
Дар конфаронси Маскав муборизаи муштарак алайҳи ВИЧ/СПИД матраҳ шудааст
Роҳҳои муборизаи муштарак алайҳи ин амроз дар Урупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз аҳдофи аслии Конфаронси сеюми байналмилалӣ дар масоили Эйч-ой-ви (ВИЧ) ва бемории ЭЙДЗ (СПИД) дар Маскав унвон шудааст.
Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи чаҳоршанбеи 28 октябр ифтитоҳ шуд, 2500 намоянда аз 60 кишвари ҷаҳон ва 250 нафар мубталоёни вируси ВИЧ ширкат мекунанд.
Ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии Аъзам Мирзоев, муъовини вазири тандурустии Тоҷикистон низ ба манзури ширкат дар ин ҳамоиш ба шаҳри Маскав рафтааст.
Дар назар аст, дар конфаронс вазъи феълӣ ва пешбинии шуюъи Эйч-ой-ви (ВИЧ) ва бемории ЭЙДЗ (СПИД) дар Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ ва Урупои Шарқӣ ва тадобири муқаддамотӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши домани ин эпидемӣ матраҳ шавад.
Лариса Шойгу, узви Кумитаи Думои давлатии Русия дар умури беҳдошт дар маросими ифтитоҳи конфаронс гуфтааст, ки дар солҳои ахир сармоягузорӣ барои мубориза бо вируси ВИЧ дар Русия даҳҳо баробар афзоиш ёфтааст.
Хонуми Шойгу таъкид кардааст, ки барои барномаи мубориза алайҳи Эйч-ой-ви (ВИЧ) ва ЭЙДЗ (СПИД) барои солҳои 2011ва 2012 аз будҷаи давлати Русия 19 милёрд рубл ихтисос шудааст.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар соли гузашта дар Русия ҳудуди 55 ҳазор мубталоёни ҷадиди вируси ВИЧ сабт шуда ва теъдоди умумии мубталоёни ин мараз дар ин кишвар 300 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Вале манобеъи ғайрирасмӣ, теъдоди воқеъии мубталоёни ин мараз дар Русияро болиғ бар 1 милюн нафар ё ҳудуди як дарсади ҷамъияти бузургсоли ин кишвар тахмин задаанд.
Дар ин ҳамоиш таъкид шудааст, ки 65 дар сади мавориди ибтило ба вируси Эйч-ой-ви (ВИЧ) аз тариқи сӯзандоруи маводи мухаддир сурат гирифтааст ва аз ин лиҳоз, кишварҳои минтақа бояд талошҳои худро барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва Урупои Шарқӣ ҳамоҳанг кунанд.
Коршиносни байналмиллалии дар хусуси қавонини Русия изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо ин қонунҳо монеъи иҷрои талошҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши Эйч-ой-ви (ВИЧ) мешаванд.
Қавонини Русия иҷоза намедиҳанд, ки ба муътодони мухаддир маводе аз қабили метадон, ки назар ба ҳеруин таъсири камтар дорад, тавзеъ шавад.
Аммо Геннадий Онитшенко, Сарпизишки санитарӣ ё беҳдории Русия мудовои истеъмолкунандагони маводи мухаддир тавассути муолиҷаи метдонӣ ё рӯ овардани тадриҷӣ аз маводи мухаддири сахттаъсир ба мисли ҳеруин ба маводи мухаддири камтаъсирро барои Русия ғайри қобили қабул хондааст.
Зимнан, ин навъи мудовои истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар кишварҳои Урупо роиҷ буда ва аз васоили муассири мудовои муътодон дониста мешавад.
Аз сӯйи дигар, оқои Онитшенко, илали дигари густариши домани вируси ВИЧ дар минтақаро ба муҳоҷирони корӣ марбут хондааст.
Ба эътиқоди ӯ, бештари муҳоҷирон дар мавриди ин мараз иттилоъи кофӣ надоранд, гирифтори бемориҳои мусрӣ ҳастанд ва маъмулан ба равобити номатлуби ҷинсӣ даст мезананд.
Зимнан, масъулони Маркази мубориза бо гирифторӣ бо Эйч-ой-ви (ВИЧ) ва бемории Эйдз (СПИД)-И Тоҷикистон низ муҳоҷирони кориро аз ҷумлаи омилони афзоиши вируси Эйч-ой-ви (ВИЧ) хонда ва дар миёни муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва хонаводаҳои онҳо дар мавриди хатароти вируси ВИЧ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин мараз корҳои таблиғотиро рӯйи даст гирифтаанд.
Тибқи иттилоъи вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон ҳоло ҳудуди 500 ҳазор тан аз атбоъи тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус, Русия кор ва зиндагӣ мекунанд.
Вале манобеъи ғайрирасмӣ, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷикро болиғ ба 1 милюн нафар гуфтаанд. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи Маркази мубориза бо вируси Эйч-ой-ви (ВИЧ) ва бемории Эйдз (СПИД) -и Тоҷикистон теъдоди мубталоёни вируси Эйч-ой-ви (ВИЧ) дар ин кишвар ба 1600 нафар расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта ҳудуди 300 нафар бештар будааст.
Вале масъулони дафтари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоди воқеъии гирифторони вируси ВИЧ дар ин кишвар аз арқоми расмӣ даҳ баробар бештар хоҳад буд.
© MMIX