Advertisement
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 28 Октябр соли 2009 - 06:12

Дабири кулли СММ ҳамлаи Кобулро маҳкум кард

кобул

Толибон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтаанд

Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ҳамлаи Толибон дар Кобул, пойтахти Афғонистонро, ки боъиси кушта шудани шаш корманди ин созмон шуд, маҳкум кардааст. Вай ин ҳамларо "такондиҳанда" ва "бешармона" тавсиф кардааст.

Аммо оқои Бон гуфтааст ин ҳамла Созмони Миллалро аз иҷрои рисолаташ дар Афғонистон боз нахоҳад дошт.

Оқои Бон ваъда дод, ки равишҳои амниятӣ дар Афғонистонро мавриди бознигарӣ қарор хоҳад дод ва ҳама гуна тадобири заруриро ҷиҳати ҳимояти кормандони Созмони Миллал рӯи даст хоҳад гирифт.

Кай Айде, раиси дафтари Созмони Миллал дар Афғонистон гуфт: "Ин рӯзи тирае буд."

Оқои Айде гуфт, наметавонад дар бораи тааллуқи қурбониёни ин ҳамла ба кишваре ҷузъиёт ироа кунад, агарчи сафорати Омрико таъйид кардааст, ки яке аз кушташудагон омрикоӣ будааст.

Андерс Фог Расмусен, дабири кулли НАТО низ ин ҳамларо маҳкум кардааст.

Ӯ гуфтааст: "Қурбониёни ин ҳамлаи терруристӣ фидоиёни кумак ба мардуми Афғонистон барои эъмори зиндагии беҳтар буданд. Толибон бо ҳадаф қарор додани онҳо бори дигар нишон доданд, ки онҳо душманони воқеъии мардуми Афғонистон ҳастанд."

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт ин ҳамла "як рафтори ғайриинсонӣ" буд.

Сафорати Омрико дар Афғонистон гуфтааст аз ин ҳамла "такон хурдааст ва ғамгин" аст.

Сафорати Омрико афзудааст: "Ҳамла ба кормандони ғайринизомӣ азми мо барои кумак ба мардуми Афғонистон ва раванди интихоботи онҳоро коҳиш нахоҳад дод."

Созмони Миллали Муттаҳид ва мақомоти амниятии Афғонистон таъйид кардаанд, ки шаш корманди хориҷии Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳамлаи мардони мусаллаҳ ба як меҳмонхона дар Кобул, пойтахти Афғонистон кушта шудаанд.

Мардони мусаллаҳ субҳи зуд як меҳмонхонаро дар шаҳри Кобул мавриди ҳамла қарор дода ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд. Ин афрод пас аз чандин соъат даргирии пулис кушта шуданд ва вазорати дохила мегӯяд вазъият дубора ба ҳолати оддӣ бозгардонда шудааст.

Дар ин даргирӣ ҳадди ақал ду маъмури амниятӣ ва як шаҳрванди афғон низ кушта ва 9 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бар асари ҳамлаи мардони мусаллаҳ ба меҳмонхонае дар маркази Кобул ҳадди ақал шаш корманди Созмони Милал ҷон бохтаанд.

Намояндаи вазорати дохилаи Афғонистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ҷараёни ин ҳамла ҳадди ақал панҷ нафари дигар захмӣ шудаанд.

Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифта ва гуфтаанд, ки мавҷе аз ҳамалотро барои халал ворид кардан дар раванди баргузории интихоботи Афғонистон дар ҳафтуми ноябр тарроҳӣ кардаанд.

Инфиҷор ва табодули оташ

Ба гуфтаи пулиси Кобул, соъати шаши субҳ ба вақти маҳаллӣ дар меҳмонхонае дар маркази Кобул, ки аз сӯйи СММ истифода мешавад, се ҷангӣ бо камарбанди маводди мунфаҷира ворид шудаанд.

Ин меҳмонхона дар минтақаи Шаҳринави Кобул мавқеъият дорад; маҳалле, ки дар гузашта шоҳиди чунин ҳамалоте набудааст.

Бо оғози ҳамалот садои инфиҷорҳои шадид ва пас аз он табодули оташ дар меҳмонхонаи Созмони Милали Муттаҳид ба гӯш расида ва сипас, дуди ношӣ аз вуқӯъи инфиҷорҳо фазои маҳалли ҳамларо фаро гирифт.

Бино ба иттилоъи расида, меҳмонхонаи Серена, ки дар паҳлуи қасри раёсати ҷумҳурӣ дар шаҳри Кобул воқеъ аст, аз гранатомёт ё рокетандоз тирборон шудааст.

Дар ин меҳмонхона, умдатан диплумотҳо ва кормандони созмонҳои байналмилалӣ ба сар мебаранд.

Ба дунболи тирандозӣ ҳудуди 100 нафар аз меҳмонхонаи Серена ба мавзеъи амн мунтақил шудаанд.

Меҳмонхонаҳое, ки аз сӯйи хориҷиҳо дар Кобул истифода мешавад, умдатан тадобири амниятии вижае доранд, аммо ба назар мерасад ҳамлаи мардони мусаллаҳ ба ин меҳмонхона дар субҳи зуд, нерӯҳои амниятиро дар он ғофилгир кардааст.

Гузоришҳо ҳокист, ки бархе аз қурбониёни ин ҳамла, кормандони умури интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар моҳи оянда будааанд.

Толибон дар тамос бо расонаҳо гуфтаанд, ки "чандин худкушҳои Толибон (бумбгузорони интиҳорӣ) чанд тан аз кормандони Созмони Милалро дар Кобул ба гаравгон гирифтаанд".

Бино ба гузоришҳо, дар даври аввали ин интихобот дар Афғонистон мавориди фаровони тақаллуб ба нафъи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии феълии ин кишвар сабт гардидааст.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.