Advertisement
Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 29 Октябр соли 2009 - 16:16

Ожонс: Посухи аввалияи Эрон расид

Намояндаи Эрон дар Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ аз пайгирии музокирот сухан гуфтааст

Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ таъйид мекунад, ки Эрон як "посухи аввалия" ба пешниҳоди Муҳаммад Албародаъиро ироа кардааст.

Ожонс рӯзи панҷшанбе, 29 октябр бо судури баёнияе эълом кард: "Муҳаммад Бародаъӣ, мудири кулли ожонс посухи аввалияи пешниҳоди худро аз мақомоти Эрон дарёфт кардааст. Ӯ дар ҳоли машварат бо давлати Эрон ва тарафҳои дигар аст, бо ин умед, ки тавофуқ бар сари тарҳ ба зудӣ ҳосил шавад."

Дар иттилоъияи ожонс ба ҷузъиёти посухи Эрон ишора нашудааст.

Пештар намояндаи Эрон дар Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ дар Вйен ба хабарнигорон гуфта буд: "Ҷумҳурии Исломии Эрон даври аввали музокиротро, ки рӯзи 19 октябр дар Вйен баргузор шуд, бо рӯйкарде мусбат идома медиҳад."

Алиасғар Султония гуфт, ки Эрон музокироти 19 окятбрро, ки ба тарҳи пешниҳоди оқои Бародаъӣ мунҷар шуда буд, "танҳо як дидори фаннӣ" талаққӣ мекунад ва интизор дорад "мулоҳизоти иқтисодӣ ва фаннии Эрон" дар чигунагии таъмини сӯхти реоктури таҳқиқотии Теҳрон дар назар гирифта шавад.

Оқои Бародаъӣ пешниҳод карда буд, ки Эрон 75 дарсад аз захираи 1500 килугромии урониюми ғанишудаи худро то поёни соли ҷории мелодӣ (пеш аз 1 январи соли 2010) барои ғанисозии бештар ва табдил ба сӯхти қобили истифода дар реоктури Теҳрон ба Русия ва аз он ҷо ба Фаронса бифиристад.

Иллати истиқболи Ғарб аз ин пешниҳод чунин тафсир шуд, ки дар сурати анҷоми ин кор захираи боқимонда дар Эрон ба андозае нест, ки барои як барномаи низомии эҳтимолӣ кофӣ бошад.

Акнун ба назар мерасад, ки Эрон ҳанӯз омодагӣ надорад, ки пешниҳоди оқои Бародаъиро ба шакли феълӣ бипазирад.

Истиқбол

Бо ин ҳол мақомоти Эрон мавзуъи табдили сӯхтро ба куллӣ рад намекунанд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, ки дар Машҳад ба сар мебарад, соъате пеш аз суханони оқои Султония гуфта буд: "Аммо аз табодули сӯхт, ҳамкориҳои фаннӣ ва сохти нерӯгоҳ ва реоктур истиқбол мекунем ва омодаи ҳамкорӣ ҳастем."

Дар ин ҳол Фаронса таъйид кардааст, ки интизор дорад, ки Эрон ба пешниҳоди оқои Бародаъӣ як посухи "мусбат ва рӯшан" бидиҳад.

Бернорд Волеру, сухангӯи вазортаи хориҷаи Фаронса гуфтааст: "Мунтазирем, ки бубинем муҳтавои посухи расмие, ки Эрон гуфтааст имрӯз ба ожонс ироа мекунад, чист. Баъд бо мудири кулли ожонс ва соири ҳампаймонони худ дар бораи вокунише, ки бояд ба он нишон бидиҳем, машварат хоҳем кард."

Никуло Соркузӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса авохири сентябр пас аз он ки ошкор шуд, ки Эрон дар ҳоли сохти як маркази ҷадиди ғанисозии урониюм дар наздикии шаҳри Қум аст, гуфт, ки Эрон то моҳи декабр фурсат дорад, ки фаъолиятҳои ҳастаиашро мутаваққиф кунад ва дар ғайри ин сурат бо таҳримҳои бештаре рӯбарӯ хоҳад буд.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.