаи ҳизби коммунист ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба порлумон роҳ хоҳанд ёфт.
Ба эътиқоди дуктур Усмонов ба далели буҳрони молӣ ва носталҷӣ ба даврони шӯравии пешин шонси ҳизби коммунист барои пирӯзӣ боло рафта ва афзоиши бесобиқаи теъдоди намозгузорон дар масоҷид низ мумкин аст ба бештар шудани тарафдорони ҳизби наҳзат дар интихобот мунҷар шавад.
Ҳизби Коммунист ва ҳизби наҳзати исломӣ аз аҳзоби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон маҳсуб шуда ва теъдоди аъзои онҳо мутаносибан 45 ҳазор ва 35 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.
Аз сӯйи дигар, ин ду ҳизб дар канори ҳизби ҳокими халқӣ-демукротик дар порлумони ин кишвар намоянда доранд, ки ақаллиятро ташкил медиҳанд.
Дар назар аст, интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон дар моҳи феврали соли оянда баргузор шавад.
То кунун баргузории ҳеҷ интихобот дар Тоҷикистон аз суи ниҳодҳои байналмиллалии назорат бар интихобот комилан мутобиқ бо меъёрҳои демукротик хонда нашудаанд.
© MMIX