
Инфиҷори Пешовар беш аз ҳаштод кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузоштааст
Инфиҷор дар шимол-ғарби Покистон дастикам ҳаштод кушта барҷой гузоштааст.
Рӯзи чаҳоршанбе, 28 октябр, як худрави бумбгузоришуда дар як бозори пуриздиҳом дар шаҳри Пешовар, маркази иёлати шимол-ғарби Покистон, мунфаҷир шуд ва ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, дастикам ҳаштод нафарро кушта ва теъдоди номаълумеро захмӣ кардааст.
Манобеъи бемористонӣ дар Пешовар шумори захмиҳои ин инфиҷорро беш аз яксаду панҷоҳ нафар гузориш кардаанд.
Бозори маҳалли инфиҷор умдатан ба фурӯши колоҳои махсуси занон ихтисос дошт ва дар натиҷа, аксари қурбониёни ин бумбгузорӣ занон будаанд.
Бар асоси гузоришҳои расида, вуқӯъи ин инфиҷор боъиси оташсӯзӣ дар фурӯшгоҳҳои наздики маҳалли бумбгузорӣ шуд ва як сохтмон низ ба таври комил фурӯ рехт.
Тасовири телевизиюнӣ маъмурони имдод ва афроди маҳаллиро нишон медиҳад, ки барои наҷоти касоне ки мумкин аст зери овор монда бошанд, талош мекунанд.
Ҳанӯз ҳеҷ шахс ё гурӯҳе масъулияти ин бумбгузориро бар уҳда нагирифта, аммо эҳтимол меравад, ки Толибони покистонӣ ин бумбгузориро анҷом дода бошанд.
Аз оғози моҳи октябри соли ҷорӣ, амалиёти Толибон дар манотиқи мухталифи Покистон шиддат гирифта ва дар ҷараёни он то кунун ҳудуди дусад нафар кушта шудаанд.
Ҳодисаи бумбгузорӣ дар Пешовар бо сафари Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико, ба Покистон ҳамзамон будааст.
Вокуниши Клинтун
Пас аз интишори ахбори ин воқеъа, хонум Клинтун дар як конфронси хабарӣ дар Исломобод, пойтахти Покистон, гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дӯш ба дӯши Покистон дар мубориза бо "гурӯҳҳои ифротӣ ва бераҳм" ширкат мекунад.

Вай афзуд, ки Покистон дар муқобила бо гурӯҳҳои тундрав, ки мардуми бегуноҳро ба қатл мерасонанд ва оромиши онҳоро барҳам мезананд, танҳо нахоҳад монд.
Ангезаи сафари Ҳилорӣ Клинтун ба Покистон ибрози нигаронии давлати Иёлоти Муттаҳида дар мавриди ташдиди амалиёти гурӯҳҳои тундрав дар Покистон будааст.
Бумбгузории рӯзи чаҳоршанбе дар ҳоле гузориш мешавад, ки артиши Покистон ба амалиёти таҳоҷумии худ алайҳи афроди мусаллаҳи Толибон дар манотиқи қабиланишини Вазиристони Ҷанубӣ идома медиҳад.
Ин амалиёт аз ҳафтаи гузашта ва ба манзури берун рондани афроди мусаллаҳи Толибон аз яке аз марокизи аслии таҳти тасаллути ин гурӯҳ дар хоки Покистон оғоз шуд ва ҳамчунон идома доштааст.
Пеш аз оғози ин амалиёт, Толибони покистонӣ ҳушдор дода буданд, ки ба талофии кушта шудани Байтуллоҳ Маҳсуд, раҳбари собиқи гурӯҳ, амалиёти худ дар тамомии нуқоти Покистонро шиддат хоҳанд бахшид.
Байтуллоҳ Маҳсуд дар моҳи августи соли ҷорӣ зоҳиран дар ҳамлаи як фарванд ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоӣ ба маҳалли иқомати ӯ кушта шуд ва Ҳакимуллоҳ Маҳсуд ба ҷои ӯ раҳбарии ин гурӯҳро бар уҳда гирифт.
Бархе нозирон Ҳакимуллоҳ Маҳсудро бамаротиб тундравтар аз Байтуллоҳ тавсиф кардаанд.
© MMIX