Advertisement
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 28 Октябр соли 2009 - 14:53

Раҳмон: "Тоҷикистон манофеъи ҳамсоягонро ба назар мегирад"

Эмомалӣ Раҳмон

Оқои Раҳмон итминон дод, ки тарҳҳои энержии Тоҷикистон бар зарари кишварҳои ҳамсоя нахоҳад буд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Миёнаро итминон дод, ки бунёди обанборҳо дар ин кишвар бар зарари онҳо нахоҳад буд.

Президент Раҳмон бо ишора ба нигарониҳои Ӯзбакистон аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон таъкид кард, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун набояд боъиси ташвишу изтироби кишварҳои поёноб бошад.

Вай рӯзи чаҳоршанбеи 28 октябр зимни суханронӣ дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун гуфт: "Тоҷикистон обанбор ва нерӯгоҳҳоро ҳеҷ гоҳ бар зарари ҳамсояҳои худ, яъне бо мақсади маҳдуд кардани реҷаи ҷоришавии об сохтанӣ нест, баръакс, дар ин раванд манфиъати онҳоро низ ба эътибор мегирад."

Оқои Раҳмон, ки бо коргарони тарҳи нерӯгоҳи Роғун мулоқот мекард, ҳамчунин ба аҳдофи давлати Шӯравӣ аз иҷрои ин тарҳ ишора кард ва афзуд, ки кишварҳои ҳамсоя он замон худашон аз мубтакирони тарҳи сохтмони ин нерӯгоҳ будаанд.

Вай афзуд: "Онҳо бо бунёди обанбори Роғун аз худ кардани зиёда аз 360 ҳазор ҳектор заминҳои нав ва беҳтар намудани таъминоти беш аз чоруним милюн ҳектор заминҳои минтақаро бо об дар назар дошта буданд."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ишора ба аҳаммияти сохтмони нерӯгоҳҳо ба таҷоруби ин кишвар дар гузашта дар заминаи таъмини об дар минтақа ишора карда ва гуфт, ки дар "шароити хушксолӣ ва камобии солҳои 2000 ва 2008" обанбори Норак "ба суди кишварҳои поёноб" хидмат кардааст.

Вай бо ишора ба саҳми Тоҷикистон дар истифода аз манобеъи оби Осиёи Миёна афзуд: "Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон зиёда 60 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбанд ва кишвари мо ҳамагӣ 5 фоизи онро истифода мебарад."

Оқои Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли ихтилофот бар сари об аз роҳи мусолиматомез ва "бо муросову мудоро" мебошад.

Маҳалли обанбори Роғун

Қарор аст маросими бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш барои садди обанбори нерӯгоҳи Роғун дар авоили моҳи ноябр дойир шавад

Қаблан Ӯзбакистон бо иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон ибрози мухолифат карда ва гуфтаи буд, ки ин тарҳҳо дар вазъи муҳити зист ва арсаи кишоварзии кишварҳои поёноб, бавижа худи Ӯзбакистон, асароте манфӣ бар ҷой хоҳад гузошт.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хостори ҳамкории густардаи идораҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, монанди Бонки Ҷаҳонӣ, шуда ва мақомотро муваззаф кард, ки ин корҳоро дар зудтарин фурсат ба анҷом расонанд:

1. Вазифаҳои техникӣ оид ба гузаронидани ташхис, яъне экспертизаи техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи сохтмон баъди пешниҳод гардидани он аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ гардида, доир ба ин масъалаҳо хулосаи дахлдор таҳия карда шавад ва ба бонки зикршуда фиристода шавад;"

2. Мушовирон оид ба ташхис ва арзёбии пешниҳодҳои тендерӣ интихоб карда шаванд;

3. Шаффофияти ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ таъмин карда шуда, ҳисоботи миссияи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба ташхиси корҳои азнавбарқароркунии иншоот ва хулосаи миссияи мазкур бо тартиби муқарраргардида нашр карда шавад."

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбе бо бархе аз сокинони рустоҳои ноҳияи Нуробод, ки дар пайи сохтмони обанбори ин нерӯгоҳ ба манотиқи дигар кӯч дода хоҳанд шуд, мулоқот карда ва ба онҳо ваъда кардааст, ки ноҳияи Нуробод дар оянда рушди чашмгири иқтисодӣ хоҳад дошт.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин хабар додааст, ки Русия дар ин кишвар боз се нерӯгоҳи мутавассит хоҳад сохт ва ниҳодҳои зирабти ду кишвар машғули интихоби маҳалли сохтмони ин нерӯгоҳҳо ҳастанд, вале вай мушаххас накарда, ки Русия дар иҷрои тарҳи нерӯгоҳи Роғун ширкат хоҳад кард ё хайр.

Ин дар ҳолест, ки Сергей Шматко, вазири энержии Русия, ахиран дар шаҳри Душанбе дар посух ба ин суол, ки оё Русия дар ин тарҳ ширкат хоҳад кард, гуфта буд, ки кишвараш "ҳаргиз аз мушорикат дар ин тарҳ сарфи назар накардааст."

"Рафъи мушкилоти энержӣ”

Дар ҳамин ҳол, Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли ҷорӣ 38 нерӯгоҳи кӯчаки обӣ мавриди истифода қарор гирифта ва сохтмони 28 нерӯгоҳи дигар идома дорад.

Бештари ин нерӯгоҳҳо, ки аз чаҳор то чаҳорсад килувот соъат нерӯи барқ тавлид мекунанд, барои бароварда сохтани ниёзҳои сокинон дар манотиқи дуруфтодаи Тоҷикистон бунёд шудаанд.

Тоҷинисо Азизова, масъули дафтари матбуъотии Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, гуфт: "Ҳамакнун бо шумули ин нерӯгоҳҳои кӯчаки обӣ, миқдори онҳо дар Тоҷикистон ба 186 адад расид, ки ҳудуди яксад тои онҳо ба таври ҳамешагӣ нерӯи барқ тавлид мекунанд.”

Нерӯгоҳи обии кӯчак

Яке аз 28 нерӯгоҳи кӯчак ва мутавассити обӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёд мешавад

Ба гуфтаи хонум Азизова, дар бунёди 38 нерӯгоҳи кӯчак ба ҷуз аз кумитаи гумрук ва кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, иддае аз сармоягузорони тоҷик низ саҳм гирифтаанд.

Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, қарор аст то соли 2015 боз 50 нерӯгоҳи кӯчаки обӣ дар манотиқи мухталифи кишвар бо истифода аз ҳазинаҳои дохилӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ сохта шаванд.

Ин масъули Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон бар зарурати бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар ин кишвар таъкид кард ва гуфт, ки шиддати мушкилоти камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сармо бо афзоиши шумори ин нерӯгоҳҳо коҳиш хоҳад ёфт.

Мушкили камбуди об

Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси арсаи энержӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд имкони сохтани нерӯгоҳҳо дар бархе манотиқ вуҷуд надорад. Зеро ба гуфтаи вай, бархе аз навоҳии Тоҷикистон бо камбуди оби ошомиданӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Хутути интиқоли барқ

Коршиносон мегӯянд ба сабаби камбуди об дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон имкони бунёди нерӯгоҳҳои кӯчаки обӣ вуҷуд надорад

Оқои Сайфиддинов гуфт: “Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд беш аз 120 ҳазор сокин ба сар мебаранд, ки ба нерӯи барқ шадидан ниёз доранд, аммо дар ин ноҳия камбуди оби ошомиданӣ ҳаст ва тақрибан тамоми боғоти ин мантақа аз беобӣ ба биёбон табдил шудааст. Чунин навоҳӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ки бо сабаби камбуди об дар онҳо имкони сохтани нерӯгоҳҳои кӯчак вуҷуд надорад, зиёд ҳастанд.”

Оқои Сайфиддинов ҳамчунин мегӯяд дар Тоҷикистон як пажӯҳишгоҳи вижаи омӯзиши захоир ва бунёди таъсисоти энержӣ вуҷуд надорад ва ба гуфтаи вай, камбуди шадиди мутахассисони варзидаи арсаи энержӣ низ барои сохтмони муассири нерӯгоҳҳои обӣ мавонеъ эҷод мекунад.

Саддҳои эман

Дар ҳамин ҳол, Ғуломиддин Сайфиддинов бо ишора ба осебпазир будани бархе аз обанборҳои нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон гуфт, ки ин мушкил бештар ба обанборҳои нерӯгоҳҳое рабт дорад, ки баъд аз замони касби истиқлол сохта шудаанд.

Нерӯгоҳи кӯчаки обӣ дар

Нерӯгоҳи кӯчаки обӣ дар ноҳияи Дарвози устони Бадахшони Тоҷикистон

Аз сӯйи дигар, Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон эълом кардааст, ки нерӯгоҳи обии Норак, ки баландии садди он ҳудуди 310 метрро ташкил медиҳад, ҷоизаи вижаи “Садди эман”-ро дар Чин ба худ ихтисос додааст.

Бар асоси иттилоъи Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, баландии садди обанбори Роғун 335 метрро ташкил хоҳад дод ва он яке аз балантарин саддҳои нерӯгоҳҳои обӣ дар минтақа хоҳад буд.

Коршиносон мегӯянд, ки дар даврони Шӯравӣ мутахассисон дар бунёди таъсисоти арсаи энержӣ, бавижа дар манотиқи кӯҳистонӣ, аҳаммияти зиёде ба амнияти онҳо қоил буданд.

Ба гуфтаи онҳо, бо дарназардошти минтақаи зилзилахез будани Тоҷикистон бунёди садди обанборҳо таҳти кунтрули шадиди мутахассисони варзида қарор дошт.

Вале ахиран тарҳҳои бузурги арсаи энержӣ дар заминаи бунёди нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон нигарониҳои мақомоти Ӯзбакистонро аз хатароти ношӣ аз харобии садди обанборҳо ба бор овардааст.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.