Advertisement
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 28 Октябр соли 2009 - 11:38

Зардчӯба "селулҳои саратониро мекушад"

Донишмандон нишон додаанд, ки модае шимиёӣ дар адвияи зардчӯба вуҷуд дорад, ки метавонад селулҳои саратониро нобуд кунад.

Аз дер боз тасаввур мешавад, ки ин мода мавсум ба "куркомин" (куркума) хосияти шифобахш дорад ва ҳамакнун озмоишҳое бар рӯйи он ба унвони доруе барои муъолиҷаи артроз ва ҳатто фаромӯшӣ дар ҳоли анҷом аст.

Озмоишҳои тоза тавассути тиме дар "Маркази таҳқиқоти сартони Курк" нишон медиҳад, ки ин мода метавонад селулҳои саратони сурхнойро дар озмоишгоҳ нобуд кунад.

Мутахассисони саратон гуфтанд, ки ин ёфтаҳо, ки дар нашрияи "Журноли саратони Бритониё" тасреҳ шудааст, метавонад дар ёфтани муъолиҷоти тоза ба пизишкон кумак кунад.

Дуктур Шарон Макно ва тими таҳти сарпарастии ӯ дарёфтанд, ки куркомин ё зардчӯба зарфи чиҳилу ҳашт соъат пас аз вуруд ба бадан шурӯъ ба куштани селулҳои саратонӣ мекунад.

Зардчӯба боъиси ирсоли аломатҳои маргбори селулӣ шуд ва селулҳо шурӯъ ба ҳазми худ карданд.

Дуктур Макно гуфт: "Донишмандон аз муддатҳо қабл медонистанд, ки таркибҳои табиъӣ ба таври билқувва тавони муъолиҷаи селулҳои маъюберо, ки саратонӣ шудаанд, доранд ва мо бӯ бурда будем, ки зардчӯба мумкин аст хосияти дармонӣ дошта бошад."

Дуктур Леслӣ Вокер, мудири Иттилоъоти саратон дар муассисаи таҳқиқоти саратони Бритониё гуфт: "Ин як таҳқиқи ҷолиб аст, ки ин имконро эҷод мекунад, ки шояд битавон маводди шимиёии табиъии мавҷуд дар зардчӯбаро ба доруе ҷадид барои муъолиҷаи саратони сурхной табдил кард."

Ӯ афзуд: "Мизони ибтило ба саратони сурхной аз даҳаи 70 то кунун беш аз 50 дарсад боло рафтааст ва тасаввур мешавад, ки ин вазъ ба афзоиши мизони чоқӣ, масрафи алкул ва бемории турш кардан марбут бошад, бинобар ин ёфтани роҳҳое барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ низ муҳим аст."

Ҳар сол мубтало будани ҳудуди 7800 нафар дар Бритониё ба саратони сурхной ташхис дода мешавад. Ин саратон шашумин омили марги ношӣ аз саратон аст, ки ҳудуди панҷ дарсади қурбониёни саратон дар Бритониёро дар бар мегирад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.